123ru.net
World News in Tajik
Август
2022

Новости за 05.08.2022

Дидбони саргузашти миллат

Ozodi.org 

Солрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад. Нависандаи маъруф ва яке аз меросбарони Садриддин Айнӣ, барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Абдулҳамид Самад 75-солагии худро ҷашн мегирад. Дар адабиёти муосири тоҷик Абдулҳамид Самадро ҳамчун намояндаи барҷастаи насри деҳотӣ мешиносанд.

Ду медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё (Asian Senior Championships 2022), ки 5-уми август дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон – баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ду медал – як нишони нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.



Ахбори Озодӣ аз 5-уми августи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Моҳи равон равуои роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад, наздикон зани фавтида бовар надоранд, ки марги ӯ дар Варзоб табиӣ буд, вазъи оилаҳои фирории афғон ва матолиби дигар.

Мақомоти тоҷик: баъди омадани Толибон қочоқи маводи мухаддир якбора зиёд шуд

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар як соли сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистони ҳамсоя талошҳои қочоқи  маводи мухаддир бештар шуда, ҳаҷми маводи ғайриқонунии ошкору мусодирашуда тахминан се баробар зиёд шудааст. Ба навиштаи оҷонсии “Ховар”, Ҳабибулло Воҳидзода, раиси  Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бо такя ба таҳлилҳои ин ниҳод рӯзи 5-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт,  “аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон» то моҳи июли соли равон дар... Читать дальше...

Пешбинии обхезӣ ва обшавии пиряхҳо дар рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли обхезӣ дар рӯзҳои 4 то 8-уми август дар пайи обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии кишвар ҳушдор медиҳанд. Ин ниҳод аз сокинон хостааст дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт то 40 дараҷа, қисмати шимолии кишвар 37 то 39 ва дар ВМКБ 36 дараҷа гарм мешавад.  Гармои шадид тобистони имсол боиси омадани сели харобиовар дар чанд минтақа шуд. Пешбиниҳо ин аст, ки моҳи август дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан салқинтар мешавад. Ба иттилои ҳавосанҷон... Читать дальше...

Мария шаҳрванди Тоҷикистон шуд. Даъвои волидони наву кӯҳна давом дорад

Ozodi.org 

Кӯдаки тоҷике, ки баъд аз панҷ сол дар Русия ба волидонаш баргардонида шуд, соҳиби шаҳрвандии Тоҷикистон шуд. Як манбаи огоҳ аз қазия ва наздик ба мақомоти тоҷик дар вилояти Иркутски Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Марияи хурдсол ҳамчунин равоншиносон сӯҳбат доштанд. Вай гуфтааст, бо модараш ба Тоҷикистон меравад.  Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, кӯдак ҳоло ҳамроҳ бо модари тоҷики худ аст ва бо ӯ унс гирифтааст. Марияи панҷсоларо ҳанӯз баъд аз таваллуд бидуни иҷозаи модари биологияш мақомот дар Иркутск... Читать дальше...



"Авеста": Дар Тоҷикистон ҳафт муассисаи таълимӣ аз фаъолият боздошта шуд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳафт муассисаи таълимӣ ва томактабӣ манъ карда шудааст. Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон  гуфтааст, ки кори ин муассисаҳо ба талаботи маориф ҷавобгӯ набудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Авеста" хабар дод. Ба ин тартиб, мактаби хусусии Мирзо Ҳасанзода дар ноҳияи Масчоҳ, муассисаи таълимии “Ояндаи Дурахшон” дар Бӯстон, марказҳои томактабии “Британский дом” ва “Ҳисор”- маркази омӯзишии “Чароғи дониш” аз фаъолият бозмонданд. Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф... Читать дальше...

Толибон: "иддаои" куштори раҳбари Ал-Қоидаро месанҷем. ИМА: Толибон хилоф бо мувофиқаҳо амал карданд

Ozodi.org 

Ҷунбиши Толибон мегӯяд, "иддаоҳо" дар бораи куштори раҳбари созмони Ал-Қоида Айман Завоҳириро таҳқиқ мекунад. Ҳафтаи равон Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки Завоҳирӣ дар пойтахти Афғонистон тавассути ҳавопаймои амрикоии бидуни сарнишин ба қатл расид. Тибқи иттилои манбаъҳои амрикоӣ, Завоҳирӣ 31-уми июл дар манзиле кушта шуд, ки ба раҳбари Толибон таааллуқ дорад. Суҳайл Шоҳин, ки аз тарафи ҳукумати Толибон ба мақоми намоянда дар СММ пешбарӣ шудааст, дар шаҳри Давҳаи Қатар бори аввал мустақиман ҳамлаи... Читать дальше...

Размоиши муштараки нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистон дар Термиз

Ozodi.org 

Нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистон дар размоишгоҳи Термиз ба машқҳои муштараки низомӣ шурӯъ карданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Узбекистон бо нашри чанд акс аз ҷараёни тамринҳо хабар дод.  Машқҳои муштарак таҳти номи “Иттиҳод-2022” рӯзи 3-юми  август оғоз шудаанд. Генерал-майор Шароф Эгамзод, муовини раҳбари Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Зайнобиддин Иминов, фармондеҳи нерӯҳои махсуси низомии Узбекистон, ки тамринҳоро раҳбарӣ мекунанд, изҳори умедворӣ карданд, ки ташкили машқҳои... Читать дальше...

