Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Tel Aviv Grand Slam 2021" маълум шуданд

0
Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021”, ки имрӯз, 18-уми  феврал, дар пойтахти Исроил – Тел-Авив шуруъ мешавад, Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа иштироки 422 варзишгар (248 мард ва 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – дохиланд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми феврал – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегардад. Дар рӯзи дувум – 19-уми феврал - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Бар асоси қуръакашӣ рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ маълум шуданд. Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми феврал – се паҳлавони тоҷик ба рақобат мепардозанд. Сомон Маҳмадбеков бо ғолиби ҷуфти Рока Салвадор Касес (Испания) - Адам Стодолски (Лаҳистон) қувваозмоӣ мекунад. Беҳрӯзи Хоҷазода бо варзишгари узбек Ҷалолиддин Бойназаров вориди рақобат мешавад. Акмал Муродов бошад, бо Александр Виежерзак аз Олмон рақобат хоҳад кард.

Дар рӯзи севуми мусобиқа – 20-уми феврал – Комроншоҳи Устопириён бо Юто Галаррето Виллар аз Перу, Темур Раҳимов бо Ерассил Кажибоев аз Қазоқистон ва Шакармамад Мирмамадов бо Наор Итаҳ аз Исроил қувваозмоӣ мекунанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз, барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tel Aviv Grand Slam” ин дувумин мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов - иштирок карданд.

Аз байни онҳо натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов ба даст овард. Ин паҳлавони 23-солаи тоҷик дар вазни сангинтарин (+100 кг) аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, дутоашро бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Развиваем систему здравоохранения


Спорт в России и мире
Москва

Команда подмосковного главка Росгвардии заняла призовое место на чемпионате Центрального округа по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Потапова обыграла Шнайдер на старте грунтового турнира WTA 1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

АО «Транснефть – Прикамье» провело свыше 3 тыс. экологических исследований в I квартале 2024 года





Путин в России и мире
Москва

Путин поручил сократить время пути поездов от Москвы до Черноморья до 16 часов


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Владимир Высоцкий

Что Золотухин рассказывал про некрасивые тайны Таганки и почему Высоцкий его не простил



Москва

Суд отказался отправлять на экспертизу документ об отставке Дубровина из правительства Забайкалья

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net