Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2019

Тоҷикистониҳои муқими Торонто Наврӯзро ҷашн гирифтанд

0
Тоҷикистониҳои муқими Торонто Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Дар шаҳри Торонтои Канада беш аз  200 тоҷику тоҷикистонӣ ҷашни муштараки Наврӯзро таҷлил карданд. Базми наврӯзӣ бо ширкати тоҷикистониҳои муқими Торонто ва ҳамчунин ҷамъияти самарқандиҳо баргузор шуд.

Ҷашне, ки рӯзи 24 март дар тарабхонаи "Националь" баргузор гардид, аз барномаи калони консертӣ ва ҳам дастурхони идона иборат буд. Ин тарабхона марбут ба як шаҳрванди собиқи Тоҷикистон – Валерий Баротов аз шаҳри Хуҷанд аст, ки беш аз ду даҳсола пеш муқими Канада шуда  тиҷорати худро ба роҳ монд.  Барои меҳмонони базм оши палави хуҷандии идона тақдим шуд.  

Марианна Орипова, журналист ва як узви ҷомеаи тоҷикистониҳои Торонто рӯзи 26 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар базми наврӯзӣ ҳамаи онҳое ҷамъ омаданд, ки худро як бахше аз фарҳанги Тоҷикистон меҳисобанд ва дар миёни онҳо тоҷикону русҳо, узбекҳову яҳудиҳо ва намояндагони миллатҳои дигар мебошанд.

“Масалан, дар “маҳаллаи русҳо”-и Торонто, - мегӯяд Марианна Орипова, - мураббии маъруфи тими футболи «Помир» Марк Тунис зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд ӯ дар ин базм иштирок карда натавонист, вале ин шахсро дар ҷомеаи тоҷикистониҳои Канада ба хотири хидматҳояш барои футболи тоҷик хеле эҳтиром мекунанд».

Аксар аъзои ҷомеаи тоҷикистониҳои Канада намояндагони касбу кори мухталиф ҳастанд, мегӯяд Орипова. Дар миёни онҳо  ҳам сохтмончиҳо ва ҳам ронандаҳои UBER ҳастанд, вале онҳое, ки каме пештар омада муқимӣ шуданд ваё дар мактабҳои маҳаллӣ таҳсил карданд, ба ҳайси табибу мутахассисони компютер, муаллим, тоҷиру соҳибкор кор мекунанд. “Ба Торонто нахустин ҳамватанони мо шояд беш аз ду даҳсола пеш омада бошанд, вале баъди солҳои 2007 шуморашон бешар шуд”, мегӯяд  Орипова.

Ташкили ҷашни наврӯзӣ барои бисёриҳо хеле муҳим аст, чунки мардуми дур аз ватану зодгоҳ дар чунин маҳфилҳо метавонанд фарҳанги миллии худро ба ёд оваранд, бо ҳамватанон дидорбинӣ кунанд ва бо ҳамин роҳ, фарзандони худро ҳам бо решаҳои миллии худ  ошно гардонанд.

Яке аз ин нафарон Сайёра Фаромарз  аст, ки ба духтарон рақси тоҷикӣ ёд медиҳад. Шогирдони ӯ дар базми наврӯзӣ барномаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла чанд рақси бадахшӣ иҷро карданд.

Шумори дақиқи узви ҷомеаи тоҷикистониҳои сокини Торонто  маълум нест, вале ба қавли худи онҳо, сол то сол шуморашон тадриҷан зиёд мешавад. Тоҷикистониҳои зиёди дигар дар шаҳрҳои дигари Канада ҳам зиндагӣ мекунанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день


Спорт в России и мире
Москва

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Теннисист Рублев вышел во второй круг Открытого чемпионата Франции


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

МегаФон добавил инноваций системе экомониторинга в Череповце





Путин в России и мире
Москва

Путин указал на важность союзнического взаимодействия с Азербайджаном


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Минск приостановил участие в договоре о вооруженных силах в Европе




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Столтенберг решил не встречаться с Зеленским в Брюсселе


Навальный в России и мире
Москва

Суд Москвы продлил арест трем адвокатам Навального по делу об экстремизме



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Алсу

Mash: певица Алсу и ее супруг Абрамов поделят при разводе 2 дома и 2 квартиры



Москва

Пензенская область вошла в число участников первенства России по прыжкам в воду

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net