"Пирдухтар" - бадномие, ки духтаронро ба издивоҷи бармаҳал тела медиҳад. ВИДЕО
Фақат дар Идораи ақди никоҳи марказӣ дар Душанбе дар 6 моҳи соли гузашта 434 ақди никоҳ бастаанд ва аз ин миён тақрибан нисфи духтарон, билофосила баъди хатми мактаб ба хонаи шавҳар рафтаанд.