123ru.net
World News in Tajik
Январь
2019

Новости за 02.01.2019

Нархи бимаи ҳатмии мошин дар Тоҷикистон боло рафт

Ozodi.org 

Бо оғози сол бархе хадамот ва иҷозатномаҳои давлатӣ барои соҳибони мошинҳои шахсӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла, нархи бимаи ҳатмии мошин ва иҷозаи сиёҳ кардани оинаҳои мошин иваз шуд.

Бунафшаҳои Сафар Шамсиеви 15-сола

Ozodi.org 

Сафар Шамсиев 15 сол дорад ва аллакай як гулпарвари ботаҷриба аст. Дар ду соли гулпарвариаш 200 навъи бунафшаҳои хонагиро парвариш ва зиёд кардааст.



Ҷанҷоли ҷосусӣ: ИМА аз Русия шарҳи боздошти шаҳрвандашро талаб кард

Ozodi.org 

Мақомоти ИМА интизор доранд, ки дар робита ба боздошти сарбози пешини нерӯҳои пиёданизоми баҳрии Амрико Пол Уилан, ки ахиран дар Русия бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуд, аз Маскав маълумоти бештар бигиранд, - дар ин бора Котиби давлатии ИМА Майк Помпео хабар дод. "Мо ба Русия изҳори умед кардем, ки соатҳои наздик ба ӯ дастрасӣ пайдо кунем ва дар бораи ин қазияи маълумоти бештар бигирем",- гуфт Помпео рӯзи 2 январ дар ҷараёни сафараш ба Бразилия.  Рӯзи 31 декабр Хадамоти амнияти федеролии Русия - ФСБ гуфт... Читать дальше...

Миллиардерҳои Русия дар як сол қариб $6 миллиард гум карданд

Ozodi.org 

Ба маълумоти оҷонсии Bloomberg, миллиардерҳои рус дар соли 2018 ҷамъулҷамъ 5,9 миллиард доллар гум карданд. Дар феҳрасти 500 сарватманди дунё, ба гуфтаи Bloomberg, 25 шаҳрванди Русия шомил аст.Дар давоми соли гузашта танҳо нуҳ нафари онҳо тавонистанд дороии худро бештар кунанд. Сегонаи сарватмандони рус, ки натавонистанд доротар шаванд, молики "Ренова" Виктор Векселберг бо $3,1 миллиард бохт, президенти ширкати маъдани Урал Искандар Маҳмудов бо $2,4 миллиард ва молики "Серверстал" Алксей Мордашев бо $2,2 миллард доллар бохт номбар мешаванд. Читать дальше...

Намояндаи Тоҷикистон раҳбарии сохтори зиддитеррористии СҲШ-ро ба ӯҳда гирифт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба ӯҳда гирифт. Хабаргузории Интерфакс рӯзи чоршанбе бо такя ба вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмонро, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов ба ӯҳда мегирад. Ғиёсов давоми солҳои 2017-2018 дар... Читать дальше...

Эътирозҳои Ҳиндустон баъди ибодати занҳо дар маъбади Сабаримала

Ozodi.org 

Ба думболи ибодати ду зан дар маъбади шаҳри Сабаримала, аёлати Керала - бузургтарин макони зиёрати ҳиндуҳо, эътирозҳо оғоз шуданд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳурот аз гази ашковар истифода кард. Дар ин бораи матбуоти Ҳиндустон рӯзи 2 январ хабар дод. Эътирозгарон якчанд роҳро бастанд. Баъзе иштирокдорони тазоҳурот дукондорон ва савдогаронро ба коршиканӣ даъват карданд. Дар баъзе ноҳияиҳои аёлат мардум ба сӯи пулис санг андохтанд. Рӯзи 1 январ барои аввалин бор дар чандин аср, ба ду зан даст дод, ки дар маъбад ибодат кунанд. Читать дальше...



Рӯзи 4 март дар Бадахшон интихобот баргузор мешавад

Ozodi.org 

Рӯзи 4 март дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар интихобот Ёдгор Файзов бар ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба узвияти маҷлис шомил мешавад. Ин тасмим рӯзи 2 январ дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гирифта шуд, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссиюни интихоботҳо баргузор гардид. Шодихон Ҷамшед то 1 октябри соли 2018 дар... Читать дальше...

Президент фармони "Солҳои рушди деҳоту сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро имзо кард

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон рӯзи 2 январ фармонеро имзо кард, ки тибқи он солҳои 2019-2021  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон мешавад. Дар вебсайти президент гуфта мешавад, ки ин тасмим мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ гирифта мешавад. Масъулияти назорати иҷрои ин фармон ба дӯши Дастгоҳи иҷроияи президент вогузор мешавад. Қарор аст дар давоми як моҳ нақшаи нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии... Читать дальше...

Модари Даврон: "Чӣ гуна як бачаи солим худкушӣ мекунад?"

