123ru.net
World News in Tajik
Март
2019

Новости за 08.03.2019

"Марвориди қиматбаҳо"-и Фархунда Файзуллоева

Ozodi.org 

Ду соли ахир Фархунда Файзуллоева ба зиндагии худ ранги дигар бахшид. Маҳфили "Марвориди қиматбаҳо"-ро, ки хеле боз орзу дошт, таъсис дод ва ҳоло 80 зани аъзои он аст. Онҳо масоили муҳими занонро матраҳ ва бо машварату роҳнамоӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Шарофиддин Гадоев: Дуздии ман ҷинояти байналмилалӣ буд

Ozodi.org 

Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифин, ки мегӯяд, аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар Маскав рабуда ва бидуни ихтиёраш ба Душанбе бурда шуд, ҳоло ният дорад мақомоти ин ду кишварро барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашад. Гадоев рӯзи 7 март ба Радиои Озодӣ мусоҳибаи ихтисосӣ дод ва порае аз он дар ин ҷо нашр мешавад. Шакли комили мусоҳиба дар фарсати наздик тақдим хоҳад шуд



CPJ аз сарнвишти занҳои рӯзноманигори зиндонӣ ёдовар шуд

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигрон, мақараш дар Ню Йорк, дар Рӯзи Байналмилалии Занон таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба сарнавишти журналистони зан ҷалб кард, ки дар робита ба фаъолиятҳои хабарнигорӣ зиндони шудаанд. Ин созмон рӯзи 8 март бо нашри як блог навишт, ки аз 251 рӯзноманигори зиндонӣ, ки моҳи декабр дар зиндон қарор доштанд, 33 нафараш зан буд.  CPJ мегӯяд, ҳади ақал яке аз онҳо - хабарнигор ва наққоши турк Зеҳра Доган, ки бо ҷурми фаъолиятҳои зиддидавлатӣ зиндонӣ шуда буд, моҳи гузашта раҳо шуд. ... Читать дальше...

Зӯҳро чӣ гуна соҳиби хона шуд? Нақли Зарангези Наврӯзшоҳ

Ozodi.org 

Зӯҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд, тассавур намекард, ки дар як рӯз зиндагии ӯ комилан дигар мешавад. Гузориш аз ҳоли Зуҳро ва фарзандони ӯ шоми 17-уми октябри соли гузашта дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд. Дар чанд соат аз ҷониби соҳибкорону муҳоҷирон ва хайрхоҳон пули як хона ҷамъ шуд. Ин гузоришро ҳамкори мо Зарангез Наврӯзшоҳ таҳия карда буд ва ҳолу ҳавои он замонро ба мо нақл кард.

Ахбори Озодӣ аз 8-уми марти соли 2019

Ozodi.org 

Баъзе занони тоҷик маҷбуранд ҳатто Рӯзи модарро дар паноҳгоҳ гузаронанд, дар Русия муҳокимаи афсарони муттаҳам бо саҳлангорӣ дар таҳқиқи қазияи куштори Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола оғоз ёфт, мусоҳиба бо Шарофиддин Гадоев ва матолиби дигар.

Даъвати СММ ба гуфтугӯи мустақими хукумати Афғонистон бо Толибон

Ozodi.org 

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба музокироти оҷил ва мустақими байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон даъват кард. Ӯ гуфт сулҳ танҳо аз роҳи "муколамаи фарогир ва дохили афғонҳо" ба даст меояд. Дар гузориш ба Шӯрои амнияти СММ, ки рӯзи 7 март пахш шуд, Гутерреш гуфт, рушди феълӣ "шояд муҳимтарин фурсат барои хотима додан ба ҷанги 17-сола бошад". Дабири кулли СММ таъкид кард, ки сулҳу субот танҳо аз роҳи музокироти байни афғонҳо ҳосил мешавад. "Ман ба оғози гуфтугӯи оҷил... Читать дальше...



Чеҳраи занони тоҷик дар мусаввараҳо

Ozodi.org 

Намоишгоҳи 30 мусаввараи инъикосгари симои зани тоҷик рӯзи 5-уми март дар Душанбе оғоз шуд. Коргар, заҳматкаш ва мубориз. Чунин аст симои аксар заноне, ки дар онҳо акс ёфтаанд.

