Қасди худкушии хонандаи 12-солаи узбек дар пайи фишори раҳбари синф
Дар Узбекистон хонандаи синфи 6-уми мактаби рақами 50-и шаҳраки Даштободи вилояти Ҷиззах Эзозахон Сидиқова моҳи июни соли равон ба ҷони худ қасд кардааст. Модари хонанда Шаҳодат Ҳайдарова мегӯяд, духтараш дар пайи фишорҳои раҳбари синфи худ шабона дар манзилашон як қуттӣ доруи хобро хурда, қасди худкушӣ кард.
"Субҳ қуттии доруи хобро дар рӯи миз холӣ дидам ва ба тарафи рахти хоби духтарам давидам, ки беҳуш хоб буд. Ӯро зуд бо мошини ҳамсоя ба беморхона бурдем ва онҷо меъдаашро шӯстанд. Дар беморхона як ҳафта бистарӣ шуд",-афзуд Ҳайдарова.
Зан дар қасди худкушии духтараш раҳбари синфи ӯ Рано Қодироваро айбдор мекунад. Ба гуфтаи вай, Қодирова гӯё пас аз он ки Эзозахон барои таъмири синфхона пул набурд, ӯро таҳти фишор қарор додааст.
Равоншиноси мактаби рақами 50 суханҳои Ҳайдароваро дар бораи қасди худкушии духтараш тасдиқ кард. Вале гуфт, на раҳбарияти мактаб ва на раҳбари синфи Сидиқова ба ӯ хабар надоданд, ки хонанда се моҳ мешавад, дар дарсҳо ҳузур надорад.
Рано Қодирова бо радди суханҳои Ҳайдарова гуфт, дар қасди худкушии хонанда худро гунаҳкор намеҳисобад.
Дар идораи маорифи Даштобод гуфтанд, раҳбарияти мактаб ва омӯзгорро барои қасди худкушии хонанда муҷозот карданд.