Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2019

Новости за 28.03.2019



Матбуот: Сооронбай Ҷеенбеков ба Владимир Путин аспу саг тақдим кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 28 март президенти Русия Владимир Путин бо як сафари давлатӣ аз Қирғизистон дидан кард. Дар ин сафар президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба ӯ як асп ва саги зотӣ тақдим намуд. Бахши Қирғизии Радиои озодӣ бо такя ба ТАСС менависад, ки асп аз зоти «Орлов» буда, саг аз зоти тайган ё «саги қирғизӣ» будааст. Соли 2017 ҳам зимни мулоқоти Путин бо раиси ҷумҳурии собиқ Алмосбек Отамбоев дар Бишкек, ба раҳбари Русия як асп тақдим шуд.

Маскав: "Сарбозони рус дар Венесуэла хатар надоранд"

Ozodi.org 

Маскав гуфт, ки омадани сарбозони рус ба Венесуэла ба касе хатар надорад. Ин изҳорот дар посух ба талаби президенти ИМА Доналд Трамп аз Русия аст, ки  гуфт, нирӯҳоро аз ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ берун кунад, вагарна “ҳама  имкониятҳо рӯи даст аст”. Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 28 март ба хабарнигорон гуфт, ки  “Русия тавозуни қудрат дар минтақаро вайрон намекунад ва ба фарқ аз Вашингтон, ба касе таҳдид надорад”. Захарова гуфт, ки бар пояи як созиши ҳамкориҳои низомӣ... Читать дальше...

Мушкили бебарқӣ ҳанӯз идома дорад

Ozodi.org 

Масъулини "Барқи тоҷик" ба сокинон ваъда дода буданд, ки то Наврӯз мушкили бебарқӣ ҳал мешавад, вале ҳамоно ин мушкил боқӣ мондааст ва касе шарҳ намедиҳад, ки кай мардум аз бебарқӣ халос хоҳанд шуд. Шикоятҳо аз қатъи нерӯи барқ на танҳо дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе, балки дар аксар минтақаҳои кишвар миёни сокинон садо медиҳад. Маҳдудияти нерӯи барқ дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи март оғоз шуд.

Хориҷиҳо аз ҳақи дар кор Ёқутистон маҳрум шуданд

Ozodi.org 

Раҳбари минтақаи Саха-Ёқутистон қарореро ба имзо расонд, ки бар асоси он ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар даҳҳо бахшҳои иқтисоди ин ҷумҳурӣ манъ мешавад. Ин қарор баъди он содир шуд, ки ҳодисаи эҳтимоли таҷовуз шудани як зани маҳаллӣ аз ҷониби муҳоҷире аз Осиёи Марказӣ боиси нооромиҳо дар минтақа шуд. Айсен Николаев дар  қарораш аз рӯзи 28 март, ки дар вебсайти ҳукумати маҳаллӣ нашр шуд, кори хориҷиҳоро дар 33 бахши иқтисоди маҳаллӣ, аз ҷумла, тиҷорат, нақлиёти ҷамъиятӣ, ғизо, сохтмон... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз рӯзи 28-уми марти соли 2019

Ozodi.org 

Бедодгарии тарма ва сел дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, Лимити барқ зиндагии модарону кӯдаконро сахт кардааст, Омили марги сарбоз аз Деваштич ба зиндон маҳкум шуд, Раҷаб Тайиб Эрдуғони 20-сола раис шудан мехоҳад, Чаро театри тоҷик аз сиёсат мегурезад? Гулзорҳои мафтункунанда ва хатарноки Калифорния.



"Наврӯз гузашт, ҳанӯз бебарқем мо". ВИДЕО

Ozodi.org 

"Ваъда карданд, ки то Наврӯз барқро медиҳем, хурсанд шудему интизор будем, аммо надоданд. Дар маҳалли мо корҳои таъмирию профилактикӣ нагузаронидаанд ва ба ин бовар надорам, ки қатъи нерӯи барқ анҷоми чунин корҳо бошад. Ҳар шаб соати 22 барқро хомӯш мекунанд, акнун кӣ бовар мекунад, ки нисфи шаб корҳои таъмирию профилактикӣ анҷом мешавад?",-мегӯяд Мирзоумар Раҷабов, як сокини маҳаллаи Зафари ноҳияи Рӯдакӣ. Деҳаи Зафари ноҳияи Рӯдакӣ дар шафати маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва мисли аксар шаҳру ноҳияҳо бо реҷа барқ мегиранд. Читать дальше...

