Амрикову Канада ҳавопаймоҳои Русияро дунболагирӣ карданд
Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Канада ду ҳавопаймои бомбаандози Русияро думболагирӣ кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот ба минтақаи таҳти назорати неруҳои Канада ворид шудаанд.
Фармондеҳи неруҳои муҳофизатии Амрикои шимолӣ рӯзи 26-уми январ гуфт, ки ду ҳавопаймоии Ту-160 – и Русия рӯзи 25-уми январ мушоҳида шудаанд ва ду ҳавопаймои ҷангии F-22 ва ду ҷангандаи CF-18 аз Канада ба маҳалли вуруд парвоз карданд ва ҳавопаймоҳои Русияро аз фазои зери назорат берун кардаанд. Ҳавопаймои Ту-160 қодир ба ҳамли мушакҳои атомист.
Маҳалли зери назоратро нагуфтаанд. Хабаргузории ТАСС-и Русия аз қавли мақомоти Амрико навиштааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба қаламрави ҳавоии кишваре ворид нашудаанд.
Хабаргузорӣ бо такя ба вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ки ҳавопаймоҳо дар қаламравҳои байналмилалии обӣ дар Уқёнуси Арктика парвози маъмулӣ анҷом дода ва дар ҷараёни парвози 15-соата «сӯхтгирӣ дар фазоро таҷриба карданд». Маскав солҳои ахир бо ҳамин шева қудрати низомиашро ба намоиш мегузорад.