Боррелл дар мулоқот бо Лавров мавзӯи Навалнийро матраҳ мекунад
Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5 феврал дар мулоқот бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров мавзӯи ҳабси раҳбари мухолифони ин кишвар Алексей Навалнийро матраҳ кунад. Боррелл, ки рӯзи 4 феврал бо як сафари серӯза вориди Маскав шуд, норозигии шадиди Иттиҳоди Аврупо бо Маскавро дар робита бо “низоъ дар ҳамсояи наздиктарини худ” баён кард. Кишварҳои аврупоӣ ҳабси Навалний ва ширкатдорони намоишҳои эътирозиро маҳкум карданд. Навалний баъди бозгашт аз табобати заҳролудшавӣ дар Берлин боздошт ба мӯҳлати 2 солу 8 моҳ ҳабс шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ ҳукми ҳабси шартии додгоҳи соли 2014-ро нақз кард ва ба ҳамин хотир, ба зиндон меравад. Боррелл дирӯз гуфт: “Мо мавқеи худро дар бораи заҳролудкуниву ҳабси Алексей Навалний ва ҳазорҳо эътирозгарон дар рӯзҳои гузашта хеле рӯшан баён кардем”.
Ин дар ҳолест, ки субҳи 5-уми феврал дар додгоҳи Бабушкинскии Маскав Алексей Навалний дар як мурофиаи наве ҳозир шуд. Ин парвандаи июни соли 2020 бозшуда ба тӯҳмат дар ҳақи як собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон рабт дорад. Ин мард дар як навори видеоии таблиғотии ислоҳоти конститутсионӣ иштирок карда буд.