Путин барои тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ба Қирғизистон рафт

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин бо як сафари якрӯза вориди Бишкек шуд. Ҳадафи аслии ин сафар тавсеаи ҳамкориҳои низомиву ҳарбии Русияву Қирғизистон аст. Дар ҷараёни сафар Путин бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков низ дидору гуфтугӯ кард

Тарма дар Сангвор 10 хонаро вайрон ва 100 чорворо кушт

Ozodi.org 

Бар асари кӯчиши тарма дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), шарқи Тоҷикистон наздики даҳ хона тахриб ва ҳудуди сад чорвои сокинон талаф ёфтааст. Сокинони деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор рӯзи 28-уми март гуфтанд, ки шаби гузашта тарма аз болои деҳа ба поён ҳаракат карда, роҳу хати барқро тахриб кард ва ба боғҳову чорпои онҳо зиён расонд.

Сафари Путин ба Бишкек: созишномаи пойгоҳи низомӣ такмил шуд

Ozodi.org 

Дар ҷараёни боздиди президенти Русия Владимир Путин аз Қирғизистон, ҷонибҳо ба созишнома дар бораи пойгоҳи муштараки низомӣ тағйирот ворид карданд.  Дар протоколи тағйирот ба созишнома, ки дар вебсайти маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳудудҳои муассисаҳои ҷойгир дар пойгоҳ тавсеа ёфта, қоидаҳои истифода аз дастгоҳҳои бидуни сарнишин ҷорӣ мешавад. Инчунин, маблағи иҷораи пойгоҳ аз 4,5 миллион доллар ба 4,79 миллион доллар афзоиш меёбад. Оҷонсии русии ТАСС менависад, ки ҳудудҳои пойгоҳ то 60 гектар тавсеа меёбад. Читать дальше...

Помпео гуфт, ки базудӣ зидди Русия тадбирҳои нав гирифта мешаванд

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео изҳори умедворӣ кард, ки ИМА ва муттафиқони дигари ғарбӣ дар рӯзҳои наздик метавонанд тадбирҳои иловагиро дар муқобили таҷовузи Русия ба Украина рӯи даст бигиранд. “Умедворам, ҳафтаи оянда ҳамкорони мо дар НАТО метавонанд як силсила тадбирҳоеро алайҳи Русия эълон кунанд, ки дар посух ба амалҳои ин кишвар дар Қрим ва баҳри Азову минтақа анҷом мешавад”. Ин ҳарфҳоро Помпео рӯзи 27 март дар Маҷлиси намояндагони ИМА изҳор кард. Қарор аст рӯзи 4 апрел аъзои НАТО ба муносибати... Читать дальше...

Нигарониҳо аз моҳигирӣ ба воситаи барқ дар обанборҳои Узбекистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Узбекистон фаъолони анҷумани моҳипарварон ибрози нигаронӣ доранд, ки дар обанборҳои ин кишвар ҳолатҳои моҳигирии ғайриқонунӣ, бахусус дар айёми тухмгузорӣ афзоиш ёфтааст. Аъзои "Клуби моҳигирони Тошканд" ахиран видеоеро нашр карданд, ки нишон медиҳад, бархе аз сокинон дар обанборҳои атрофи шаҳри Чирчик ғайриқонунӣ ба воситаи барқ бо моҳигирӣ машғуланд. Дар ин бора рӯзи 27 март бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.  Узви маҳфили мазкур Ғайрат Акбаров мегӯяд, солҳои ахир моҳигирӣ ба воситаи дастгоҳҳои барқӣ афзоиш ёфтааст. Читать дальше...

Порлумони Бритониё ҳашт роҳи хуруҷ аз Аврупоро рад кард

Ozodi.org 

Порлумони Бритониё ҳеч кадом аз ҳашт роҳи хориҷшавии ин кишварро аз узвияти Иттиҳоди Аврупо қабул накард. Вакилони порлумон баъди он чунин раъйдиҳиро рӯи даст гирифтанд, ки ду маротиба пешниҳодҳои ҳукумати сарвазир Тереза Мэй дар робита ба баромадан аз Иттиҳоди Аврупо қабул нагардид. Пешниҳоди боқӣ мондан дар иттиҳоди гумрукӣ бо Иттиҳоди Аврупо, баъди бурунрафт аз ин созмон, раъйи бештар овард. Аммо ин пешниҳод ҳам раъйи аксарияти вакилонро соҳиб нашуд. Ба ҷонибдорӣ аз раъйпурсии такрорӣ 268 вакил... Читать дальше...

