Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2021

“Баҳс аз дури наздик”. Муносибати тоҷикон ба Навалний ҷомеаро ду тақсим кардааст

0
“Баҳс аз дури наздик”. Муносибати тоҷикон ба Навалний ҷомеаро ду тақсим кардааст

Дурӣ ҷустан аз суҳбатҳои марбут ба сиёсати дохилии кишвари худ монеъ намешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи парвандаи мухолифи рус Александр Навалний изҳор назар накунанд. 

Бархеҳо ӯро чун сиёсатмадоре медонанд, ки барои дигаргуниҳои демократӣ дар кишвари худ талош мекунад, дигарҳо чун миллатгарое, ки аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро таҳдид карда буд.

Далели асосӣ

Расул яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ошкоро аз ҳукумати Русия пуштибонӣ мекунад ва зидди Навалний менависад. “Ҳоло шаҳрвандони мо ба Русия мераванд ва хонаводаҳои худро ба шарофати ҳамин ҳукумат мехӯронанд. Навалний як миллатгаро аст ва мухолифи муҳоҷирон сухан мекунад, аз ин рӯ чизи хубе аз ӯ мунтазир шудан нашояд”,- мегӯяд ҷавони тоҷик.

Алексей Навалний ҷонибдори ҷорӣ кардани режими раводид бо кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ва мухолифи муҳоҷирати ғайрирасмӣ аст. Ин яке аз далелҳои асосии тоҷиконест, ки зидди ӯ садо баланд мекунанд. Вале на ҳама ба ин фикранд. Ҳастанд нафароне, ки ин идеяро пуштибонӣ мекунанд ва ҷонибдори муҳоҷирати расмӣ ҳастанду мухолиф ба ин ки муҳоҷирон ба сифати абзори фишор дар равобити Душанбеву Маскав истифода шаванд.

“Ҷонибдорон”-у “мухолифон”

Гуфтугузор дар мавриди сиёсат, бахусус интиқод аз ҳукуматдорон дар Тоҷикистон дар солҳои ахир табу ё мавзуи мамнуъ шудааст. Зоҳиран, ин манъкунии ғайрирасмӣ садди роҳи ба баҳс кашидани ҳаёти сиёсӣ дар Русия намешавад.

Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигори тоҷик яке аз онҳое аст, ки алайҳи Навалний муроҷиати видеоӣ нашр кард. “Ӯ (Навалний) андешаи миллӣ надорад. Ғарб дар фикри пора-пора кардани Русия аст, вале Путин баръакс дар фикри Русияи воҳид. Навалний тавассути маблағҳои ғарбиҳо мехоҳад, Русияро пора-пора карда, диҳад ба Аврупо ва бархе аз рӯзноманигорон ва коршиносони мо бо пуштибонӣ аз ӯ, алайҳи Путин ҳастанд”,- таъкид мекунад Талбаков.

Ин гуна баҳсҳо дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз баҳсҳои русҳо дар мавриди мавзуъи рӯзи кишвари худ камӣ надорад.

Рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ аз он дар ҳайрат аст, ки чаро шахсият ва эътирозҳои Навалний дар ҷомеаи Русия ин қадар манфинигариҳоро миёни корбарон ба бор овардааст. “Онҳое, ки ҳама вақт дар бораи сахтии зиндагӣ дар Русия ва муносибати бади ниҳодҳои давлатӣ ҳарф мезаданд, имрӯз ҷонибдори ин ҳукумат шудаанд. Ҳукумате, ки ин ниҳодҳои давлатиро раҳбарӣ мекунад, ки аз онҳо ҳамеша муҳоҷирон шикоят доранд. Худи Навалний ҳам қурбони ҳамин ниҳодҳои давлатӣ шуд, вале намедонам чаро мунтақидон ҷониби ҳукуматро гирифтанд”,- мегӯяд Саидаминӣ.

Ӯ меафзояд, ки даҳҳо намояндаи ҳукумати Русия суханони нохушоянде дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи президенти кишвар гуфтанд, вале ин ҳеч касро он қадар нигарон накард, ки суханони Навалний кард. “Ҳар касе дар мавриди парвандаи Навалний баҳс мекунад, бигзор кори раиси ноҳияи худро ба баҳс бикашад, ки аз он кадом фоида ҳаст, вале муҳокима кардани Навалний ҳоло ҳеч маъное надорад”,- мегӯяд рӯзноманигор.

Дар бораи парвандаи Навалний

Алексей Навалний 17-уми январ ҳангоми бозгашт аз Олмон ба Маскав боздошт шуд, ки дар онҷо муолиҷа мекард. Ин мухолифи ҳукумати Русия 20-уми августи соли 2020 дар дохили тайёраи хатсайри Томску Маскав аз ҳуш рафта буд, ки ӯро дар Омск бистарӣ карданд, ки баъдан барои табобат ба Олмон бурда шуд. Он ҷо мутахассисон дар бадани ӯ осори маводи заҳролудкунандаи низомиро ошкор карданд.

Кишварҳои ИА, ИМА ва Бритониёи Кабир ба ин натиҷа расиданд, ки гап сари истифодаи силоҳи кимиёӣ меравад ва аз мақомоти Русия талаб карданд, ки ҳодисаи рухдодаро шарҳ диҳад. Мақомоти Русия бо такя ба табибон, далели ҷо доштани заҳролудкуниро рад кард.

