"Зӯрам намерасад." Дарди кӯҳнаи соли нави хониш дар Тоҷикистон. ВИДЕО
Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Теъдоде аз волидон мегӯянд, мактабҳо бо ширкату корхонаҳои алоҳида шартнома доранду либоси ягона бисёр гарон аст ва хариди он барои хонаводаҳои серфарзанд – миёншикан.