123ru.net
World News in Tajik
Март
2019

Новости за 19.03.2019

Назарбоев гуфт, аз мақомаш меравад, вале бо мардум мемонад

Ozodi.org 

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Ӯ 30 сол дар cари қудрат буд. Назарбоев шоми 19-уми март дар як муроҷиати телевизионӣ гуфт, раиси порлумон Қосимҷомарт Тоқаев муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро ба ӯҳда мегирад.

Наврӯзи модарон бо ёди азизони раҳдур

Ozodi.org 

Дар ҷашни Наврӯз Фотима Воҳидова аз ноҳияи Данғара ҳамсояву дӯстонашро сари хони идона даъват кард. Ин модар 5 сол мешавад, ки ду писари ноновари хонаашро надидааст. Модарони деҳа дар сари хони наврӯзӣ ёди азизони муҳоҷири худро мекунанд.



Назарбоев: Аз расидан ба қудрат то эълони истеъфо

Ozodi.org 

Нурсултон Назарбоев соли 1989 котиби якуми ҳизби он замон яккатози коммунисти Қазоқистон ва соли 1990 дар порлумон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ӯ 30 сол дар қудрат буд. Рӯзи 19-уми марти имсол истеъфо дод. Видео бо забони русӣ аст.

Нурсултон Назарбоев истеъфо дод. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як изҳороти телевизиониаш рӯзи 19 март эълон кард, ки салоҳиятҳои худро дар вазифаи президенти кишвар канор мегузорад.

Брайан Ҳук: эрониҳо ҷойи кор мехоҳанд, на лаънат хондан ба Амрико

Ozodi.org 

Дипломати баландпояи ИМА ба президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки  ба ҷойи даъвати эрониҳо барои лаънат хондан ба Амрико, дар заминаи иқтисоди фалаҷ, онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад. Рӯзи сешанбе дар номае бо забони форсӣ дар твиттер Брайан Ҳук, намояндаи вежаи ИМА дар умури Эрон, ки гоҳо ба изҳороти мақомоти баландпояи ин кишвар посух медиҳад, навишт: "Дар посух ба иқтисоди фалаҷ Рӯҳонӣ аз мардуми Эрон даъват кард, ки ба Ийолоти Муттаҳида, Исроил ва Арабистони Саудӣ лаънат фиристанд! Бо рӯ овардан... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 19-уми марти соли 2019

Ozodi.org 

Роҳи Исфара-Ворух боз шуд Аз хабарнигорон хостанд, ба ҷанҷол доман назананд Сафири Амрико аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ситоиш кард Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз шиканҷа чораи нав меандешанд.

Эрдуғон гуфт, Эрон ба амалиёти мусаллаҳона алайҳи Курдҳо ҳамроҳ шуд

Ozodi.org 

Анқара дубора иддао кард, ки Туркия ва Эрон алайҳи курдҳои ҷудоиталаб якҷо амалиёти низомӣ пеш мебаранд, дар ҳоле, ки матбуоти нимарасмии Эрон бо такя ба низомиён ин иддаро рад мекунад. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 18 март гуфт, ки амалиёт ҷангиёни Ҳизби мамнуъи  Коргарии Курдистонро ҳадаф қарор медиҳад. Эрдуғон афзӯд, ки ин аввалин амалиёт аст амалиёт аст ва изҳори умед кард, ки чунин рисолат дар оянда низ анҷом шавад. Шабакаи телевизиони Туркия аз қавли вазири умури дохилии ин кишвар гуфт... Читать дальше...

Роҳи Ворух-Исфара боз шуд

Ozodi.org 

Дар паи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 18 март дар Ворух роҳҳои мошингард дар самти Ворух-Исфара (Тоҷикистон) ва Ботканд-Лайлак (Қирғизистон) боз шуданд. Пеш аз боз шудани роҳҳо, раҳбарони маҳаллии деҳоти Ворух ва Оқсой дар марзи ду нуқтаи ҷуғрофӣ рӯбарӯи ҳам омада, бори дигар ба зарурати пойдории сулҳу субот дар минтақа таъкид карданд.