Лавров гуфт, Русия омода аст мавзӯи табодули зиндониҳоро бо Вашингтон баррасӣ кунад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 5-уми август гуфт, ки Маскав омода аст мавзӯи табодули зиндониҳоро бо Вашингтон аз роҳи шабакаҳои амалкунандаи дипломатӣ баррасӣ кунад. Лавров як рӯз баъди он сӯҳбат кард, ки додгоҳе дар Русия  ситораи баскетболи амрикоӣ Бритни Грайнерро дар қочоқи маводи мухаддир айбдор ва ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм мавриди маҳкумияти аъзои тими Грайнеру варзишгарони дигар дар ҷаҳон шуд ва президенти Амрико Ҷо Байден ҳам онро “ғайри қобили қабул” хонд. Читать дальше...

Тоҷикистон бозпурсии бархат ё онлайниро иҷозат дод

Ozodi.org 

Ба муфаттишон дар Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки шоҳидон ё ҷабрдидагонеро, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, тавассути интернет, яъне онлайн бозпурсӣ кунанд. Тоҷикистон ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба ин мазмун тағйиру иловаҳо ворид кард, ки бо нашр расидан дар рӯзномаи расмӣ ба иҷро медарояд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми июл тағйиру иловаҳоро ба қонун имзо кардааст, ки нусхаи он рӯзи 5-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар қисми дуввуми моддаи 197 ин қонун тағйир ворид шуд, ки дар он гуфта мешавад... Читать дальше...

Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни ҷавонони то 19-сола дар Душанбе бо иштироки 5 даста доир мешавад

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки шоми имрӯз дар Душанбе оғоз меёбад, панҷ тими мунтахаб аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе аз 5-ум то 12-уми август доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот ҳар як даста бо рақибони худ дар як давра бозӣ мекунад. Читать дальше...

Ҳаракати қаторҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Русия баъди 10 рӯз оғоз мешавад

Ozodi.org 

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кард, ки баъд аз даҳ рӯз ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳри Волгогради Русия оғоз мешавад. Ин матлабро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 5-уми август зимни нишасти хабарӣ баён кард. Ба гуфтаи вай, нархи чиптаҳо феълан дақиқ нест ва сари ин масъала корҳо идома дошта, дар зудтарин фурсат маълум мегардад. Қаблан намояндагони идораи роҳи оҳани кишвар гуфта буданд, ки ҳаракати қаторҳоро ба самти Русия 30 август оғоз мешавад. Читать дальше...

Одамрабоӣ ҳамчун абзори сиёсӣ барои ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон? Пайомаде дар пай хоҳад дошт?

Ozodi.org 

"Бозгашти иҷборӣ" ва ё "рабудани мухолифон" ба қавли мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, ба як амали роиҷи мақомоти ин кишвар табдил ёфтааст, ки ҳеч пайомади хосеро барои режими Тоҷикистон дар пай надорад.

Дар Қирғизистон баъди марги як сарбоз вазъи равонии низомиёнро меомӯзанд

Ozodi.org 

Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа дар Қирғизистон баъди марги як сарбоз ҳангоми адои хидмат дар муассисаи ислоҳии рақами 27 омӯзиши вазъи маънавию равонии низомиёнро шурӯъ кардааст. "Ба гуфтаи онҳо, ҳеҷ гуна фишори равонӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати низомиён сурат намегирад ва аз шароити хидмат ҳам шикоят намекунанд. Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки сарбози фавтида шахси хушҳол буд ва бо касе муноқиша намекард. Марказ парвандаро зери назорат гирифтааст ва барои омӯзиши муфассали вазъи ахлоқию равонӣ дар муассиса кор мекунад"... Читать дальше...

Корхонаи коркарди нафти Фарғона худсӯзии кормандашро шарҳ дод

Ozodi.org 

Корхонаи коркарди нафти вилояти Фарғонаи Узбекистон худсӯзии корманди худ Санобархон Ҳайдароваро шарҳ дод. Дар баёнияи корхона омадааст, ки зан аз кор ронда нашудааст ва он рӯз ӯро танҳо барои бо худ наовардани гузарнома ба маҳалли кор роҳ надоданд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки корхона ба ӯ ва хонаводааш кумак мерасонад ва дар ин ҳодиса бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумати вилояти Фарғона ҳамкорӣ мекунад. Ҳайдарова 2 август дар назди даромагоҳи корхона ба сару рӯяш бензин рехта, худро оташ зад. Читать дальше...

Рӯзноманигори қазоқ Антон Князев латукӯб шудааст

Ozodi.org 

Хабарнигори сомонаи "Назорати роҳ" Антон Князев 3 август дар шаҳри Уст-Каменогорск аз сӯи афроди ношинос латукӯб шудааст. Бино ба иттилои “Назорати роҳ”, ҳодиса шаби 3 август дар яке аз фурӯшгоҳҳои шаҳр рух додааст. Гуфта мешавад, ҳамлагарон на танҳо рӯзноманигорро латукӯб кардаанд, балки ба мошине, ки ӯ бо он омада буд, осеб расондаанд. Сомона аз қавли рӯзноманигор навиштааст, ки ӯ ним соат омадани пулисро мунтазир мондааст. Ба гуфтаи Князев, гурӯҳи афроди ношинос ҳатто пас аз омадани пулис ба амалҳои ғайриқонунӣ алайҳи ӯ идома медоданд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Расплата за расточительство! ФК «Оренбург» на домашнем поле уступил ФК «Динамо» (Москва) – 1:2


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Кудерметова выиграла турнир WTA в Штутгарте в парном разряде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Мокрый фасад: как сделать отделку по технологии СФТК





Путин в России и мире
Москва

Тема дня: Путин назвал сохранение духовных ценностей условием укрепления суверенитета


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко убежден, что белорусы «никогда еще так хорошо не жили»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Запрещено в служении проводившему панихиду по Навальному священнику



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Концерт

Концерт «Юрий Башмет, Константин Хабенский, ансамбль «Солисты Москвы». К. Сен-Санс «Карнавал животных»



Москва

Арестован злоумышленник, ранивший мотоциклиста на Краснодарской

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net