Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2019

Новости за 05.03.2019

Дар Суғд панҷ зани мутбало ба ВИЧ-ро ба зиндон андохтанд

Ozodi.org 

Дар вилояти Суғд панҷ зани танфурӯш ва мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ)-ро ба зиндон андохтаанд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин занон дар Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он зиста, “ҳаёти чандин нафарро зери хатар гузоштаанд”. Парвандаи ду зани дигар бо ҳамин иттиҳом дар баррасист.



Эътирози ҳазорҳо нафар ба даври панҷуми президентии Бутефлика

Ozodi.org 

Ҳазорҳо нафар дар Алҷазоир рӯзи сешанбе алайҳи бори панҷум ба мақоми президентӣ номзад шудани Абдулазиз Бутефлика эътроз карданд. Дар пойтахти Алҷазоир садҳо донишҷӯ бар зидди даври панҷуми раҳбарии президент шиор доданд ва талаб карданд, ки интихоботи 18  апрел дар вақти дигар баргузор шавад. Ба гуфтаи хабаргузории AFP сокинони шаҳр, ки дар раҳпаймоии эътирозӣ иштирок надоштанд, ба таҷамӯъ назорат карданд ва таҳсин мегуфтанд. Reuters мегӯяд, донишҷӯён дар шаҳрҳои дигари Алҷазоир - Константине, Анабе ва Блиде - даст ба тазоҳурот заданд. Читать дальше...

Васвасаи кор дар Аврупо корҷӯёни тоҷикро ба "дом" афтонд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тақрибан 9 моҳ қабл теъдоде аз сокинони Тоҷикистон бо умеди сафар ба Чехия ва кор дар ширкати мошинсозии маъруфи "Шкода", ба ширкати "Гардуна" муроҷиат карда, пас аз аз пардохти аз 500 то 1300-долларӣ, қарордод бастанд.

"Истиқлол" бори панҷум барандаи Ҷоми ФФТ шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бори панҷум барандаи Ҷоми Федератсиони футболи Тоҷикистон гардид. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи сешанбеи 5-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод. Ба “Истиқлол” ба ҷуз ҷом медалҳои тилло ва ба дастаи “Кӯктош” медалҳои нуқра супурда шуд. Ин аввалин ҷоизаи “Истиқлол” дар мавсими имсола таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов мебошад. Пеш аз финал 5-уми март дар Варзишгоҳи марказии... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 5-уми марти соли 2019

Ozodi.org 

Интернет дар Тоҷикистон гаронтар мешавад Муҳоҷири тоҷикро дар Воронеж 11 корд задаанд Ваъдаи кор дар Чехия ба саргардонӣ анҷомид Шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон танқид шуд Корхонаи тилло ваъда дод, музди корро мепардозад

Тоҷикистон дар интизори 220 миллион доллари СБП

Ozodi.org 

Як ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул ба раҳбарии Падамҷа Ханделвал барои гуфтугӯ бо мақомот вориди Тоҷикистон шудааст. Душанбе умед дорад, ки бо анҷоми гуфтугӯҳо, аз Сандуқи Байналмилалии Пул 220 миллион доллар қарз мегирад.

Клинтон гуфт, ки барои курсии президентӣ мубориза намебарад

Ozodi.org 

Ҳиллари Клинтон гуфт, ки дар интихоботи президентии соли 2020 ба ҳайси номзад иштирок намекунад, аммо ваъда дод, ки "ба ҷойе намеравад". Собиқ вазири хориҷии ИМА, сенатор ва бонуи аввал Ҳиллари Клинтон имкони иштирокаш дар маъракаи нави интихоботро соқит кард. Аз сӯи дигар Ҳиллари Клинтон, ки интихоботи соли 2016-ро ба номзади ҷумҳурихоҳ  Доналд Трамп бохта буд, гуфт, ки фаъолияташро идома медиҳад, сӯҳбатҳо мекунад ва аз аррзишҳое, ки ба онҳо бовар дорад, ҳимоят мекунад. Ӯ аз вазъи сиёсии ИМА изҳори... Читать дальше...

Усмон Тошев: "Футболи тоҷик ояндаи хуб дорад"

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки ба марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 омодагӣ мебинад, субҳи 6-уми март барои баргузор кардани бозии дӯстона муқобили тими олимпии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Дубай сафар мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик имрӯз, 5-уми март, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе ду бор тамрин карданд. "Ба назари ман ҳоло дар футболи тоҷик корҳо мувофиқи нақша, мақсаднок анҷом дода мешаванд. Читать дальше...