Муборизаи се паҳлавони тоҷик дар Marrakech Grand Prix 2019

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Marrakech Grand Prix 2019), ки имрӯз, 8-уми март, дар Марокаш шуруъ шуда, то рӯзи якшанбе, 10-уми март, идома меёбад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ мекунад. Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Marrakech Grand Prix 2019 дар рақобатҳо 443 варзишгар (259 мард, 184 зан) аз 67 кишвари дунё ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се гуштигир – Беҳрӯзи Хоҷазода (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (вазни то 81кг) ва Темур Раҳимов (вазни беш аз 100 кг) - дохиланд. Читать дальше...

Дар Венесуэла ними кишвар дар торикӣ монд

Ozodi.org 

Дар пайи қатъи густардаи барқ дар Венесуэла аз 23 аёлат дастикам 8 аёлат ва ҳавзаи Каракас дар торикӣ монд. Дар ин бора нашрияи  маҳаллии El Nacional 7 март хабар дод. Дар Каракас метро аз кор монд ва ба гуфтаи Bloomberg, бебарқӣ фурӯдгоҳи шаҳриро низ фаро гирифт. Ба гуфтаи ин оҷонсӣ, барқ тақрибан дар 10 аёлат хомуш шуд. Ширкати энержии Венесуэла қатъи барқро "харобкорӣ дар чаҳорчӯби ҷанги энержӣ бар зидди давлат" арзёбӣ кард. Вазири иттилоот Хорхе Родригас гуфт, ки ҳамалаи киберӣ ба Гури, яке... Читать дальше...

Фавти боз як бинокори Масҷиди Душанбе. Кӣ ҷуброн мепардозад?

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Дарвоз, ки ҳангоми сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе аз баландии 33 метр афтода, маҷруҳ шуда буд, даргузаштааст. Қурбоншо Элчиеви 38-соларо рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш деҳаи Дробак дафн карданд.

Амрико Гулнора Каримоваро ба ришваситонӣ ва пулшӯӣ муттаҳам кард

Ozodi.org 

Мақомоти ИМА Гулнора Каримова, духтари президенти нахустини Узбекистон ва Беҳзод Аҳмадов - раҳбари пешини ширкати мобилии МТС-ро ба ришваситонӣ ва пулшӯӣ ба маблағи 865 миллион доллар муттаҳам карданд. Дар ин бора додситони Ню-Йорк рӯзи 7-уми март хабар дод. Вазорати адлия ва Комиссияи коғазҳои гаронбаҳои ИМА фасодкорӣ дар бозори мухобироти Узбекистонро таҳқиқ мекунанд. Дар ин парванда ширкати мобилии МТС-и Русия, Telia Company AB (Telia Sonera-и пешин) ва ширкати Veon, ки саҳмияҳои "Вимпелком"-и Русияро дар даст дорад ҳузур доранд. Читать дальше...

Конгресси ИМА табъиз ва нажодпарастиро маҳкум кард

Ozodi.org 

Рӯзи панҷшанбе Палатаи намояндагони Конгресси Амрико қатъномаеро қабул кард, ки навъҳои таассуб ва табъиз дар заминаи нажодӣ ва мазҳабиро маҳкум мекунад.  Суханони узви Ҳизби Демократ, зани мусалмон ва паноҳандаи пешин аз Сомалӣ Илҳан Умар ба қабули ин қатънома замина гузошт. Умар дар палатаи поёнии Конгресс аз Миннесота намояндагӣ мекунад. Ӯ чанд дафъа гуфт, "пуштибонии Конгресс аз Исроил, ки аз тарафи лоббистҳои яҳудӣ таъмин мешавад ва созмонҳои яҳудӣ дар Амрико, ки аз Исроил пуштибонӣ мекунанд... Читать дальше...

