123ru.net
World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 02.01.2018

Оташбозӣ дар шаҳри Лондон

Ozodi.org 

Баъди нимашаби 31-уми декабр шаҳри Лондон, расидани соли 2018-ро бо оташбозии бошукӯҳе таҷлид кард.

Видеоҳои шумо: Аз навбати назди банкомат то биё-биё дар мусофирбар

Ozodi.org 

Чанд видеои ҷолибе дар чанд рӯзи ахир ба дасти Радиои Озодӣ расид, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон инъикос мекунанд ва ҳам зиндагиву кори муҳоҷирон дар Русияро. Видеоҳоро бубинеду шумо ҳам бифристед.



Аз биё биё, то бирав бирав. Вазъи мусофирбарҳо дар Душанбе

Ozodi.org 

Як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли видео аз мо хостааст, масъалаи ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанберо бо мақомот дар миён бигузорем. Дар видео, ки шабона бардоштаанд, дида мешавад, ки ронандаи як мусофирбар муддати тӯлонӣ дар истгоҳ мунтазир шуда ва бо садои баланд, мусофир даъват мекунад.

NGN баста шуд... Паёмрасони нав сари кор омад

Ozodi.org 

Дар пасманзари басташавии хадамоти телефонии NGN ва хатари масдудшавии паёмрасонҳои дигар дар Тоҷикистон, ширкати мухобиротии“Вавилон-Мобайл” барномаи паёмрасони навро роҳандозӣ кард

Сӯхтор дар деҳаи Шайнаки Рӯдакӣ

Ozodi.org 

Видеое, ки дар остонаи соли нав ба дасти мо расид, сӯхтор дар деҳаи Шайнаки ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакиро нишон медиҳад. Ба гуфтаи корбаре, ки видеоро ба Радиои Озодӣ фиристод, оғили яке аз ҳамсояҳои онҳо рӯзи 28-уми декабр оташ гирифтааст. Касе осеб надидааст.

Мақомоти Рашт: "Ҳабси фаъоли ҲСДТ ангезаи сиёсӣ надорад"

Ozodi.org 

Мақомоти ноҳияи Рашт мегӯянд, Фарҳод Худоёров, як узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои таҳқири раҳбарияти ноҳия ба ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 шабонарӯз маҳкум шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳукме, ки дар остонаи Соли нав содир шуд, ангезаҳои сиёсӣ надорад.



Хоманеӣ эътирозҳоро дасисаи "душманони Эрон" унвон кард

Ozodi.org 

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ "душманони Эрон"-ро ба таҳрики эътирозҳои хушунатбори зидди ҳукуматӣ, ки то ҳол 22 нафар, бо шумули як корманди пулисро кушта ба ҷой гузоштанд, муттаҳам кард. Ин бузургтарин чолиш аст, ки ҳукумати Эрон дастикам дар як даҳсола рӯ ба рӯ шудааст. Изҳороти Раҳбари Олии Эрон Оятулллоҳ Алӣ Хоманеӣ рӯзи 2 январ дар ҳоле пахш шуд, ки фишорҳои байналмилалӣ,  бо сарварии президенти ИМА Доналд Трамп, якҷо бо теъдоди хисороти ҷонӣ афзоиш меёбад ва фишорҳои дохилилро ба  ҳукумати Эрон бештар мекунад. Читать дальше...

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 2-юми январи 2018 (HD)

Ozodi.org 

Эътироз дар Эрон вусъати бештаре касб кард, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мехоҳанд ба ҷойи НҶН-и басташуд имкони нави тамоси телефонӣ ташкил кунанд, зиёфати солинавии маргбор дар Хуҷанд, зиндагии кӯдакони бегуноҳ дар зиндон ва матолиби дигар.

Тоҷикистон бо Зимбабве муносиботи дипломатӣ барқарор кард

Ozodi.org 

Тоҷикистон бо кишвари африқоии Зимбабве муносиботи дипломатӣ барқарор кардааст. Бино ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ба Зимбабве рӯзи 28-уми декабр дар Ню-Йорк баргузор шудааст Баёнияи барқарории муносиботи дипломатиро миёни ду кишварро  аз ҷониби Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамтоаш аз ҷониби Ҷумҳурии Зимбабве -Фредерик Мусиива Макамуре Шава ба имзо расониданд. Читать дальше...

Чаро Минои бегуноҳ 11 сол боз дар зиндон аст

Ozodi.org 

Дар Афғонистон садҳо кӯдаки бегуноҳ ҳаст, ки мисли ҷинояткор пушти панҷара ва дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд. Гуноҳи ин духтаракону писарон ин аст, ки модарашон ҷинояте кардааст ва чун касе надоранд, бояд бо модари зиндонӣ бимонанд.

Депутати Бундестаг ба бадбинии мусалмонҳо гумонбар мешавад

Ozodi.org 

Пулиси Кёлн сиёсатмадори саршиноси Олмон Беатрикс фон Шторх аз ҳизби ростгарои "Олмони Алтернативӣ"- ро дар барангехтани низои миллӣ гумонбар медонад. Пулис баъди як пайғоми фон Шторх  дар твиттер ба додситон ариза дод. Фон Шторх дар пасманзари тадобири пулис, ки чораҳои эҳтиётиро бо чанд забон, бо шумули забони арабӣ ба сокинон тавсия дод,  ба хашм омад ва дар твитер назар дод. "Инҳо гумон мекунанд, ки бо ин роҳ метавонанд мардҳои мусмони барбариро аз таҷовузҳои гурӯҳӣ нигаҳ медонад",- гуфт фон Шторх. Читать дальше...