Баъди рухсат шудани аз бемористони “Шарите” Навалний барои чанд моҳ дар Олмон монд ва давраи барқароршавии саломатияшро гузаронид. Дар Идораи федералии иҷрои ҷазои Русия таъйид кардаанд, ки ӯ дар мавриди ин ба таври зарурӣ хабар надодааст. 17 январ, Навалний ба Русия омад ва рост дар фурудгоҳ боздошт шуд.

Як рӯз пас аз боздошт шудани ин мухолиф дар фурудгоҳ, Бунёди мубориза бо фасоди ӯ як таҳқиқоти дусоатаи видеоиеро нашр кард, ки дар он гуфта мешуд сарватмандони кишвар барои як бошишгоҳи Путин дар канори Баҳри сиёҳ 1,3 миллирад доллар сарф кардаанд.

Зиндонӣ кардани Навалний рӯзҳои 23-31-уми январ сабаби эътирозҳои оммавӣ ба хотири озод кардани ӯ дар шаҳрҳои гуногуни Русия шуд. Дар тамоми Русия бештар аз 10 ҳазор иштирокчии ин эътирозҳо боздошт шуд, ки садҳо нафар ҳоло ҳам таҳти ҳабси маъмурӣ қарор доранд.

«Таъсиргузорӣ ба тафаккур»

Рӯзноманигори тоҷик Аҳмадшоҳ Комилзода бар ин аст, ки парвандаи Навалний, ки арзишҳои демкоратиро дар Русия зери суол мебарад, мустақиман ба Тоҷикистон ҳам таъсир мегузорад. “Агар аз нигоҳи ҷомеаи бозу демократӣ ба ин назар кунем, Навалний ҳақ талаб мекунад ва мехоҳад, пеши роҳи худхоҳиҳову бесариҳои ҳукуматашро бигирад ва онҳоро зери танқид мемонад, то таъсире ба ҷомеа дошта бошад. Дар Тоҷикистон зиндагии одамони зиёде ба Русия хеле иртибот дорад ва онҳо худро ҷузъе аз рӯзгору фарҳанги Русия ҳисоб мекунанд, табиист, ки ҳар чизе ҳукумат мегӯяд, онҳо пуштибонӣ мекунанд” - мегӯяд Комилзода.

Ба назари ӯ таъсири ин ҳаводис ба ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон вобаста ба сатҳи тафаккури мақомот ва мардум хоҳад буд, “мардум мебинад, ки ҳукумати Русия бо қудрати худ садди роҳи рушди андешаҳои демократӣ дар ин кишвар шудааст ва медонанд, ки Тоҷикистон ҳам ё бештар ва ё камтар дар ин сатҳ аст ва метавонад садди роҳи андешаҳои демократӣ шавад”.

Муовини пешини директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров назари дигар дорад. “Таъсири хуб аст, аз он нуқтаи назар, ки чӣ гуна кишварҳои абадқудрат модоме ки бо Русия бозӣ мекунанд, пас бо Тоҷикистон ҳам метавонанд, чунин бозиҳоро кунанд”,- мегӯяд сиёсатшинос. Ӯ меафзояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша дар ҳама мавзуъҳо озодона ҳарф мезанад ва ҳеч касе ҳақ надорад, онро маҳдуд кунад.

Зимнан, Тоҷикистон ҳамеша зери интиқоди созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои маҳдудияти озодии баён, аст. Мувофиқи раддабандии Freedom House кишвар вориди рӯйхати давлатҳои ноозод шудааст.

“Натиҷаи таъсири телевизион”

Мухолифи тоҷик, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон Алим Шерзамонов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бар асари интернети қимат ва камдастрас 90 дарсади афкори ом зери таъсири телевизион ва асосан шабакаҳои русӣ шакл мегирад. “Ба ҳамин сабаб, агар дар Русия Путин 20 дар сади эътиборашро бо сабаби ин қазия аз даст дода бошад, дар Тоҷикистон эътибори Путин аз ончӣ буд поин наомад, аммо эътибори Навалний боз ҳам поинтар рафт. Гуруҳи кучаке аз коршиносон шояд аз мавқеи ӯ ҷонибдорӣ кунанд, лек аксарият ҷонибдораш нестанд”, - бовар дорад Шерзамонов.

Ба гуфтаи вай, ҳукми Навалний дасти шарикони Русияро бештар боз мекунад, аз ҷумла Душанбеи расмиро, ки дар оянда тавонанд бе ҳеч андеша ва далелу исбот аз рақибони сиёсии худ халос шаванд.  Дар баробари ин Шерзамонов бовар дорад, ки дар фурсатҳои наздик тағйироти решаие ҳам дар режими сиёсии Русия ва ҳам кишварҳои наздики ҷонибдораш рух хоҳад дод.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин перечислил самые популярные виды туризма в Москве


Спорт в России и мире
Москва

Московское "Динамо" возглавило турнирную таблицу РПЛ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Российский бизнесмен обвинил Алькараса в договорных матчах. Он направил письмо в ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Светильники обновили в переходах и тоннелях Москвы





Путин в России и мире
Москва

Мантуров: на инаугурации Путина 7 мая представят обновленный Aurus Senat


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Русских заявил о субсидировании новых авиарейсов до Минска




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Андрей Губин

Андрея Губина не узнают поклонники



Москва

Гештальт-психолог Саморукова напала на сотрудницу отеля в Москве

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net