Як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо 11 зарби корд кушта шуд

Ozodi.org 

Муҳоҷирони корӣ рӯзи 5-уми март ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ба Душанбе фиристоданд, ки дар натиҷаи 11 зарби корд кушта шудааст. Амриддин Шарипов, сокини маҳаллаи Лучоб, дар канори пойтахт, рӯзи ҷумъаи якуми март дар Воронеж ба ҳалокат расидааст. Мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ҳамсояи руси Амриддин Шариповро бо иттиҳоми қатли шаҳрванди Тоҷикистон дастгир кардаанд. Марди 58-солаи тоҷик тақрибан 20 сол боз дар Русия кор мекард ва дар Тоҷикистон ду писару як духтар доштааст. Читать дальше...

Эрон шарҳ дод, ки чаро Зариф мехост истеъфо диҳад.

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, ки Муҳаммадҷавод Зариф - вазири хориҷии ин кишвар, моҳи ферал дар заминаи бехабарӣ аз сафари президенти Сурия Башор Асад ба Теҳрон мехост истеъфо диҳад.  Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дар ниҳояти амр дархости истеъфои Зарифро рад ва аз ин дипломат, ки бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон гуфтушунид бурдааст, ҳимоят кард. Зариф баъдан ба кораш баргашт. Ҳарду - Рӯҳонӣ ва Зариф, ки аз шарикони муътадил номбар мешаванд, баъди он ки президент Доналд Трамп ИМА-ро аз созиши ҳастаӣ хориҷ кард... Читать дальше...

Як сокини шаҳри Турсунзода бо ҷурми пайравӣ аз ДИИШ зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Турсунзода як сокини шаҳрро барои қасди пайвастан ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Ҷӯрабек Султонови 22-сола ҳангоми муҳоҷирати кории чаҳорсола дар Русия ба тарғиботи аъзои “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дода шуда ва ақидаҳои онҳоро пазируфтааст. Ба иттилои додситонӣ, Ҷӯрабек Султонов рӯзи 1-уми декабр бо роҳбаладии “Абузар” ном ДИИШ ба Киев рафта ва аз онҷо ба Туркия расидааст. Читать дальше...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз тарма ва сангрезӣ

Ozodi.org 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ронандагон дар кишвар хостааст, ки бе зарурат ба манотиқи кӯҳистонӣ ҳаракат накунанд, зеро мумкин аст, зери тарма ё сангреза бимонанд.  Кумита бо нашри як баёния рузи 4-уми март гуфт, ки танҳо дар шаби 3 ба чоруми март, дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим, ноҳияҳои Тоҷикобод ва Варзоб 76 тарма фаромадааст. Ба гуфтаи мақомоти кумита, вазъи хатарнок бештар аз ҳама дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Тоҷикобод,  Душанбе-Айнӣ, Хоруғ-Ишкошим дида мешавад. Читать дальше...

Дар таърихи тиб бори дувум гирифтори ВИЧ шифо ёфт

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Лондон эҳтимол аст, дар таърихи тиб дувумин шахсе бошад, ки аз вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) табобат меёбад. Бино ба натиҷаи таҳқиқоти нашркардаи маҷаллаи "Nature", дар бадани ин сокини Лондон, ки чанд сол пеш пайванди ҳуҷайраҳои ирсии инсон сурат гирифта буд, нишонаҳои ВИЧ дубора мушоҳида нашудааст. Агар озмоишҳои баъдӣ низ ангал ё вируси мазкурро дар бадани ӯ, ки ному насабаш ифшо намешавад, ошкор накунанд, дар таърихи тиб дувумин ҳолате хоҳад шуд, ки бемор аз ВИЧ наҷот меёбад. Читать дальше...

Президенти Туркманистон дар бораи аспҳои ахалтека китоби нав навишт

Ozodi.org 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон бо номи "Аспҳо ҳам вафодорӣ мекунанд ва ҳам хушҳолӣ меоранд" дар бораи аспҳои зоти ахалтека ва дар маҷмуъ асппарварӣ китоби нав навишт.  Дар ин бора сомонаи "Туркменпортал" иттилоъ медиҳад. Бердимуҳаммадов дар ин китоб дар бораи таърихи аспҳои ахалтека ва санъати асппарварии муосир иттилоъ додааст. Зимнан, ин китоби аввали Бердимуҳаммадов нест, ки ба асппарварӣ бахшида мешавад. Китоби "Гомҳои сареи асп" моҳи апрели соли 2016 ҳамчун ҳадя ба туркманистониҳо... Читать дальше...


