Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 29.01.2018

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Тоҷикистон: Тафриқаҳои гумрукӣ

Ozodi.org 

Бемайлӣ, ё шитоб накардани Тоҷикистон барои ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) - созмони зери назари Русия, бисёр коршинсони иқтисодӣ ба масоили сиёсӣ марбут медоннад. Аммо дар ин миён омилҳои иқтисодӣ низ ҷой доранд.. Бахусус, манфиатҳои гуногуни тарафҳо.

"Пирдухтар" - бадномие, ки духтаронро ба издивоҷи бармаҳал тела медиҳад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фақат дар Идораи ақди никоҳи марказӣ дар Душанбе дар 6 моҳи соли гузашта 434 ақди никоҳ бастаанд ва аз ин миён тақрибан нисфи духтарон, билофосила баъди хатми мактаб ба хонаи шавҳар рафтаанд.

Барои чӣ ба 27 даромадӣ шавҳар накардӣ?

Ozodi.org 

Калимаи тавҳиномези “пирдухтар”, бисёре аз волидон ва худи духтаронро маҷбур мекунад, ки бо назардошти афкори атрофиён, зудтар ба ҷустӯҷуи ҷуфти оянда шурӯъ кунанд.



"Агар шавҳарам зӯроварӣ кунад, ба милиса месупорам"

Ozodi.org 

Бархе аз занони тоҷик дар суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ аз вуҷуди хушунат ё зӯроварӣ дар хонаҳои худ нақл карданд. Бархе аз онҳо рӯзи 29-уми январ гуфтанд, ки дар пайи хушунати шавҳар аз онҳо талоқ гирифтанд. Баъзеи дигар гуфтанд, ки иҷоза нахоҳанд дод, то касе ба онҳо ҷабр кунад. Назари бештарро дар ин навори видео бибинед ва навиштани фикру андешаҳои худро ҳам фаромӯш накунед.

Мушкилиҳои барфи деринтизор дар Кӯлоб. ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъд аз гармои ғайримаъмулӣ дар фасли зимистон, билохира, сокинони шаҳри Кӯлоб эҳсос карданд, ки фасли сармо фаро расид. Аз рӯзи 28-уми январ дар минтақаи Кӯлоб беист барф меборад.

Мушкилиҳои барфи деринтизор дар Кӯлоб

Ozodi.org 

Баъд аз гармои ғайримаъмулӣ дар фасли зимистон, билохира, сокинони шаҳри Кӯлоб эҳсос карданд, ки фасли сармо фаро расид. Аз рӯзи 28-уми январ дар минтақаи Кӯлоб беист барф меборад.

Идораи геология: "95% рустоҳои Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст"

Ozodi.org 

Наваду панҷ дарсади дарсади рустоҳо дар Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст ва мақомоти Идораи геологияи Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ба ҷойи амн кӯч додани ин сокинон, бояд тадбир андешида шавад.

Никки Ҳейлӣ "Grammy"-ро барои китоби "Оташу хашм" танқид кард

Ozodi.org 

Намояндаи доимии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ аз дастандаркорони ҷоизаи "Grammy" даъват кард, ки мусиқиро бо сиёсат олуда накунанд. Изҳороти Ҳейли рӯзи 28 январ, баъди анҷоми маросими супурдани ҷойизаҳо пахш шуд. Дар ин маърака наворе ба намоиш гузошта шуд, ки дар он чеҳраҳои машҳур почаҳоеро аз китоби "Оташу хашм", ки маъракаи интихоботӣ ва моҳҳои аввали раҳбарии Доналд Трамп тасвир мекунад, қироат карданд. Дар байни чеҳраҳои шинохта довталаби пешини мақоми президенти Ҳилларӣ Клинтон низ ҳузур дошт. Читать дальше...



Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 29-уми январи 2018 (HD)

Ozodi.org 

Дар як сӯхтор дар Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва аз ҷумла ду кӯдак вафот кардаанд, барф ҳаёти сокинони Кӯлоброо душвор кард, маросими ёдбуди қурбониҳои ҳамлаи Кобул дар Душанбе, боздошти собиқ вазири умури дохилии Узбекистон ва матолиби дигар.

Ҳукумати Душанбе гуфт, ки Додгоҳи иқтисодӣ майдон насозад

Ozodi.org 

Ҳукумати шаҳри Душанбе Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистонро аз масъулияти сохтмони як майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт озод кардааст. Қаблан дар расонаҳои хабарӣ иттилое пахш шуда буд, ки Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз ҳар як судя талаб кардааст, барои сохтмони ин иншоот дар Душанбе 18 ҳазор сомонӣ маблағ супоранд. Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, охири ҳафтаи гузашта гуфт, дар маъмурияти шаҳр низ аз ин ҳолат танҳо аз саҳифаҳои... Читать дальше...