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Хатлон дархости ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Даврон Бобоев, як марзбони тоҷикро рад кардааст, ки рӯзи 11-уми ноябр ҷасади овехтаашро дар ҳаммоми яке аз воҳидҳои низомӣ пайдо карданд.

Netflix саҳнаи танқиди Арабистони Саудиро аз шоу бардошт

Ozodi.org 

Онлайн-синамои Netflix саҳнаи танқиди Арабистони Саудиро аз намоиш берун кард. Дар ин бора матбуоти ИМА рӯзи 2 январ хабар дод. Муҷрии телевизион Ҳасан Минҳоҷ Риёзро барои куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия, танқид кард. "Фурсате расидааст, ки муносибат бо Арабистони Саудӣ бозбинӣ шавад. Ман инро ҳамчун як мусалмон, ҳамчун як амрикоӣ мегӯям",- гуфт Минҳоҷ дар барномаи мазҳакавиаш бо номи " Қонуни Ватанпарастӣ". Мақомоти Саудӣ ин саҳнаро нақзи қонунҳои маҳаллӣ оиди ҷиноятҳои киберӣ арзёбӣ карданд. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 2-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Ширкати ҳавоии "Тоҷикэйр" ҳавопаймоҳояшро ба замин шинонд, шумораи қурбониҳои фурӯрезии хона дар Магнитогорск то 16 нафар афзоиш ёфт, шиканҷаи муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи Сахаровои Маскав ва фурӯши бидуни тағйири симкортҳо дар Тоҷикистон.

Дар Амрико алайҳи муҳоҷирон аз гази ашковар истифода шуд

Ozodi.org 

Марзбонҳои ИМА бо ҳадафи пароканда кардани муҳоҷирон дар марзи Мексика аз гази ашковар истифода карданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 2 январ гузориш дод. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, ҳудудан 150 нафар мехостанд марзро дар минтақаи Тихуан убур кунанд. Хадамоти марзбониву гумрукии ИМА гуфт, ки гази ашковарро барои дифоъ аз худ ба кор бурданд. Марзбонҳо мегӯянд, ки муҳоҷирон ба тарафи онҳо санг партофтанд. Ба ғайр аз ин, онҳо хостанд якчанд кӯдакро аз монеаи марзӣ ба тарафи ИМА партоянд. Читать дальше...

Пекин барои ҳамоиш бо Тайван "тамоми чораҳо" - ҳифз мекунад

Ozodi.org 

Сӣ Ҷинпин гуфт, Чин аз истифодаи "тамоми чораҳо" алайҳи ҳамагуна нерӯе, ки ба ҳамошии осоиштаи Чин бо Тайван муқовимат мекунад, даст намекашад. Раҳбари Чин рӯзи 2 январ дар як изҳорот гуфт,  шубҳае нест, ки ин ҳамоиш сурат мегирад. Ӯ аз мардуми ҳарду тарафи халиҷи Тайван даъват кард, ки барои расидан ба ин ҳадаф талош кунанд. Рӯзи 1 январ президенти Тайван Тсай Инвен аз Чин даъват кард, ки барои ҳалли мушкили дуҷониба танҳо аз роҳи мусолиҳатомез кор бигирад.  Ӯ дахолати Чин ба рушди сиёсӣ ва... Читать дальше...

Пайдо шудани пораҳои "Чакан"-и мутааллиқ ба қарнҳои 2-3-и пеш аз милод

Ozodi.org 

Бостоншиносони тоҷик якҷо бо гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияиФархори ҳаммарз бо Афғонистон пораҳои матои "Чакан"-ро пайдо карданд, ки ба қарнҳои (2-3-и) пеш аз милод рост меояд. Азизулло Муродов, мудири Осорхонаи ноҳияи Фархор чоршанбе 2-юми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин матоъ дар ковишҳои солҳои гузашта аз бадани ҷасади як духтари 11-12-сола аз мавзеи Уртабуз пайдо шуда буд. Муродов гуфт, ки барои дақиқ кардани таърихи ин матоъ онро барои ташхис ба Русия бурда буданд. Ӯ мегӯяд... Читать дальше...

Шоумен ва продюсери Украина довталаби курсии президентӣ шуд

Ozodi.org 

Шуомен ва продюсер Владимир Зеленский эълон кард, ки дар интихоботи президентии Украина иштирок мекунад. Ӯ бо ин эълон аз тариқи шабакаи телевизионии 1+1 ба мурдуми Украина муроҷиат кард. Муроҷиати Зеленский чанд дақиқа пеш аз фарорасии соли нав пахш шуд. Барои ин, шабака суханронии табрикотии президент Петр Порошенкоро ба вақти дигар гузаронд. Суханронии президент замоне пахш шуд, ки соли 2019 фаро расида буд. Зеленский гуфт, ки дар вазъияти феълӣ ҳар як сокини Украина се роҳ дорад. Якум - шеваи... Читать дальше...

