123ru.net
World News in Tajik
Август
2022

Новости за 03.08.2022



Ахбори Озодӣ аз 3-уми августи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Бо ҳадафи ҳифзи бозори дохилӣ Тоҷикистон содироти пиёзро манъ кардааст, ширкати афғонӣ ба Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар қарзи нерӯи барқро напардохтааст, мушкили визаи Шенген барои русҳо ва матолиби дигар.

Содироти пахта аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар шудааст

Ozodi.org 

Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки дар шаш моҳи ахир содироти пахтаи ин кишвар ба Узбекистон афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ин ниҳод, содироти пахта аз Тоҷикистон ба Узбекистон дар ним сол 17,3 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5,3 миллион доллар), қариб 3,3 маротиба бештар будааст. Ба Узбекистон беш аз 6 ҳазор тонна пахта содир шудааст. Пас аз марги Ислом Каримов, раҳбари худкомаи Узбекистон, муносибати ин кишвар бо Тоҷикистон беҳтар шуд. Аз ин пеш ширкатҳои... Читать дальше...

Як фармондеҳи Толибон Тоҷикистонро "таҳдид" кард

Ozodi.org 

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, як фармондеҳи баландпояи Толибон гуфтааст, ки неруҳои онҳо тавони онро доранд, "дар як ҳафта кишвари Тоҷикистонро тасхир (тасарруф) кунанд". Ҷониби Тоҷикистон то кунун ба гуфтаҳои ин фармондеҳи Толибон вокуниш накардааст. Рӯзноми "Ҳашти субҳ" рӯзи 2-юми август бо такя ба манобеи худ навишт, ки Мулло Муҳаммадҷон Ҳамза, муовини фармондеҳи воҳиди низомии "Умарӣ"-и Толибон ин матлабро рӯзи сешанбе дар ҳузури Вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон, ки ба вилояти... Читать дальше...

Ҳабсу зиндон барои ширкат дар консерти Эбӣ

Ozodi.org 

Як фаъоли эрониро барои дидораш бо овозхони маъруф Эбӣ ба мӯҳлати се солу ҳафт моҳи зиндон маҳкум карданд. Амир Раисиён, вакили дифои Марям Каримбегӣ дар сӯҳбат бо вебсайти “Мадоро” рӯзи 1-уми август гуфт, ки додгоҳи инқилоби исломии шаҳри Теҳрон ахиран зерҳимояашро барои “таҷаммӯъ ва тавтеа ба хотири содир кардани ҷиноят алайҳи амнияти миллӣ” гунаҳор донист. Ӯ инчунин ба мӯҳлати як сол барои “таблиғи ҷиноӣ алайҳи низом” ва як соли дигар барои  “нигаҳдошти машрубот” айбдор дониста шуд, ки илова ба ин ҷаримаву 74 шаллоқро пешбинӣ мекунад. Читать дальше...



Матбуот: Абдурозиқ бо Салмон Хон дар як филми Болливуд нақш бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Овозхон ва блогери тоҷик Абдурозиқ, ки ӯро инчунин хурдҷуссатарин овозхон дар ҷаҳон ҳам муаррифӣ мекунанд, ба навиштаи як нашрияи покистонӣ, барои нақшофарӣ дар  филми Болливуд даъват шудааст. Daily Pakistan рӯзи 3-юми август гуфт, ки Абдурозиқи 18-сола дар як филм бо ситораи ҳиндӣ Салмон Хон нақш бозӣ мекунад ва намоишномае, ки номи шартиаш “Бародар” аст, соли оянда дар пардаи синамо пайдо мешавад. То ҳол ҳунарманди худрӯ Абдурозиқ, ки бештар дар хориҷа ба сар мебарад, асосан дар клипҳои мусиқии... Читать дальше...

Нархи билетҳои парвоз ба Русия якбора боло рафт

Ozodi.org 

Нархи билетҳои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия якбора боло рафта, назар ба ду ҳафта пеш тахминан ду баробар зиёд шудааст. Дар ҳоле, ки ки шикоятҳо аз  баланд шудани нархи билетҳо садо медиҳанд, дар бархе нуқтаҳои билетфурӯшӣ мегӯянд, ки ин афзоиш дар ҳама ширкатҳо – “Сомон Эйр”, “Уральские авиалинии” ва “Ютейр” мушоҳида мешавад. Рӯзи 3-юми август нархи билети парвоз ба Маскав аз Душанбе ба ҳисоби миёна 5400 сомониро ташкил медиҳад ва бозгашт аз Маскав ба Душанбе  тахминан 1800 сомонӣ. Ба қавли як ширкати билетфурӯшӣ... Читать дальше...

Кумитаи кор бо занон гуфт, аз ҳоли Улафатхонум Маҳмадшоева хабар надоранд

Ozodi.org 

Мақомоти Кумитаи кор бо занон дар Тоҷикистон мегӯянд, иттилое дар бораи вазъи Улфатхонум Маҳмадшоева надоранд. Ин рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз 18 май ба ин сӯ дар боздошт аст ва  ӯро дар созмон додани эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ гумонбар медонанд, ки ба қавли тарафдоронаш, ҳеҷ асосе надорад. Ба қавли онҳо, эҳтимолан Маҳмадшоева, ки дар як навори телевизиони давлатӣ гӯё ба гуноҳҳояш иқрор шудааст, таҳти шиканҷаву фишор қарор дорад.  Дар як нишасти матбуотии раҳбарияти Кумитаи кор бо... Читать дальше...

