Ихроҷ ба қаламрави Толибон паноҳҷӯёни афғонро дар Тоҷикистон тарсондааст. ВИДЕО
Ихроҷи пайиҳами чанд муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистони зери назорати Толибон паноҳҷӯёни дигарро нигарон кардааст. Аксари онҳо талош мекунанд, дар кӯчаву бозор зиёд нагарданд, зеро метарсанд, ки боздошт ва ба Афғонистон фиристода мешаванд.