Шумори қурбониёни таркиши анбори бозоре дар Арманистон то шаш нафар зиёд шуд
Дар шаҳри Еревани Арманистон дар паи таркише дар анбори нигаҳдории васоили оташбозӣ ё фейерверк дастикам шаш нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Арманистон ба бахши Армании Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти наҷот идома дорад ва ҳанӯз 16 нафар беномунишон дониста мешаванд.
Ба иттилои дафтари шаҳрдории Ереван, дар паи таркише, ки дар анбори воқеъ дар ҳудуди бозори азиме рух дод, сӯхтор сар зад ва ҳанӯз пурра хомӯш карда нашудааст. Сабаби сар задани таркиш маълум нест, вале ба иттилои шоҳидон, сӯхторе, ки якбора баъди таркиш сар зад, шифти бозорро сарозер кард ва бо ин сабаб шумори осебдидагон зиёд дониста мешавад.