Фаъолони зиндонии қазоқ аз Иттиҳоди Аврупо ва СММ кумак хостанд

Ozodi.org 

Фаъолони шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки бо банди "бетартибиҳои оммавӣ" ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкумшудаанд, вакилони аврупоӣ ва СММ-ро ба таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январи кишварашон даъват карданд. "Муҳтарам вакилони Иттиҳоди Аврупо ва нозирони СММ, аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои озод кардани ман, маҳбусони сиёсии дигар ва таҳқиқи одилонаи байналмиллалии ҳодисаҳои январи Қазоқистон, аз ҷумла парвандаҳои ҷиноии сохтаи марбут ба моҳи январ мусоидат кунед", - омадааст дар муроҷиатномаи Ляззат Досмамбетов... Читать дальше...

Пирӯзии мардон ва бохти занони шатранҷбози тоҷик дар даври панҷуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Ozodi.org 

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки бо иштироки беш аз 1700 шатранҷбоз аз 186 кишвар дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён дорад, то рӯзи 10-уми август идома хоҳад кард. Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври панҷуми мусобиқот тими Суринамро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Аз ин пеш мардони шатранҷбози кишвар дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов ва Илҳоми Ҷалолиддин дар даври аввал тими Ҷазираҳои Вирҷинии Бритониёро бо ҳисоби 4:0 ва тими Қазоқистонро бо ҳисоби 2,5:1,5 мағлуб карда... Читать дальше...

Cанаҳои бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Чаҳор бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон) – рӯзи шанбе, 6-уми август, баргузор мешавад. Се бозии дигари 1/8 финали Ҷоми миллӣ миёни дастаҳои «Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор), «Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан) рӯзи якшанбе, 7-уми август, доир мегардад. Бозӣ миёни дастаҳои... Читать дальше...

Чин сафари Пелоси ба Тайванро "бисёр хатарнок" хонд ва сафири Амрикоро даъват кард

Ozodi.org 

Чанд соат пас аз ворид шудани Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Тайван дар рӯзи сешанбе, Вазорати корҳои хориҷии Чин сафири Амрико дар Пекинро ба ин вазорат даъват кард. Чин эътирози худро ба ин сафари хонум Пелоси ба Тайван ба сафири ИМА расонидааст.

Маоши кормандони давлатии Қирғизистон то 150 дарсад зиёд шуд

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармони баланд бардоштани маоши кормандони давлатиро аз 1 августи соли равон имзо кардааст. Ба огаҳии Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, маоши онҳое, ки дар вазоратхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ, воҳидҳои ҳудудии мақомоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ кор мекунанд, аз 86,4% то 151,3% зиёд шудааст. Барои намуна, агар мутахассиси пешбари як вазорат дар Қирғизистон то 1 август 21 ҳазор сом (ҳудуди 250 доллар) мегирифт, пас аз 1 август маоши ӯ 49 ҳазор сом хоҳад шуд. Читать дальше...

Афғонистон пули барқи Узбекистонро пурра пардохт кардааст

Ozodi.org 

Вазорати энержии Узбекистон гуфтааст, ширкати барқи Афғонистон (Afghanistan Breshna Sherkat) пули 2151,3 миллион кВт/соат нерӯи барқеро, ки соли 2021 аз ин кишвар харидорӣ карда буд, пурра пардохт намудааст. Ба огаҳии вазорат, тибқи қарордоди "Шабакаҳои миллии Узбекистон" ва "Da Afghanistan Breshna Sherkat" Узбекистон дар соли ҷорӣ бояд ба Афғонистон 770 2 млн кВт/соат нерӯи барқ содир кунад. Манбаъ афзудааст, ки интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба Афғонистон аз 14 апрели имсол қатъ шудааст. Зеро... Читать дальше...

Дар Узбекистон навраси 16-сола модарашро куштааст

Ozodi.org 

Як навраси 16-сола дар вилояти Тошканди Узбекистон ҳамроҳи шариконаш модари худро куштааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбекистон, ҳодиса рӯзи 31 июл рух додааст. Макони дақиқи куштор гуфта намешавад. Манбаъ афзудааст, "наврас ба далели ихтилофоти хонаводагӣ тасмим гирифта, ки модарашро кушад. Ӯ барои анҷоми ин кор аз рафиқонаш кумак хостааст. Онҳо занро кушта, ҷасадашро дар таҳхона дафн кардаанд".

Спорт в России и мире
Москва

GeekVape в сотрудничестве с Absolute Racing выиграла чемпионат в категории GT3


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Россиянка покинула WTA-1000 из-за проблем со здоровьем


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Татьяна Марчук выпустила альбом «Экопесенки» на лейбле Riki Music





Путин в России и мире
Москва

Путин уточнил у Беглова причины снижения популярности Петербурга у туристов


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Киев признал стагнацию ВСУ по всей линии фронта


Навальный в России и мире
Москва

Силовики задержали за сутки пятерых журналистов, часть проходит по делу об «участии в работе ФБК», одного жестоко избили при задержании



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Певица

Певица Любовь Успенская назвала россиян своей семьей



Москва

Сергей Собянин: Новый путепровод улучшит пропускную способность других трасс

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net