Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Вазири тоҷик гуфт, касе дар зиндон аз СОVID нафавтидааст. Ба гуфтааш шубҳа доранд. ВИДЕО

0

Мақомоти расмӣ гуфтанд, аз замони сирояти коронавируси нав дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 нафар бар асари илтиҳоби шуш фавтидаанд. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар воқеъ 11 маҳбус аз бемории сахти шушро тасдиқ кард, аммо дар бораи сирояти СОVID-19 ба зиндониён иттило надод.

Вай гуфт, ягон мавриди марги маҳбусон бар асари беморӣ сабт нашудааст: “Дар маҳбасҳо тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя мешуд. Аз рӯзи аввали пайдо шудани беморӣ тамоми қоидаҳо, истифодаи маҳлулҳои зиддисироятӣ, риоят шуда, як муддати муайян дидорбинии онҳо бо наздиконашон манъ шуд. Ҳамаи ин талошҳо барои ин буд, ки шароити нигаҳдории маҳбусон ба сатҳи стандарти байналмилалӣ баробар нест ва мо кӯшиш кардем, сироят ҳар қадар кам бошад”.

Дар Тоҷикистон 19 зиндон ҳаст ва дар онҳо ҳазорон нафар нигаҳ дошта мешаванд. Аммо бархе наздикони маҳбусон ба гуфтаҳои мақомот дар бораи набудани коронавирус дар зиндонҳо аз оғоз шубҳа доштанд. Баҳори соли гузашта, пайвандони чанде аз зиндониён ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, наздиконашон дар маҳбас аз бемории монанд ба СОVID-19 ранҷ мекашанд.

Моҳи октябри соли гузашта ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз вазъи саломатии шавҳараш нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, шавҳараш пас аз гирифторӣ ба беморӣ дар зиндон ҳоли хубе надорад. Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода гуфта буд: “Он кас ба ман гуфтанд, ки ба бемории коронавирус гирифтор шудам, беморам, бемадорам. Вазъам бад аст.”

Аз ин пештар Шуҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб узви зиндонии дигари ин ҳизб, ки дар зиндони рақами 1 адои ҷазо мекунад дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси рентгени падарашро ба як табиби хориҷӣ нишон дод ва ин пизишк гуфтааст, "90 дарсад падари шумо гирифтори СOVID-19 аст".

Иттилоъ дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар шароити коронавирус асосан аз суҳбатҳои мақомот ва тамосҳои маҳбусон бо наздиконаш мерасад. Баъзе аз наздикони зиндониён пештар гуфтаанд, баъд аз хуруҷи коронавирус хешовандонашон телефонӣ аз зиндон бо онҳо суҳбат мекунанд.

Онҳо мегуфтанд, ки аз наздиконашон озмоиш нагирифтаанд, аммо вазири адлияи ин иддаоро рад кард. Музаффар Ашуриён гуфт “дар мавридҳое, ки нишонҳои беморӣ дар зиндониён мушоҳида шуда бошад, аз он тест гирифта шуд”. Вазир гуфт, ки бо вуҷуди сабт нашудани ин беморӣ дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон, ҳануз ҳам чораҳои беҳдоштӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ риоя мешавад ва ин ба маънии аз хатар эмин мондан нест.

Дарёфти иттилои воқеӣ ва бетарафона аз дохили зиндонҳои Тоҷикистон имкон надорад, чун ҳеч созмони ҳомии ҳуқуқ имкони боздид аз зиндонҳоро надоранд. Коршинсони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки моҳи май ба Тоҷикистон омаданд, гуфтанд, ба зиндонҳо роҳ наёфтанд.

Моҳи майи соли гузашта дар оғози пайдоиши ин беморӣ дар Тоҷикистон пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъ ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст нашудааст. Мақомот ҳафтаи сеюм аст, ки аз набуди сирояти коронавирус гузориш медиҳанд, аммо мутахассисон ба ин баёнияҳо ва омори расмии мақомот бовар надоранд. Ба гуфтаи вазорати тандурустӣ, то рӯзи 31-уми январ дар Тоҷикистон 13308 нафар гирифтори коронавируси нав сабт шудааст ва аз ин миён 90 нафар ҷон додаанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин на стройке судоверфи в Москве


Спорт в России и мире
Москва

Лучшие кадеты ПФО побывали на репетиции Парада Победы в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Соболенко уступила Свентек в финале турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Лесной северный олень Прохор переехал в Керженский заповедник из зоопарка





Путин в России и мире
Москва

В городах России выступят летом юные вокалистки из Приамурья


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья Шмидт попросил защиты у Лукашенко и политического убежища в Белоруссии




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

Сотрудники библиотеки №12 им. А.К. Толстого Брянска провели музыкально-литературный вечер к 100-летию со дня рождения поэта Булата Окуджавы



Москва

Российский турист напился и улегся спать на карнизе второго этажа музея, шокировав прохожих

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net