Аз интернат ба кӯча. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шамсиддин Мирзоев дар ятимхона ба воя расидааст. Ӯ баъд аз хатми мактаб-интернат ва омӯзишгоҳ дар факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кард. Аммо Мирзоев мегӯяд, ки соҳиби маълумот ва тахассус будан ҳанӯз ба маънои пайдо кардани ҷойи кор нест.

Эрдуғон: Туркия марзашро аз террористҳо пок мекунад

Ozodi.org 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, ки кишвараш марз бо Сурияро аз террористҳо пок мекунад. Амалиёти низомии Туркия дар вилояти Африн, дар шимоли Сурия, ду ҳафта инҷониб идома дорад. Эрдуғон дар анҷумани ҳизби ҳоким гуфт, баъди поккорӣ дар марз, Туркия паноҳандагони суриягиро ба хонаҳояшон бармегардонад.  Ӯ гуфт, нерӯҳои Туркия ва ҳампаймонҳояш баландиҳои стратегиро ишғол кардаанд. Пулиси курд ва Маркази назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия аз ҷангҳои пурдаҳшати теппаҳои Бурс хабар доданд. Читать дальше...

Номи ду осебдидаи тоҷик дар сӯхтори Красногорск эълон шуд

Ozodi.org 

Номи ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сӯхтори шаби 28-уми январ дар Красногорски Русия осеб дидаанд, эълон шуд. Мақомоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, инҳо Асадбек Чориеви чаҳорсола ва Парвина Рӯзимаматоваи 24-сола ҳастанд. Мақомоти намояндагӣ гуфтанд, дар сӯхтор чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон фавтида, масъалаи интиқоли ҷасадҳо ба кишвар баррасӣ мешавад. “Феълан кормандони мо дар бемористоне ҳастанд, ки онҷо шаҳрвандони осебдида табобат мегиранд. Читать дальше...

Эълони номи 4 тоҷике, ки дар сӯхтори Красногорск фавтиданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон номи чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар сӯхтори шаби 28-уми январ дар Красногорски Русия ҷон бохтанд, эълон карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамаи ин афрод сокинони ноҳияи Шаҳринав ҳастанд.  Мақомоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми январ гуфтанд, инҳо Анвар Холбоеви 48-сола, писараш Беҳзод Холбоеви 13-сола, Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббосбек Чориеви 6-сола ҳастанд.  Мақомоти намояндагӣ гуфтанд, ки дар сӯхтор ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон осеб дидаанд... Читать дальше...

Эълони номи 4 тоҷик, ки дар сӯхтори Красногорск фавтиданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон номи осебдидаҳои тоҷик дар сӯхтори шаби 28-уми январ дар Красногорски Русияро эълон карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамаи ин афрод сокинони ноҳияи Шаҳринав ҳастанд.  Мақомоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми январ гуфтанд, инҳо Анвар Холбоеви 48-сола, писараш Беҳзод Холбоеви 13-сола, Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббосбек Чориеви 6-сола ҳастанд.  Мақомоти намояндагӣ гуфтанд, ки дар сӯхтор ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон осеб дидаанд... Читать дальше...

Боздошти вазири собиқи корҳои дохилии Узбакистон. Аз арш то фарши Аҳмадбоев

Ozodi.org 

Адҳам Аҳмадбоев, вазири собиқи корҳои дохилии Узбакистон, ки моҳи декабри соли гузашта аз тарафи раиси ҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев ба “хиёнат” айбдор шуда буд, боздошт гардидааст.

Кай ятими тоҷик соҳиби манзил хоҳад шуд?

Ozodi.org 

Соли 2010-ум як дастпарвари интернати атфоли бепарастор аз Президенти Тоҷикистон хоҳиш кард, ки ба ӯ манзил диҳанд. Шамсиддин Мирзоев мегӯяд. ҳанӯз ҳам интизор аст, ки кай соҳиби манзил сабти макони зист ва бар пояи он соҳиби шуғле хоҳад шуд.

Песков: "Гузориши Кремл" талоши дахолат ба умури интихоботи Русия аст

Ozodi.org 

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия мегӯяд, ки ба бовари ӯ эълони рӯйхати афроди сарватманди наздик ба Путин, талоши Вашингтон барои дахолат ба умури интихоботи моҳи март дар Русия аст. Песков назари худро дар бораи нашри "рӯйхати олигархҳо"-и Русия рӯзи 29 январ баён дошт. Интизор меравад, ки маъмурияти президенти ИМА рӯзи душанбе "Гузориши Кремл"-ро ба Конгресс пешниҳод кунад. Дар ин санад номи афроди наздик ба Путин, ки эҳтимол мавриди таҳрим қарор мегиранд, зикр мешавад. Дар маҷмуъ... Читать дальше...

