Баррасии имкони сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Русия ва Туркия
Мақомоти Русия ва Туркия имкони ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид (виза)-ро баррасӣ доранд, ки ба шаҳрвандони ду кишвар иҷозат медиҳад, бо шиносномаҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, қарор аст, дар ин замина бо ҳамтои русаш Сергей Лавров 28 март дар шаҳри Анталия гуфтугӯ кунад.
"Русия дар пайи гуфтугӯҳо тасмим гирифт, ки раводидро барои соҳибони шиносномаҳои махсус, соҳибкорон ва ронандагони мошинҳои боркаши Туркия бекор кунад. Вале ҳадаф бекор кардани раводид барои ҳамаи шаҳрвандон аст. Мо барои сафар ба кишварҳои ҳамдигар бо шиносномаҳои дохилӣ гуфтугӯро оғоз кардем. Ин масъаларо муфассал баррасӣ хоҳем кард", - афзуд Човушоғлу.
Бар асоси созишномаҳои имзошуда, шаҳрвандони Русия дар ҳоли ҳозир метавонанд бо шиносномаи хориҷӣ ба муҳлати то 60 рӯз бе раводид ба Туркия сафар кунанд. Ба ҳисоби Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия, соли гузашта 5,954 миллион сайёҳи рус аз ин кишвар боздид кардааст.