Порлумони Аврупо истифодаи зарфҳои пластикиро манъ кард

Ozodi.org 

Порлумони Аврупо лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он сар аз соли 2021 дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти пластикии якдафъаина манъ мешавад. Дар ин бора рӯзи 27 март сомонаи порумони Аврупо хабар дод. Ба иттилои Комиссияи Аврупо, 85 дарсади партови уқёнусҳо аз маводи пластик иборат аст. Нисфе аз ин маҳсулоти пластик барои истифодаи якдафъаина сохта шудаанд. Бино бар қонуни қабулшуда, то соли 2029 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд ҷамъоварии 90 дарсадии зарфҳои пластикӣ барои коркарди дубора таъмин шавад. Читать дальше...

Боздошти як фаъоли Бишкек бо шиори "Путин – ишғолгар"

Ozodi.org 

Рӯзи 27 март дар назди сафорати Русия дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли ҷамъиятиеро боздошт карданд, ки зидди сиёсатҳои президенти Русия Владимир Путин эътироз мекард. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова, фаъоли ҷамъиятӣ Нурлан Каримшаков дар даст шиорҳои "Путин - хушунаткор", "Ишғолгар", "Қотил" ва "Мо ба пойгоҳи низомӣ ниёз надорем" дошт. Карасартова мегӯяд, боздоштшуда дар даъват ба адовати миллӣ айбдор мешавад. Мақомот манзили ӯро кофтукоб кардаанд. "Пулис бо такя ба назари коршиносон хулоса кард... Читать дальше...

Оташи чоҳи нафти Каламкаси Қазоқистон хомӯш шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати энержии Қазоқистон хабар дод, ки оташи чоҳи нафти Каламкаси вилояти Мангистау хомӯш шуд. Ин оташ беш аз се шабонарӯз сӯхт. Дар ин бора рӯзи 28 март сухангӯи вазорати энержӣ Нурилбек Женисбек хабар дод. Ба гуфтаи вай, оташ дар қубури партоби газ сар зада буд. Сӯхтор дар чоҳи нафти Каламкас 25 март шуруъ шуд. Ба иттилои расмӣ, партоби газ 13 март сурат гирифта буд. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомот навиштанд, ки хуруҷи нафт пештар аз ин мушоҳида нашудааст. Мақомот 24 март гуфтанд... Читать дальше...

Додгоҳ як сарбозро барои марги ҳамхизматаш 4 сол аз озодӣ маҳрум кард

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро ба "вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ", ки боиси ҳалокати як ҳамхизматаш шуд, айбдор намуд ва ӯро барои чаҳор сол равонаи зиндон кард.

Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ

Ozodi.org 

Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ баргузор шуд. Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, дар рақобатҳои ниҳоӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ ғолибони марҳилаи интихобӣ, ки дар ду давр дар сатҳи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо доир гардид, ширкат варзиданд. Варзишгарон дар мусобиқот оид ба гуштии озод, ки рӯзҳои 21-22-юми март доир гардид, аз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо рақобат карданд. Дар нӯҳ... Читать дальше...

Як мансабдори пешин бори даҳум ба заминфурӯшӣ айбдор шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи Хуҷанд як мансабдори собиқи идораи замини ҳукумати ин шаҳрро бори 10-ум барои заминфурӯшӣ ва обу лой кардани садҳо ҳазор сомонӣ пули сокинон айбдор донист ва ҳамроҳи як миёнарав ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ паси панҷараи зиндон фиристод.

Спорт в России и мире
Москва

В Московской области прошел чемпионат Центрального округа Росгвардии по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Самсонова победила Осаку и вышла в третий круг турнира WTA 1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Huawei представила IDS на 26-м Всемирном энергетическом конгрессе





Путин в России и мире
Москва

Эксперт: корректировка порогов крупного и особо крупного ущерба по экономическим статьям оправдана и своевременна


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Денис Мацуев

Денис Мацуев выступит на фестивале "Владивостокские сезоны" в рамках ВЭФ-2024



Москва

Утренние пробки в Подмосковье составили 4 балла 27 апреля

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net