Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Август
2022

Донишҷӯи тоҷик барои сафари ғайриқонунӣ ба Қирғизистон ҷазо дид

0
Донишҷӯи тоҷик барои сафари ғайриқонунӣ ба Қирғизистон ҷазо дид

Сомонаи «Сводка» (АКИpress) мегӯяд, бо як қарори додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек  рӯзи 5-уми август як донишҷӯи 24-сола  аз Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон гунаҳгор шуд ва ӯ бояд ба ватан истирдод шавад. Исми пурраи ин шаҳрванди Тоҷикистон нашр намешавад. Хабаргузорӣ менависад, ки ин ҷавон бо исми У.И. донишҷӯи риштаи дандонпизишкии факултаи тиббии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин аст.

Бо сабаби эълони пандемияву таҳсили фосилавӣ ӯ рӯзи 7-уми апрели соли 2021 ба Тоҷикистон рафт.  Охири он моҳ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон низои мусаллаҳона рух дод ва ҳукумати Қирғизистон ба таври якҷониба марзашро баст.   

Сентябри он сол дар донишгоҳ таҳсили ҳузурӣ барқарор шуд ва донишҷӯёнро ба идомаи хониш ба Бишкек даъват карданд, вале бо сабаби баста будани марз, донишҷӯи тоҷик натавонистааст аз сарҳад гузарад. «Сводка» бо такя ба парвандаи додгоҳӣ мегӯяд, ки ин донишҷӯи соли охири донишгоҳ бо мақсади идомаи таҳсилу супурдани имтиҳонҳо дар шароити баста будани марз моҳи январи соли 2022 “ғайриқонунӣ” вориди Қирғизистон шудааст. Ба навиштаи ин манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳам  шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳолатҳоро эътироф карда гуфтааст, ки “ба хотири хатми донишгоҳ маҷбур шуд ба ин кор равад”.  

Додгоҳ дар қарори рӯзи 5-уми августаш шаҳрванди Тоҷикистонро барои “убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон” айбдор ва ӯро ба пардохти 80 ҳазор сом (963 доллар) маҳкум кард. Бо қарори додгоҳ, баъди пардохти ҷарима  ин шаҳрванд бояд ба ватан истирдод шавад. Вале  маълум нест, ки акнун  таҳсили ин ҷавон дар донишгоҳ чӣ мешавад ва то куҷо ӯ метавонад бозбинии ҳукмро талаб кунад.  

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи додгоҳи Первомайскии шаҳри Бишкек бо сабаби рӯзи истироҳат натиҷа надод. 

Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо ҳам беш аз 900 км марз доранду беш аз нисфаш ҳанӯз аломатгузорӣ  нашудааст, охири апрели соли 2021 шоҳиди муноқишаи пурхушунати мусаллаҳона гардид, ки дар натиҷаи он аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар рӯй додани ин муноқиша айбдор карданд. Баъди ин робитаҳои сиёсиву иҷтимоии ду ҳамсоя якбора бад шуд. 

Баъди ним соли баста шудани сарҳади Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр Бишкек гуфт, ки нуқтаҳои мушаххаси марзӣ барои  гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёну омӯзгорон боз мешавад. Вале мақомоти вазорати маориф ва вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷикистонии муассисаҳои олии Қирғизистон машварат дод, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ кунанд, чун ҳолатҳои монеагузории сунъӣ ба таҳсилу ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ҷой дорад.  

Ба маълумоти вазорати маорифи Тоҷикистон, соли таҳсили 2020-2021 дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Бишкек, Баткен ва Ӯши Қирғизистон  1932 донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекарданд. Маълум нест чӣ миқдори ин донишҷӯҳо тавонистанд ба таҳсили худ идома диҳанд.  

Дар соли хониши 2020-2021 дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин 79 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекард. Ба иттилои ин муассисаи олӣ, дар маҷмӯъ,  ин донишгоҳро "500 мутахассиси соҳаҳои гуногун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон" хатм кардаанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день


Спорт в России и мире
Москва

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Станислав Кондрашов Telf AG: компания SSAB из Швеции разрабатывает экологически чистый мини-завод в Лулео





Путин в России и мире
Москва

Амурские семьи могут попасть в кино и отправить особенную открытку благодаря душевному проекту


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Ждём расстрела или отравления Зеленского в ближайшее время – Макгрегор


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Ренат Ибрагимов

В Москве почтили память певца Рената Ибрагимова



Москва

Более 250 школьников вступили в ряды «Юнармии» в Музее Победы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net