Вазорати дифоъ:Толибон 58 сарбози амниятиро асир гирифтанд

Ozodi.org 

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ҷангиёни Толибон 58 сарбози нерӯҳои давлатиро, ки дар ҷараёни даргирии дурӯза қаламрави Туркманистонро убур карданд, асир гирифтанд.  Нерӯҳо ҳудудан ду ҳафта пеш дар ноҳияи Бала Марғоби вилояти Бодғиз, ҳаммарз бо ин кишвари Осиёи Марказӣ,  ба ҳамлаи Толибон рӯ ба рӯ шуданд.  Вазорат изҳороташро дар ҳоле нашр кард, ки гузоришҳо аз даргириҳо дар Бала Марғоб рӯзҳо боз пахш мешуданд.  "Мутаассифона, 58 сарбози нерӯҳои марзбонӣ аз тарафи душманон боздошт шуданд",-... Читать дальше...

Иттиҳодияи Аврупо озодии оҷили Аюб Титиевро талаб кард

Ozodi.org 

Иттиҳодияи Аврупо талаб кард, ки  раҳбари бахши созмони "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиев, ки рӯзи гузашта бо ҷурми "нигаҳдории маводи мухаддир" ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд, "оҷилан ва бидуни қайду шарт" озод шавад. Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи душанбе пахш шуд, таъкид мешавад, ки ҳукми Титиев мустақиман ба фаъолияти ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон рабт дорад ва ҳуқуқи ӯ барои мурофиаи одилона риоя нашуд.  Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун ёдовар шуд, ки то ҳол ҳеҷ нафаре барои куштори раҳбари... Читать дальше...

Сафири Қазоқистон дар Узбекистон ба дуздӣ муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Президент Нурсултон Назарбоев сафири Қазоқистон дар Узбекистон Ерик Утембоевро аз мақом барканор кард. Утембоев моҳи октябри соли 2018 бо фармони президенти Қазоқистон ба иллати гумонбарӣ дар дуздӣ муваққатан барканор шуда буд. Мақомоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон 16 октябри соли 2018 хабар доданд, ки сафири ин кишвар дар Узбекистон ба дуздии пулҳои буҷа дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар мешавад. "Ерик Утембоев ба он айбдор мешавад, ки ҳамчун шахси масъул санади сохтаи иҷрои корҳои сохтмонӣ... Читать дальше...

Гумонбари тирпаронӣ дар Утрехти Нидерландия боздошт шуд

Ozodi.org 

Пулиси Нидерландия гумонбари тирпаронии шаҳри Утрехтро, ки се кушта бар ҷой гузошт, боздошт кард. Аз ӯ шаҳрванди 37-солаи Туркия Гюкман Танис ном бурда мешавад. Тадобири амниятӣ дар Утрехт пурзӯр ва тамоми мактабу масҷидҳо зери назорат гирифта шудаанд. Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба далели амниятӣ муваққатан қатъ шуд. Ба маълумоти пулис, гумонбар дар як ҷо - дар трамвай тирпаронӣ кардааст. Пештар хабар дода шуд, ки одамон дар чанд ҷой мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Як қатор шоҳидон ҳам гуфтанд... Читать дальше...

Отамбоев расман мухолифати худро бо ҳукумати кунунӣ эълон кард

Ozodi.org 

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ), раҳбараш президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев, расман эълом кард, дар баробари ҳукумат ва президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков мавқеи мухолифро мегирад. Дар гузашта Ҷеенбеков ва Отамбоев ҳамсаф буданд ва Ҷеенбеков дар интихоботи соли 2017 аз ҲСДҚ ба президентӣ пешбарӣ ва аз сӯи Отамбоев пуштибонӣ шуда буд. "ҲСДҚ худро мухолиф эъломн кард, ки ин имкон медиҳад, мақомотро танқид ва роҳҳои дигари рушди кишварро пешниҳод намояд", - хабар дод сухангӯи... Читать дальше...


