Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Август
2022

Медали чаҳоруми варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ

0

Екатерина Ишенко, варзишгар аз Тоҷикистон, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд медали нуқра ба даст овард. Ин медали чаҳоруми варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо ба шумор меравад.

Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа чаҳор варзишгар ширкат дошт. Екатерина дар ду давр варзишгарони Эрон - Пагоҳ Кӯлоҳрудӣ ва Сумайя Мустафои Ҷаъфарухиро мағлуб кард, вале баъдан аз варзишгари Туркия Неслихон Каваш шикаст хӯрд ва ҷойи дувумро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Дар ин намуд медали тило насиби намояндаи Узбекистон Анвар Анваров (8.01) гардид, медали биринҷиро варзишгари турк Ир Наҷотӣ (7.83) ба даст овард.

Ду паҳлавони тоҷик - Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Асламҷон барои дарёфти ҷойи сеюм ба варзишгари Эрон Паноҳистонӣ бо ҳисоби 8:0 ва Фирӯз ба варзишгари Узбекистон Тиркашев бо ҳисоби 8:1 пирӯз шуданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 27-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии шаш рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 209 медал (79 тило, 73 нуқра ва 57 биринҷӣ) гирифтааст.

Мунтахаби Эрон бо касби 94 медал (32 тило, 24 нуқра ва 38 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор дорад. Мунтахаби Узбекистон бо касби 86 медал (27 тило, 24 нуқра ва 35 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кардааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 58 медал (18 тило, 22 нуқра ва 18 биринҷӣ), Қазоқистон - 57 медал (16 тило, 15 нуқра ва 26 биринҷӣ), Индонезия - 33 медал (12 тило, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ), Баҳрайн - 20 медал (9 тило, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Марокаш - 35 медал (9 тило, 6 нуқра ва 20 биринҷӣ), Қирғизистон бо касби 19 медал (6 тило, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ) ва Алҷазоир - 18 медал (5 тило, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 42 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 11 медал (3 тило, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 13-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст.

Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки то рӯзи 18-уми август идома хоҳад кард, 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик, ки 48 нафаранд, дар мусобиқот оид ба панҷ намуд – варзиши сабук, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ) – иштирок карданд. Онҳо боз дар мусобиқот оид ба камонварӣ, ҷудо ва каратэ-до ширкат меварзанд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WT бо медали нуқра мукофотонида шудаанд. Ҳарчор медали биринҷиро варзишгарони тоҷик дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ гирифтаанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин исключил запрет для самокатчиков ездить по тротуарам в Москве


Спорт в России и мире
Москва

ЦСКА и МФТИ заключил соглашение о сотрудничестве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Теннисист Медведев потеряет место в рейтинге ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Более 600 деревьев высадили в дендропарке Ногинска





Путин в России и мире
Москва

Санкт-Петербург не смог обойти Москву в рейтинге жизни населения


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский пожаловался, что западная помощь опаздывает


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



PR time

Один из лучших джазовых вечеров в Петербурге и Москве -  «Jazz под Небом»



Москва

Синоптики спрогнозировали небольшую облачность и до +21 градуса в Москве 23 мая

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net