Аз Омбудсмени кӯдак дар бораи ҷазои сахттар, аз ҷумла "ахта"-и гунаҳкорон ба таҷовуз пурсиданд. ВИДЕО
Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди сахттар кардани ҷазои гунаҳкорон ба азияти ҷинсии ноболиғонро баррасӣ доранд, вале ҷузъиёт надод.
Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди сахттар кардани ҷазои гунаҳкорон ба азияти ҷинсии ноболиғонро баррасӣ доранд, вале ҷузъиёт надод.
Иттиҳоди Аврупо ба дипломатҳои худ дар Маскав иҷоза дод, ки агар хоҳиш дошта бошанд, бо воксинаи сохти русии “Sputnik V” эм карда шаванд. Ин воксина ҳанӯз иҷозати идораи дахлдори аврупоиро дарёфт накардааст. Дар як имейли дохилии корие, ки дипломатҳои аврупоӣ дар Русия дарёфт карданд, як мақоми баландпояи ИА дар Маскав рӯзи 3 феврал навиштааст, “мақомоти шаҳри Маскав тасмим гирифтанд, ки барномаи эмкунӣ бар зидди COVID-ро дар миёни кормандони сохторҳои дипломатӣ ҳам ба роҳ монанд”. Дар имейле... Читать дальше...
Варзишкори амрикоӣ размикори UFC Дастин Поре барои як рақобати дигар бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор ишора кард
Додгоҳе дар кишвари аврупоии Белгия як дипломати эрониро бар асоси парвандаи бомбгузории пешгиришуда ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ин нахустин додгоҳе дар Иттиҳоди Аврупо оид ба иттиҳоми терроризм аст, ки баъди инқилоби исломии соли 1979-и Эрон баргузор мешавад. Дипломати муқими Вена Асадулло Асадӣ рӯзи 4-уми феврал барои талоши анҷоми ҳамлаи террористӣ гунаҳгор дониста шуд. Додгоҳ гуфт, ки ӯ мехост дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2018 дар раҳпаймоии Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки як созмони мухолифи режими Теҳрон аст, ҳамла анҷом диҳад. Читать дальше...
Созмони байналмилалии Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, дар қаламрави АвруОсиё шаҳрвандони Тоҷикистон бо "бузургтарин мавҷи саркӯбҳо рӯ ба рӯ ҳастанд" ва "ҳукумат қудратро дар дохил тақвият дода, мухолифонро дар хориҷа ҳадаф қарор медиҳад".
Додгоҳе дар Қирғизистон мӯҳлати ҳабси муваққатии собиқ президент Алмосбек Отамбоевро то 7-уми апрел тамдид кард. Замир Ҷоошев, вакили Отамбоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Биринчи майи шаҳри Бишкек рӯзи 4-уми феврал бори дигар талошҳо барои интиқоли Отамбоеви 64-сола ба ҳабси хонагиро рад кард. Отамбоев июни соли 2020 барои нақшаш дар озод кардани як ҷинояткори бонуфуз ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Моҳи ноябр Додгоҳи олӣ ин парвандаро бозпас барои баррасӣ дар додгоҳи ноҳиявии Бишкек фиристод... Читать дальше...
Як антрополог ё инсоншиноси эронии бритониёӣ, ки барояш дар Эрон зиндони тӯлонӣ таҳдид мекунад, гуфт, ки барои бозгашт ба Бритониё аз марзи кӯҳии Эрон пои пиёда убур кардааст. Комил Аҳмадӣ рӯзи 3 феврал ба матбуоти Бритониё гуфт, дар шароите аз Эрон фирор кард, ки бар ивази гаравпулӣ дар озодии шартӣ қарор дошт. Аҳмадӣ дар сӯҳбат бо ВВС гуфт: “Ман фирор кардам. Як дастгоҳи риштарошӣ, чанд китоби худ ва компютерамро ба борхалтаам андохта баромадам”. Ба гуфтааш, ҳамроҳ бо худ либоси гарм гирифт, чун медонист... Читать дальше...
Дар остонаи суханронии мақомдори калони Иттиҳоди Аврупо дар Маскав, Русия ҳамоно интиқодҳо аз зиндонӣ шудани сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва саркӯби ҳазорҳо эътирозгарро рад мекунад. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррелл 4-ми феврал сафари серӯзааш ба Маскавро шурӯъ мекунад ва ин сафар дар пасманзари интиқодҳои Ғарб аз ҳукми Навалний ва тарзи бархӯрд бо эътирозгарон баргузор мешавад. Ин мавзӯъ яке аз масоили калидӣ дар гуфтугӯҳои Боррелл бо мақомоти Русия хоҳад буд. Читать дальше...
Мақомоти интизомии Русия гуфтанд, як марди тоҷикро бо гумони куштани ҳамсару хусураш дар шаҳри Перм дастгир кардаанд.
Як шоиру ҳуқуқдони тоҷик азоби садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои ёфтани рӯзии худу хонавода дар Русия кор мекунанд, дар китоби "Рози муҳоҷир" ба тасвир кашидааст.
То кадом ҳудуд ҷазо барои азияти ҷинсии ноболиғон шадид хоҳад шуд? Баъзе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кардаанд, ки масъулони ин амал "ахта" шаванд.
Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" 41 миллион сомонӣ камомад ошкор кардааст.
Созмони ҳомии ҳуқуқи башар "Freedom House" мегӯядд: Ҳукумати Тоҷикистон дигарандешонро дар хориҷа ҳам ором намегузорад. Вале ҳавородони ҳукумат ин гузоришро қабул надоранд.
Роҳи оҳани Тоҷикистон ба интиқоли мусофирон омодааст, вале ба қавли мансабдорони ин соҳа кишварҳои ҳамсоя ба қабули мусофирони тоҷик тайёр нестанд.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, оид ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона барои муқобила ба бемории COVID-19 санҷишҳояшон дар шаҳру навоҳии кишвар камбудҳоеро ошкор намудааст. Дар Тоҷикистон тақсими одилонаи миллионҳо доллар кӯмаки созмону кишварҳои хориҷӣ барои мубориза бо коронавирус аз масъалаҳоест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста назорати ҷиддии онро аз сӯи мақомот талаб мекунанд. Аслиддин Ҳасанзода, сараудитори Палатаи ҳисоб рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пай... Читать дальше...
4-уми феврал, ки Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо саратон аст, табибони тоҷик ба афзоиши ин навъи беморӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд. Соли 2019 ташхис нишон додааст, ки дар Тоҷикистон шумори умумии гирифторони саратон беш аз як ҳазор нафар зиёд шуда, ба 16,300 нафар расидааст. Саратоншиносони тоҷик мегӯянд, баъди бемориҳои марбут ба дил, саратон дар ҷои дуюм меистад. Саратони сина дар миёни занон дар ҷои аввал буда, дар ҷои дуюм саратони узвҳои занона, баъди он саратони меъда дар миёни мардон ва саратони узвҳои мардона қарор доштааст. Читать дальше...
Додситонии вилояти Хатлон соли 2020-ум 271 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар ин вилоятро бекор кардааст. Ба қавли додистонӣ 85 дар сади ин қарорҳо ба тақсими нодурусти замин дахл доштанд. Ин рақам дар нисбати соли 2019 - 57 ҳолат бештар будааст. Дар додситонӣ гуфтаанд, 46 фоизи қарорҳои бекоршуда ба раисоне тааллуқ доштанд, ки феълан дар сари вазифаанд. Соли гузашта дар ин вилоят нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 4 ҳазору... Читать дальше...
Аз муҳоҷирон дар қаламрави Русия даъват карданд, ки дар гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои бидуни иҷозат ширкат накунанд. Бо чунин даъват Федератсияи муҳоҷирони Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат кардааст. Вадим Коженов, раҳбари федератсия таъкид намудааст, ки иштироки муҳоҷирон дар гирдиҳамоиҳо метавонад ба боздошт ва ихроҷи онҳо аз Русия сабаб шавад. Ин даъват дар шароите садо медиҳад, ки рӯзҳои 23 ва 31-юми январ дар Маскаву Санкт Петербург ва як қатор шаҳрҳои дигар ба ҷонибдорӣ аз раҳбари мухолифони... Читать дальше...
Дар Душанбе ду ронандаи автобусро барои ташкили пойга аз кор озод карданд. Кормандони милисия баъди нашри навори пойгаи автобусҳо дар маркази пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқиқ пардохтанд. Маълум шудаааст, ки ин ду ронанда барои тезтар расидан ба истгоҳ ва гирифтани мусофири бештар байни ҳамдигар сабқат карда, ҳолати садамавиро ба вуҷуд овардаанд. Дар лаҳзаи пойга дар дохили автоубсҳо мусофирон буданд. Мақомоти интизомӣ нисбати ҳар ду ронанда парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Ронандагонро... Читать дальше...
Созмони Freedom House мегӯяд, Русия ва Эрон дар миёни кишварҳои азими худкомае мебошанд, ки мухолифонашонро дар хориҷ таъқиб мекунанд. Дар гузорише, ки 4 феврал нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳукуамти Русия собиқ мансабдорон ва афродеро, ки барои режимҳои худ як таҳдид арзёбӣ мекунанд, дар хориҷи кишвар низ марвиди ҳамла қарор додааст. Ба қавли Freedom House, қароргоҳаш дар ИМА, дар 6 соли гузашта 26 сӯиқасд ё талоши суиқасд ба ҷонро ташхис намудаанд, ки 7 ҳолаташ ба Русия марбут аст. Режими Эрон... Читать дальше...
Тоҷикистон ҳоло масъалаи ҷорӣ кардани роҳҳои нави пулакиро баррасӣ намекунад. Дар ин бора дирӯз вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар як нишасти матбуотӣ хабар дод. Вазири нақлиёт бо ишора ба масъалаи гуё пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар гуфт, ин роҳ феълан бозсозӣ мешавад. «Имсол татбиқи марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи роҳи мазкур ба анҷом мерасад. Марҳилаи сеюми лоиҳаи Кизилқалъа-Бохтар, ки 9,2 км дарозӣ дорад, таҷдид мегардад ва бо ҳамин сабаб, ба гуфтаи вазир, ҳоло мавзӯи пулакӣ кардани ин роҳ матраҳ нест. Читать дальше...
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
123ru.net — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.