Бунёди дӯсти Путин барои нигоҳубини боғе дар Сочӣ 287 млн рубл мегирад

Ozodi.org 

Бунёди "Истеъдод ва муваффақият", ки яке аз муассисонаш дӯсти президент Путин ғижжакнавоз Сергей Ролдугин аст, қарордодеро ба маблағи 287 миллион рубл барои нигоҳубини Боғи Олимпӣ дар Сочӣ даст овард. Музояда дар портали харидҳои давлатӣ нашр шуд ва таваҷҷуҳи нашрияи "МБХ Медия"- ро ҷалб кард. Бо дастури ҳукумат муомилот танҳо бо як ширкати таъмингар сурат гирифт. 287 миллион рубл барои як сол ҷудо шуд ва ҳамин тавр қарордод низ барои як сол баста мешавад. Иҷрокунандаи қарордод бояд чаманзору гулистони боғро нигоҳубин кунад... Читать дальше...

Маркази бӯҳронӣ барои занон дар Хатлон

Ozodi.org 

Суроғаи паноҳгоҳи занон дар Хатлон ба ҷузъ аз масъулини ҳукумат ва пулисҳо ба касе маълум нест ва барои қурбониёни шиканҷа ва кӯдакони онҳо имкон дода мешавад, 14 рӯз дар ин шелтер ё паноҳгоҳ зиндагӣ кунанд. Ба гуфтаи Мавҷуда Шарипова, дар ин муддат масъулини Маркази бӯҳронӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоту пулис кӯшиш мекунанд бо шавҳар ва хонаводаи зан сӯҳбатҳо кунанд ва роҳе барои мушкили ӯ пайдо намоянд.

Дар Поршнев гургҳо ба як кӯдаки 5-сола ҳамла карданд

Ozodi.org 

Гургҳо дар деҳаи Мденхори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон ба як кӯдаки 5-сола ҳамла кардаанд. Рӯзи гузашта дар ҳамин деҳа ду зан дар пайи ҳамлаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ҷони худро аз даст дода буданд. Ҳикмат Қаландарбеков, раиси ҷамоати Поршнев рӯзи 8-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи ҳамлаи гургҳо ба кӯдаки хурдсол шаби гузашта иттифоқ афтодааст. Ба қавли ҷаноби Қаландарбеков, баъди ҳамлаи ҳайвони ваҳшӣ падари кӯдак тавонистааст ӯро аз дасти гургҳо халос кунад. Мақомот мегӯянд, аз дирӯз... Читать дальше...

Занони ронанда "Опел"-ро меписанданд

Ozodi.org 

Opel, Mercedes C-class ва Audi - интихоби занони мошиндӯстдори тоҷик бештар рӯйи ҳамин тамғаҳо будааст. Ин натиҷаи як пурсиш аст, ки дар арафаи Рӯзи Модар, миёни ҳазор зани тоҷик анҷом шудааст.

"Зан будан дар Тоҷикистон осон нест" ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе аз занон дар хиёбонҳои Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксари мушкилот ба рӯи шонаҳои онҳо бор аст ва дар баъзе ҳолат ҳатто аз мардон масъулияти бештар доранд.

“Зан будан дар Тоҷикистон мушкил аст”

Ozodi.org 

Бархе аз занони тоҷик гуфтанд, ки аксари мушкилот ба рӯи шонаҳои онҳо бор аст. Аз таҳияи ғизо ва нигоҳубину тарбияи фарзанд гирифта, то кор дар саҳрову бозор ва идораҳо. Онҳо аз муносибати атрофиён ва бахусус мардон низ шиква доранд.

Спорт в России и мире
Москва

Тамбовские синхронистски заработали две медали на первенстве города Королёв


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Вероника Кудерметова

Россиянка Вероника Кудерметова вышла во второй круг турнира в Штутгарте


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об эффективности проекта «Генеральная уборка»





Путин в России и мире
Москва

Путин всё знал, но никого не предупредил: Немцы обвинили Москву в прорыве израильского Купола


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Очередные кадровые назначения объявлены в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Владимир Зеленский подтвердил ракетный удар по аэродрому в Джанкое


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

Элтон Джон, Баста, Райан Рейнольдс, Натали Портман — собственники футбольных клубов



Москва

Как провести выходные в Москве и не разориться: гид по бюджетному отдыху в столице

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net