Туркманистон фурӯши шаробро маҳдуд кард

Ozodi.org 

Қонуни нави Туркманистон, ки фурӯши шаробро маҳдуд мекунад, ба иҷро даромад.  Сар аз 1 январ фурӯши шароб дар ин кишвари асосан мусалмоннишин дар қатор, ҳавопаймо киштӣ ва муассисаҳои варзишӣ мамнӯъ шуд. Дарёфти шароб барои аҳолии 5,6 миллион нафарии Туркманистон дар иду ҷашнҳо низ мушкил мешавад, зеро шароб дар ин рӯзҳо ба фурӯш намебарояд. Сар аз соли 2021, рузҳои шанбе ва якшанбе машруботи алкоҳолӣ, ба ғайр аз бару ресторанҳо дигар дар ягон ҷо пайдо намешавад.  Тукманистон, кишваре, ки  феълан ба бӯҳрони иқтисодӣ... Читать дальше...


Музыкальные новости
Владимир Высоцкий

Лариса Лужина раскрыла, был ли у нее роман с Владимиром Высоцким





Персональные новости
#123ru.net

Холдинг Sunlight приглашает на работу геммологов





Трамп раҳбарони Конгрессро ба гуфтугӯи амнияти марз даъват кард

Ozodi.org 

Дар пасманзаро мушкили тасдиқи буҷа ва қисман қатъ шудани фаъолияи ҳукумати Амрико президенти ИМА Доналд Трамп раҳбарони ҳарду палатаи Конгрессро барои гуфтугӯи амнияти марз ба Кохи сафед даъват кард.  Ёварон рӯзи 1 январ гуфтанд, ки ҳашт раҳбари Конгресс рӯзи 2 январ дар брифинги Вазорати амнияти дохилии ИМА иштирок мекунанд. Маълум нест, ки оё дар байни раҳбарони Конгресс ва маъмурияти президент музокироти буҷа сурат мегирад ё хайр. Брифинг як рӯз қабл аз даъвати ҷаласаи аввали Конгресси нав... Читать дальше...

Теъдоди қубониёни таркиши Магнитогорск ба 14 нафар расид

Ozodi.org 

Теъдоди қурбониёни таркиш дар хонаи истиқоматӣ дар Магнитогорски Русия ба 14 афар расид. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 2 январ гузориш дод. Ҷасади қурбониҳоро аз зери оворҳои хонаи фурӯрафта берун оварданд. Сарнавишти 30 нафари дигар маълум нест. Имрӯз дар Челябинск рӯзи мотам эълон шудааст.  Дар Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯянд, ки ҷустуҷӯи одамон дар чаҳор баст идома дорад.  Кумитаи тафтишоти Русия фарзияи амали террористӣ дар Магнитогорскро рад кард. Изҳороти ин ниҳод дар ҳоле пахш шуд... Читать дальше...

Ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шоҳмоти фаврӣ

Ozodi.org 

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид ё шоҳмоти фаврӣ ва блитс ё шоҳмоти барқвор, ки аз 25-ум то 31-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бо пирӯзии шатранҷбозон аз Русия, Чин ва Норвегия ба поён расид.

Консул: "Ҷустуҷӯи модар ва се кӯдаки тоҷик аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта идома дорад"

Ozodi.org 

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯяд, корҳои ҷустуҷӯи барои пайдо кардани се кӯдаки тоҷик бо модарашон аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар Магнитогорск идома дорад.

Боздошти 3 ноболиғ дар Ҷӯибодом барои дуздӣ

Ozodi.org 

Се ноболиғи 12-13-сола ба иттиҳоми дуздии ҷӯмакҳои обгузар аз манзили як сокини деҳаи Ҷӯибодоми ноҳияи Рӯдакӣ, боздошт шудаанд. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки ин ноболиғон рӯзи 19-уми декабр ба ҳавлии истиқоматии яке аз сокинон ворид шуда, аз онҷо 669-адад ҷӯмакҳои обгузари "Винтел", ки арзиши умумиашон 18 ҳазору 211-сомонӣ мебошад, дуздиданд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Мақомоти пулис мегӯянд, пас аз он, ки соҳибхона мақомотро дар ҷараён гузоштанд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Тамбовские синхронистски заработали две медали на первенстве города Королёв


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Появилось «закулисное» видео Елены Рыбакиной


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о сохранении экологии Севастополя





Путин в России и мире
Москва

Первый пуск «Ангары-А5М» с Восточного запланирован в 2027 году


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: Западу неинтересны планы Киева по атаке на Крымский мост


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

К 100-летию Окуджавы драмтеатр представит зрителям спектакль



Москва

Школу на 950 мест построят на базе центра образования № 5 в Богородском округе

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net