Наврӯзи модарон бо ёди азизони раҳдур
Дар ҷашни Наврӯз Фотима Воҳидова аз ноҳияи Данғара ҳамсояву дӯстонашро сари хони идона даъват кард. Ин модар 5 сол мешавад, ки ду писари ноновари хонаашро надидааст. Модарони деҳа дар сари хони наврӯзӣ ёди азизони муҳоҷири худро мекунанд.