Эрдуғон: Туркия марзашро аз террористҳо пок мекунад
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, ки кишвараш марз бо Сурияро аз террористҳо пок мекунад. Амалиёти низомии Туркия дар вилояти Африн, дар шимоли Сурия, ду ҳафта инҷониб идома дорад.
Эрдуғон дар анҷумани ҳизби ҳоким гуфт, баъди поккорӣ дар марз, Туркия паноҳандагони суриягиро ба хонаҳояшон бармегардонад.
Ӯ гуфт, нерӯҳои Туркия ва ҳампаймонҳояш баландиҳои стратегиро ишғол кардаанд.
Пулиси курд ва Маркази назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия аз ҷангҳои пурдаҳшати теппаҳои Бурс хабар доданд. Ин теппаҳо нимҷазираи курднишини Афринро аз шаҳри Азаз ҷудо мекунанд. Шаҳри Азаз аз сӯи Туркия идора мешавад.
Туркия ҷангро асосан дар минтақаи Африн, ки таҳти назари ҷангҷӯёни курд қарор дорад, пеш мебарад. Ҷангҷӯёни курдро Амрико ҷонибдорӣ мекунад. Мақомоти Туркия мусаллаҳони курдро террорист меноманд.