Музыкальные новости
Владимир Высоцкий

Актриса Лужина рассказала правду о романе с Высоцким





Персональные новости
Григорий Аникеев

Григорий Аникеев: «Важно заботиться о здоровье людей старшего поколения»





Шумори заҳролудшудагон дар Қазоқистон ба 45 нафар расид

Ozodi.org 

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон шумори афроде, ки эҳтимолан дар наздикии мактаби рақами 54 аз газ заҳролуд шудаанд, ба 45 нафар расид. Сардухтури беморхонаи шаҳрии Чимкент Мадина Ёрмаханбетова 19 март гуфт, 41 тани заҳролудшудаҳо хонандагони мактабанд. "Дараҷаи заҳролуд шудани ҳамаи онҳо сабук буд ва пас аз дарёфти ёрии тиббӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - афзуд ӯ. Пештар хабар доданд, ки 38 хонанда ва ду корманди мактаби рақами 54 бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз бӯи ғализе ба беморхона интиқол ёфта... Читать дальше...

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи махсуси ҷаҳонӣ 6 медал гирифтанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии олимпӣ (World Games Abu Dhabi 2019), ки дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин бозиҳо, ки дар пойтахти Иморот то рӯзи 14-уми март идома хоҳад кард, беш аз 7500 варзишгар аз 190 кишвар ширкат дорад. Ба барномаи бозиҳо 24 намуди варзиш дохил аст. Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсус дар Абу-Забӣ 5 варзишгар намояндагӣ мекунад. Онҳо дар рақобатҳо оид ба ду намуди варзиш ... Читать дальше...

Эътирози зидди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Якутски Русия

Ozodi.org 

Дар шаҳри Якутски Русия баъди таҷовузи як зан аз сӯи зодаи Осиёи Марказӣ, рӯзи душанбеи 18 март сокинони маҳаллӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Дар гирдиҳамоӣ бештар аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ, аз ҷумла раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва дигар мансабдорони баландпоя ширкат карданд. Николаев мардумро ба муттаҳидӣ ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ даъват кард. Ӯ  ваъда  дод, ки бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад буд. "Агар зарур шавад, зидди муҳоҷирон чораҳои нави маҳдудкунанда қабул хоҳем кард"... Читать дальше...

Тавсияи сафорати ИМА ба шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои таътили наврӯзӣ, аз ҳушёрӣ кор бигиранд. Дар як ҳушдори амниятии ин сафоратхона аз рӯзи 18-уми март, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-и ин ниҳоди дипломатӣ низ ба нашр расид, гуфта мешавад, ки раҳбарони гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ бо ин маъруф ҳастанд, ки афродро истихдом ва ё таҳрик мекунанд, ки бар зидди ҳар касе, ки пойбанди андешаҳои ифротии онҳо набошад, ҳамла кунанд.  Сафорат мегӯяд, ки бинобар амалкарди... Читать дальше...

Бозии "Истиқлол" ва "Хуҷанд"-ро ҳакамон аз Шри-Ланка доварӣ мекунанд

Ozodi.org 

Конфедератсиони футболи Осиё доварони бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019-ро дар гурӯҳи “D” миёни ду бошгоҳи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд - таъйин намуд. Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, ин бозиро ҳакамон аз Шри-Ланка доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Гамини Нивон Робеш сардовари бозӣ таъйин гардидааст. Ба ӯ доварони марзи майдон Веллабада Ниваҷ  Дон Санҷива Премалал ва Локу Кастботе Иран Удайяканта кӯмак мекунанд. Ҳанно Хатоб аз Сурия вазифаи довари эҳтиётиро ба зимма дорад. Читать дальше...

Нахуствазири Зеландияи Нав: "Ман ҳатто номи ин қотилро ба забон нахоҳам овард"

Ozodi.org 

Нахуствазири Зеландияи Нав мегӯяд, ҳукумати ӯ иҷозат нахоҳад дод раванди муҳокимаи ҳамлавар ба масҷиди Краистчёрч, ба фурсате барои ӯ барои таблиғи худаш ва ақидаҳояш табдил шавад.

Спорт в России и мире
Москва

Центр «ВОИН» открыл новые региональные отделения


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Карлос Алькарас снялся с турнира ATP-500 в Барселоне


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Синоптик Шувалов предсказал 30-градусную жару в Москве в мае





Путин в России и мире
Москва

Рязанские дизайнеры представили свой бренд одежды на модном показе Estet Fashion Week


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

У помощника Лукашенко по общим вопросам нашли три квартиры в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

В Киеве обвинили Зеленского в неспособности добиться нового пакета помощи от США


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

Бывшая возлюбленная Тимати сообщила о новом романе



Москва

Заммэра Москвы по строительству Бочкарёв освобожден от должности

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net