Бештар ва бенавотар: Оё иқтисоди Тоҷикистон афзоиши бошиддати аҳолиро мебардорад?
Таҳлилгарон мегӯяд, рушди босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон бе низоми қавии маориф ва нерӯи кории соҳибихтисос дар оянда бӯҳрони амиқеро барои кишвар пеш хоҳад овард. Вале коршиносони наздик ба ҳукумат бовар доранд, ки сиёсати демографии давлат хуб роҳандозӣ шуда, ҳамаи равандҳо зери назоратанд.