Русия дар интизори таҳримҳои нав - ҷаласаҳо дар ҳама сатҳ ҷараён доранд

Ozodi.org 

Биноба эҳтимоли таҳримҳои нави Ийолоти Муттаҳида алайҳи Русия, ҳукумати ин кишвар дар тамоми сатҳҳо ҷаласа доир кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба як мақоми баландпояи Кремлин хабар дод. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати нашрия, нишастҳои машваратӣ оиди таҳримҳо, ҳам дар сатҳи муассисаҳои алоҳидаи соҳавӣ  ва ҳам маъмурияти президент доир шуданд. Мақомдори дигари федеролӣ ба "Коммерсант" гуфт, ки барномаи умумии муқовимат ба таҳримҳо "ҳоло таҳия нашудааст" ва афзӯд, ки фаҳмиши чораҳои ҷавобӣ танҳо... Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Башмет

В Красноярской филармонии пройдет отбор в юношеский оркестр Башмета





Персональные новости
Арцах

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании





Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои Кобул дар Душанбе

Ozodi.org 

Субҳи рӯзи 29-уми январ, бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар назди бинои сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҷамъ омада, хотираи қурбониёни ҳамлаҳои хунини ахир дар Кобулро гиромӣ доштаанд.

Қирғизистон: "Соли 2017 марз бо Тоҷикистон пурҳодиса буд"

Ozodi.org 

Масъулони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти солонаи ин ниҳод гуфтанд, ки соли 2017 марз бо Тоҷикистон дар муқоиса бо мавзеъҳои дигари сарҳадӣ пурҳодиса буд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеа ва расонаҳои хадамот, соли 2017 вазъ дар марзи Қирғизистон ба сурати умум муътадил буд. “Соли гузашта 14 ҳодисаи марзӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2016 шаш ҳолат камтар аст. Аз ин миён, 10 ҳодиса дар марз бо Тоҷикистон ва 4 маврид бо Узбакистон ҷой дошт”, - мегӯяд манбаъ. Читать дальше...

Дар эътирозҳои Русия 299 нафар боздошт шуд

Ozodi.org 

Бино ба иттилои пешакӣ, рӯзи 28 январ, дар "Эътирози интихобкунандагон"- и Русия беш аз 299 нафар боздошт шуд. Дар ин бора тарҳи ҷамъиятии "ОВД-Инфо" иттилоъ додааст. Дар шаҳри Москва 16 фаъоли маданӣ, аз ҷумла мухолифи рус Алексей Навалнийро боздошт карданд. Навалний баъдтар аз шуъбаи пулиси "Якиманка" шартан шуд. Баъзе аз тарафдорони Навалний дар манотиқи Русия ҷарима ё ба муддати 10 рӯз ҳабс шуданд.  "Эътирози интихобкунандагон" рӯзи 28 январ дар даҳҳо шаҳри Русия баргузор шуда, дар он садҳо одам иштирок карданд. Читать дальше...

Дар эътирозҳои Русия дастикам 350 нафар боздошт шуд

Ozodi.org 

Бино ба иттилои пешакӣ, рӯзи 28 январ, дар "Эътирози интихобкунандагон"- и Русия камаш 350 нафар боздошт шуд. Дар ин бора тарҳи ҷамъиятии "ОВД-Инфо" иттилоъ додааст. Дар шаҳри Москва 16 фаъоли маданӣ, аз ҷумла мухолифи рус Алексей Навалнийро боздошт карданд. Навалний баъдтар аз шуъбаи пулиси "Якиманка" шартан шуд. Баъзе аз тарафдорони Навалний дар манотиқи Русия ҷарима ё ба муддати 10 рӯз ҳабс шуданд.  "Эътирози интихобкунандагон" рӯзи 28 январ дар даҳҳо шаҳри Русия баргузор шуда, дар он садҳо одам иштирок карданд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Даниил Медведев

Медведев с трудом одолел 121-ю ракетку мира на турнире в Риме


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Бестопливные Neutrinovoltaic электромобили проектируются в Индии





Путин в России и мире
Москва

ООН незаметно признала Путина: Сообщено об официальном письме


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Шарий: госсекретарь США Блинкен приехал в Киев из-за наступления ВС РФ


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Наташа Королёва

«Уже поперек горла стоит»: Пригожин поддержал Королеву после инцидента на ТВ



Москва

Китайская Haiwei и РФПИ вложат 7 млрд руб. в строительство терминала по перевалке СУГ на Дальнем Востоке

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net