"Рӯз мегузарад, аммо беҳ намешавад." Чаро Мирзовалӣ Шарипов омӯзгориро тарк накард?
Дар бештар аз як соли охир якбора аз мактаб рафтани тақрибан 15 ҳазор омӯзгор баҳсҳоеро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Сабаби асосиро ба камии маош пайванд медиҳанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон то 140 ҳазор омӯзгор кор мекунанд.