Гурӯҳи кории СММ ва Ҳукумати Тоҷикистон "ҳазорон" нопадидшавиро таҳқиқ мекунанд
Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар поёни сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистон бо нашри изҳороти матбуотӣ гуфт, ки “коршиносон натавонистанд маълумоти расмиро ба даст оваранд”, дар ҳоле, ки, ба қавли ин коршиносон, “ҳазорон нафар” нопадидшуда боқӣ мемонад.