Додгоҳе дар Шветсия шаҳрванди Узбекистонро 7 сол зиндонӣ кард
Додгоҳе дар Шветсия Давид Идриссон (Фарҳод Тошмуҳаммадов), шаҳрванди 47-солаи Узбекистонро барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард. Мақомот гуфтанд, ҳамла бояд аз номи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" анҷом мешуд ва онҳо пешгирӣ карданд.
Расонаҳои Шветсия рӯзи 9-уми март бо такя ба мақомот гуфтанд, аз Давид Идриссон маводи кимиёӣ гирифта шудааст, ки метавонист дар таҳияи бомба истифода шавад. Ӯ баъди адои давраи ҷазо умрбод аз Шветсия ихроҷ хоҳад шуд.
Фарҳод Тошмуҳаммадов соли 2008 баъди кӯчидан ба Шветсия номашро ба Давид Идриссон тағйир дод. Ӯ дар ин кишвар паноҳанда буд.
Муҳокимаи панҷ узбекистонӣ ва як шаҳрванди Қирғизистон моҳи январи имсол дар Стокҳолм оғоз ёфт. Ин афрод барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Шветсия ва сармоягузории гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" муттаҳаманд.
Дар изҳороти Додситонии Шветсия гуфта шудааст, "се нафар аз муттаҳамон маводи кимиёвӣ ва таҷҳизоти дигарро дастрас карда буданд, то одамони бисёрро бикушанд ва захмӣ кунанд. Агар ин ҳамла сурат мегирифт, ба Шветсия зарари зиёд мерасид."
Вале боздоштшудаҳо иттиҳомро рад кардаанд.