Музыкальные новости
Metallica

Случай на концерте Metallica в России





Персональные новости
PR time

Концерт «7 хитов И.С.Баха» в Эрмитажном театре





Модарони серфарзанд истеъфои Назарбоевро талаб карданд (видео)

Ozodi.org 

Даҳҳо зан дар Алмато, ки рӯзи 4 март ба ҷаласаи раиси ноҳияи Наврӯзбой рафта буданд, бо изҳори нобоварӣ ба мақомоти Қазоқистон истеъфои президент Нурсултон Назарбоевро талаб карданд. Ҳудуди 30 модари танҳову серфарзанди ноҳияи Наврӯзбой гуфтанд, ки мушкили бехонагии онҳо солҳо боз ҳал намешавад ва барномаи ҳукуматӣ онҳоро давр мезанад. Бонувони қазоқ дар долони бинои ҳукумати Наврӯзбой шиор доданд, ки "Назарбоев биравад!", "Бигзор президент ҷойро холӣ кунад!", "Бигзор ӯ дар интихобот иштирок накунад"... Читать дальше...

Трамп муҳлати таҳримҳои зидди Русияро тамдид кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе муҳлати таҳримҳои зидди Русияро то як соли дигар тамдид кард. Ин таҳримҳо дар робита ба вазъи Украина ҷорӣ шуданд. Дар ин бора Кохи сафед хабар дод. Русия дар робита ба вазъи Украина бори нахуст 6 марти соли 2014 таҳти таҳрим қарор гирифт. Дар санади нашркардаи Кохи сафед омадааст, ки "амалу сиёсатҳои ҳукумати Русия равандҳои демократӣ дар Украина сулҳу субот, амният, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украниаро заъиф ва ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА таҳдид мекунад". Читать дальше...

Генерал Қаҳҳоров: "Барои хизмат кардан дар мансаб будан шарт нест"

Ozodi.org 

Абдураҳим Қаҳҳоров, ки 4-уми март аз мақоми дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон барканор ва ба нафақа фиристода шуд, гуфт, тамоми ҳаёт ба мардуму давлат хидмат кардааст ва бо вуҷди ба нафақа баромадан, хизматро идома хоҳад дод. Оқои Қаҳҳоров имрӯз, 5 март дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, "албатта мехостам дар паҳлӯи намерагонам бошам, лекин чи хеле, ки тамоми ҳаёт ба мардум, ба давлат хидмат кардам ҳарчанд дар нафақа ҳам бошам, оянда низ ҳар чӣ аз дастам ояд хидмат мекунам. Барои хидмат кардан шарт нест дар ягон мансаб будан". Читать дальше...

Ҷоми ФФТ: Кадом даста ғолиб мешавад - "Кӯктош" ё "Истиқлол"?

Ozodi.org 

Имрӯз, 5-уми март, бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2019 миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Истиқлол»-и Душанбе барпо мегардад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 14:00 шуруъ мешавад. Пеш аз финал имрӯз соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Душанбе-83»-и Душанбе оғоз меёбад. Ёдовар мешавем, “Кӯктош” дар нимфинал бар «Регар-ТадАЗ»  бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Читать дальше...

Гузориши нави Ал-Ҷазира дар бораи қатли Хошуқҷӣ: "Сари ҷудошуда ба Риёз бурда шуд"

Ozodi.org 

Шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" дар як гузориш аз ҷузъиёти нави қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ дар консулгарии он кишвар дар Истанбули Туркия хабар дод.

Спорт в России и мире
Москва

РОСГВАРДИЯ ОБЕСПЕЧИЛА ПРАВОПОРЯДОК ВО ВРЕМЯ ФУТБОЛЬНОГО МАТЧА «ЦСКА» - «СПАРТАК» В МОСКВЕ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Потапова обыграла Шнайдер на старте грунтового турнира WTA 1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Опыт проведения Всероссийской акции «Вода России» представлен на межведомственном заседании в Ташкенте





Путин в России и мире
Москва

Путин поручил сократить время пути поездов от Москвы до Черноморья до 16 часов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Минск не исключает попыток оппозиции оторвать часть территории Белоруссии в пользу НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Рахманинов

Концерт в честь Сергея Рахманинова прошел в Воскресенске



Москва

«Второй рассвет счастья»: каким знакам зодиака повезет в любви в мае

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net