123ru.net
World News in Tajik
Август
2022

Новости за 12.08.2022

Сафир Ағбар: "Толибон як гуруҳи парокандаанд. Пойбанди ҳеч қонуне нестанд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 15-уми август аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳокимият аз ҷониби Толибон як сол мегузарад. Дар ин муддат вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми Афғонистон тағйир ёфт.

Сафир Ағбар: "Толибон як гуруҳи парокандаанд. Пойбанди ҳеч қонуне нестанд"

Ozodi.org 

15 август аз суқути давлати Афғонистон ба дасти Толибон як сол мегузарад. Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон   сафоратҳои он кишвар аз сӯи сафирони қаблӣ раҳбарӣ мешаванд. Рӯзи 12-уми август Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон Меҳмони Озодӣ буд.



Ахбори Озодӣ аз 12-уми августи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Марги нобаҳангоми ровии шинохтаи тоҷик Фаридун Хайруллозода дар Душанбе, мусоҳиба софири Афғонистон дар Тоҷикистон, сарнавишти тифле, ки ҳамроҳ бо низомиёни хориҷӣ тарки Афғонистон ва кард рӯзгори талхи занони танҳо дар Хатлон.

Ҳузури камназири Назарбоев дар байни мардум

Ozodi.org 

Зимни ифтитоҳи масҷиди наве дар пойтахти Қазоқистон президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ҳам, ки муддатҳост дар мазҳари ом дида намешавад, дар ҳалқаи ёваронаш ҳозир шуд. Ҳузури Назарбоев дар масҷиди нав сеюмин ҳолати баъди хушунатҳои моҳи январ дар миёни мардум дида шудани раҳбари собиқи инак 82-солаи Қазоқистон мебошад. Дар як суханронии мухтасараш Назарбоев дар бораи сохтмони ин муассиса чанд ҷумла гуфт. Назарбоев баъди раҳбарии сисола дар Қазоқистон соли 2019 ба истеъфо рафт ва ба ҷои худ Қосимжомарт Тоқаевро пешбарӣ кард. Читать дальше...

Назарбоев масҷидеро боз кард, ки пеш аз истеъфояш санги асоси онро гузошта буд

Ozodi.org 

Рӯзи 12-уми август дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон аз масҷиди навсохте парда пардоштанд, ки калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ унвон мешавад. Ин масҷидро Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ифтитоҳ бахшид. "Масҷид дар майдони 10 га сохта шуда, баландии гумбазаш 83,2 ва қутри он 62 метрро ташкил медиҳад. Масҷид чаҳор манора дорад, ки баландии ҳар кадомаш 130 метрро ташкил медиҳад", - хабар доданд расонаҳои Қазоқистон. Масҷид дар як вақт ғунҷоиши бештар аз 30 ҳазор касро дорад. Санги... Читать дальше...

Вакили мудофеъ: вазъи сиҳатии президенти пешини Қирғизистон бад шудааст

Ozodi.org 

Вазъи сиҳатии Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон дар зиндон бад шудааст. Дар ин бора Замир Жоошев, вакили мудофеи вай хабар дод. "Се рӯз пеш ман аз Хадамоти иҷрои ҷазо дархост карда будам, ки ба Отамбоев иҷозаи сафари табобатӣ ба Русияро диҳад. Ташхиси бемории Отамбоев дар Русия имконпарзир аст. Ҳамкори ман Отамбоевро дар зиндон дид, вазъаш хеле бад аст: хеле лоғар шудааст, фишораш ба 60/80 расидааст. Агар табобат нагирад, мумкин аст, оқибати нохуше сар занад", - гуфт Жоошев. Отамбоев... Читать дальше...



Дипломатҳои тоҷик дар маркази "Сахарово" бо гурӯҳи муҳоҷирони боздоштшуда вохӯрданд

Ozodi.org 

Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шароити нигаҳдории муҳоҷирон дар Боздоштгоҳи мувақатии "Сахарово" шинос шуданд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як хабаре гуфт, ки як дипломати тоҷик рӯзи 10-уми август зимни боздид аз маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар деҳаи Сахаровои вилояти Маскав бо муҳоҷирони тоҷик дидору мулоқот кардааст. Дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки дар ин марказ чӣ теъдод муҳоҷирон нигаҳдорӣ мешавад, аммо таъкид шудааст, ки масъули... Читать дальше...

Сабаби марги Фаридун Хайруллозода, раҳбари "Авторадио Тоҷикистон" нашр намешавад

Ozodi.org 

Шаби 11 ва 12-уми август дар Душанбе наттоқи шинохта Фаридун Хайруллозода фавтид. Сабаби маргаш маълум нест. Ба гуфтаи наздиконаш, шаби гузашта ӯ дар як чорабинӣ будааст. Ҷузъиёти марги ӯ феълан нашр намешавад. Фаридун Хайруллозода 27 сол дошта, муассиси “Авторадио Тоҷикистон” буд. Фаъолияташро ҳанӯз аз наврасӣ дар телевизиони бачагонаи “Баҳористон” шурӯъ карда, баъдан дар телевизиони “Сафина” ва радиоҳои “Ватан”-у “Лаврадио” ҳам кор кардааст. Солҳои ахир Фаридун Хайруллозода раҳбари кулли «Авторадио»... Читать дальше...

Эълони хатсайри нав миёни Уфа ва Душанбе

Ozodi.org 

Миёни Уфа ва Душанбе як хатсайри нави мунтазам роҳандозӣ мешавад, ки онро як ширкати  русӣ анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии Utair аз Оҷонсии федералии нақлиёти ҳавоӣ барои ташкили парвозҳои иловагии байналмилалӣ аз фурудгоҳи пойтахти Бошқирдистон аз ҷумла парвозҳо ба Тоҷикистон иҷоза гирифтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки мусофиркашонӣ дар ин масир кай оғоз мешавад. Қаблан Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоӣ  муддати се моҳ парвозҳо аз Омск ба Хуҷанд ва Душанберо  иҷозат дода буд.    Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир барои тоҷикистониҳо буда... Читать дальше...