Минои бегуноҳ 11 сол боз дар зиндон аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Минои 11-сола тамоми умрашро дар зиндони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон гузарондааст. Модару падари Миноро бо гуноҳи ғоратгарӣ ва қатли 27 нафар ба зиндони якумрӣ маҳкум кардаанд.

3 январ замин дар фосилаи наздиктарин бо офтоб қарор мегирад

Ozodi.org 

Рӯзи 3 январи соли 2018 замин дар фосилаи наздиктарин аз офтоб қарор мегирад ва қурси офтоб ба шакли доираи бузургтар аз маъмулӣ зоҳир мешавад. Дар ин бора "Планетарии Маскав" рӯзи 2 январ хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, бошандагони сайёра ҳамчунин метавонанд шоҳиди чанд таҳввулоти дигари кайҳонӣ шаванд. Барои намуна шаби 4 январ мавҷи шаҳоби сангӣ ба авҷ мерасад ва одамон метавонанд "афтидани ситораҳо" - 120 метр дар соатро мушоҳида кунанд. Пештар сокинони замин метавонистанд моҳи комилро дар шаби 2 январ мушоҳида кунанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Лоза

«Вспыльчивый очень»: Лоза объяснил агрессивное поведение Лепса на концерте





Персональные новости
Сергей Собянин

Собянин: У москвичей появились новые возможности для поиска предков





Як мард дар Узбакистон ба таҷовузи духтари даҳсолааш муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Сокини 35-солаи  минтақаи Андиҷони Узбакистон ба ҳаракатҳои шаҳвонӣ алайҳи духтари 10-солааш муттаҳам мешавад. Дар ин бора идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон хабар доданд.  Биноба гузориши бахши Узбакии Радиои Озодӣ, ки рӯзи 2 январ пахш шуд, дар бораи дастдарозии падар ба духтари даҳсолааш бори аввал холаи ин духтарак огоҳ шуд. Ӯ баъди дидани ин саҳна модар ва хоҳари духтарро огоҳ кард. "Дар тӯли 10 моҳ модари духтар борҳо рафтори шавҳарашро назорат кард ва аломатҳоеро дарёфт, ки фаротар аз муҳаббати як падар бо духтар буд. Читать дальше...

Таҳаввулот дар Эрон. Тоҷикон чӣ назар доранд? 4 ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ҳам мисли дигар кишварҳои ҷаҳон таҳаввулоти ахири Эронро мушоҳида мекунанд. Дар ҳоле, ки бархе коршиносон ба “ногузир” будани эътирозҳои иҷтимоиву сиёсии мардум таъкид мекунанд, дигарҳо ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз хушунату талафоти бештар умедворӣ баён мекунанд.

Таҳаввулот дар Эрон. Тоҷикон чӣ назар доранд?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ҳам мисли дигар кишварҳои ҷаҳонро таҳаввулоти ахири Эрон мушоҳида мекунанд. Дар ҳоле, ки бархе коршиносон ба “ногузир” будани эътирозҳои иҷтимоиву сиёсии мардум таъкид мекунанд, дигарҳо ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз хушунату талафоти бештар умедворӣ баён мекунанд.

Туркия барои текноложии мушакҳои S-400 бо Русия музокирот мекунад

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гафт, ки Анкара барои интиқоли текноложӣ -як бахши созиши зиддунақизи харидории сохтори мушакҳои зиддиҳавоии S-400, музокиротро бо Маскав идома медиҳад. Човушоғлу гуфт, ки харидории сохтори мушакӣ зарур буд ва Туркия ба он "оҷилан ниёз дошт". Анкара созиши харидории сохтори мушакҳои зидди ҳавоии Русияро рӯзи 27 декабр расман эълон кард ва бо ин нигаронии шадиди шариконаш дар паймони НАТО-ро ба бор овард. "Мо талош кардем сохтори мушакиро аз шарикони худ дар НАТО харидорӣ кунем... Читать дальше...

Покистон сафири ИМА-ро ба сӯҳбат даъват кард

Ozodi.org 

Баъди он ки президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид кард, ки Покистонро аз кӯмакҳои бисёрмиллиарддолларӣ маҳрум мекунад, Исломобод сафири ИМА-ро ба сӯҳбат даъват кард. Трамп гуфт, ки Исломобод ба ифротгароён сарпаноҳ додааст.

Спорт в России и мире
Москва

Команда АО "Желдорреммаш" стала призером СпортЛиги ТМХ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Рыбакина назвала свое преимущество над Швентек


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

«Тебе не понравится»: Solar AURA выявила масштабную сеть вредоносных сайтов с картинками для кражи Telegram-аккаунтов





Путин в России и мире
Москва

Президент Азербайджана Ильхам Алиев прибыл в Москву по приглашению Путина


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Стало известно, что Лукашенко предложил губернатору Архангельской области на встрече в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: "формулой Зеленского" США отвлекали внимание от нового транша Киеву


Навальный в России и мире
Москва

Мосгорсуд оставил в СИЗО журналистку Фаворскую, обвиняемую в экстремизме за репортажи о Навальном



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Брановицкий

Песня под Ключ. Купить Песню под Ключ. Запись Песни под Ключ.



Москва

Добыча нефти в Китае в 1 квартале 2024 г. выросла на 2,3%, газа - на 5,2%

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net