Пешбинии фаромадани сел дар ду рӯзи оянда

Ozodi.org 

Рӯзҳои 12 то 14-уми август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, омадани сел пешгӯӣ мешавад. Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар ин рӯзҳо  бар асари ноустувории обуҳаво ва бо дарназардошти борони шадид дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳӣ эҳтимоли омадани селҳои хавфнок вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд. Аз ҷумла,  аз қабл чораву тадбирҳо андешанд... Читать дальше...

Қатли Раҳимулло Ҳаққонӣ дар ҳамла ба мадрасааш дар Кобул

Ozodi.org 

Дар таркише дар Кобул рӯзи 11-уми август як рӯҳонии маъруфи мактаби Ҳанафӣ ва тарафдори Толибон кушта шуд. Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон гуфт, Раҳимулло Ҳаққонӣ дар “ҳамлаи душмани тарсу” ба мактаби динии ӯ кушта шуд. Намояндагони ҳукумати Толибон аз ин зиёд шарҳе надоданд. Ба навиштаи бархе манбаъҳо, Ҳаққонӣ замоне кушта шуд, ки як маргталабе дар дохили мадрасаи Ҳаққонӣ бомбаро ба кор андохт.  Сухангӯи полиси Кобул инчунин гуфт, ки дар ин ҳамла яке аз бародарони Ҳаққонӣ ҳам кушта шуда се нафари дигар маҷрӯҳ гардид. Читать дальше...

Пешсафии Туркия дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии се рӯзи рақобатҳо аз рӯи ҳисоби медалҳо мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 89 медал (34 тило, 30 нуқра ва 25 биринҷӣ) гирифтааст. Мунтахаби Эрон бо касби 39 медал (15 тило, 14 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор дорад. Мунтахаби Узбекистон бо касби 39 медал (11 тило, 10 нуқра ва 18 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кардааст. Читать дальше...

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми "ҳамла" ба пулиси Маскав зиндонӣ шуданд

Ozodi.org 

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамла ба пулиси Маскав ба мӯҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, бародарон, Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола, рӯзи 17-уми феврали имсол дар истгоҳи метрои "Тулская" ба кормандони пулис дарафтоданд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти додситонии Маскав хабар додааст, ки Умари Расулҷонзода ва Саидакрам Ҳамроевро тибқи моддаи 318 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия, яъне, (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи мақомот, ки барои ҳаёташ хатарнок нест)... Читать дальше...

Иштироки ҳашт варзишгари тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози ҷудои Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибоев, тоҷири машҳури қазоқ, ки рӯзҳои 13-14-уми август дар шаҳри Оқтов баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ин мусобиқа ҳашт гуштигири ҷавон сафарбар шудааст: Акбаралӣ Кенҷаев (-60 кг), Аҳмадҷон Аюбов, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 66 кило), Наврӯз Каримзод, Маҳмудҷон Раҳимов (ҳарду дар вазни то 73 кило), Ҳайдар Саидкабирзода (-81 кг), Кароматулло Ҳакимов (-90 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-100 кг). Читать дальше...

Навалний аз таъсиси эътилофи коргарон дар зиндон хабар дод

Ozodi.org 

Алексей Навалний, мухолифи зиндонии Русия аз таъсиси иттифоқи касабаи зиндониён ва кормандони Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо хабар дод, ки дар маҳбасҳо кор мекунанд. Дар ин бора вай, ки дар маҳбаси №6 дар вилояти Владимири Русия адои ҷазо мекунад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Ба гуфтаи Навалний, вай дар бораи таъсиси иттифоқи касаба бо номи "Промзона" сардори маҳбас ва мудири Хадамоти федеролии иҷрои ҷазоро огоҳ кардааст. Навалний менависад, ҳарчанд аз ин иқдом маҳбусон "тарсиданд" ва... Читать дальше...

Бо сармояи Туркманистон дар Узбекистон 174 корхона сохта шудааст

Ozodi.org 

Нашрияи давлатии "Туркменпротал"-и Туркманистон хабар дод, ки бо сармояи ин кишвар дар Узбекистон 174 корхона сохта шудааст. Шакли моликияти корхонаҳо ва ҳаҷми сармоя хабар дода намешавад. Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, дар маҷмуъ дар он кишвар 1700 корхонаи муштараке фаъолият дорад, ки бо сармояи кишварҳои ҳамсоя сохта шудааст. Дар соли 2021 ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Узбекистон бо Туркманистон 902 млн долларро ташкил додааст, ки нисбати соли 2020 67,6% бештар арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

В Люберцах 24 апреля пройдет ярмарка вакансий


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Сложнее некуда! Прямая трансляция и превью матча Рыбакиной против непобежденной чемпионки


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Группа «ЭкоЛайн» и Сбер заключили соглашение о сотрудничестве





Путин в России и мире
Москва

Шойгу рассказал о формировании Московского и Ленинградского округов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко ограничил выплату дивидендов гражданам недружественных стран




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: "формулой Зеленского" США отвлекали внимание от нового транша Киеву


Навальный в России и мире
Москва

Мосгорсуд оставил в СИЗО журналистку Фаворскую, обвиняемую в экстремизме за репортажи о Навальном



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Егор Крид

Цифра дня: Егор Крид покупает машину Илона Маска за 40 млн рублей



Москва

В преддверии Дня Победы в Росгвардии поощрили активистов ветеранского движения

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net