123ru.net
World News in Tajik
Январь
2019

Новости за 09.01.2019

Нерӯҳои курд як ҷангҷӯи 22-солаи тоҷикро дар Сурия дастгир карданд

Ozodi.org 

Нерӯҳои курд дар Сурия аз боздошти Муҳаммад Давлат (Абу Мошаб Тоҷикӣ), шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ва узви гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, хабар доданд. Ҳамроҳ бо ӯ ҳафт ҷангҷӯи дигари ДИИШ дастгир шудаанд. Вебсайти нерӯҳои худдифои курдҳои Сурия рӯзи 9-уми январ навишт, ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” қасди ҳамла ба мардуми осоиштаро доштанд ва рӯзҳои 6 ва 7-уми январ дар ҷараёни амалиёти “Тӯфони ҷазира” дар Ҳоҷини Дейр-аз-Зор ба даст афтоданд. Бино ба феҳрасте, ки курдҳои Сурия нашр карданд... Читать дальше...



"Тоҷик Эйр" кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Масъулони "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст. Аммо кормандон аз он норозиянд, ки чанд моҳ боз маош нагирифтаанд.

Сафари Халилзод ба Афғонистон шуруъ шуд

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон бо ҳадафи шуруи музокироти сулҳ бо Толибон  сафари дуҳафтаинаеро ба Кобул ва дигар кишварҳои минтақа шуруъ кард. Сафари ӯ рӯзи 8-уми январ оғоз ёфт ва дар рӯзе, ки намояндагони Толибон гуфтанд, дар мулоқотҳои барномарезишуда дар бораи сулҳ дар рӯзҳои 9-ва 10-уми январ бо Халилзод ва дигар мақомоти амрикоӣ ширкат намекунанд. Қарор аст, фиристодаи Амрико ба Чину Покистон ва Ҳинд сафар кунад ва ин сафар то 21-уми январ идома меёбад. Залмай... Читать дальше...

Узбекистон раиси ширкати "Зеромакс"-ро озод кард

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон Миродил Ҷалолов, мудири ширкати “Зеромакс”- ро баъди 7 соли боздошти бидуни муҳокима озод кардаанд. Ҳамсари ӯ Фотима Ҷалолова ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳарашро рӯзи 8-уми январ баъди муҳокимаи якрӯзаи додгоҳӣ аз боздоштгоҳи Тошканд раҳо карданд.  Вай афзуд: Имрӯз ӯро озод карданд, ҳамон лаҳза хона омад. Мо бисёр хурсандем. Тақрибан 8 сол дар зиндон буд. Ман барои озодии шавҳарам аз раҳбари кишвар Шавкат Мирзиёев бисёр сипосгузорам. Ӯро ба тақаллуби молӣ ва аз худ кардани моликияти... Читать дальше...



Ширкати Apple истеҳоли iPhone-ҳои навро маҳдуд мекунад

Ozodi.org 

Ширкати Apple истеҳсоли iPhone-ҳои навро то 10 дар сад коҳиш медиҳад. Сомонаи Nikkei рӯзи 9-уми январ навишт, ки ширкат аз пойгоҳҳои таъминкунанда истеҳсоли камтари телефонҳои ҳамроҳи навъи XS Max, XS ва XR-ро дархост кард. Дар Apple ин хабарро шарҳ надоданд. Ин дувумин мавриди коҳиши истеҳсоли таҷҳизоти ширкат дар як соли охир аст.  Моҳи ноябри соли 2018 Apple тавлиди iPhone XR-ро маҳдуд карда буд. Аввали моҳи январи соли 2019 Apple аз кам шуданаи даромадаш хабар дод, ки дар 16 соли ахир собиқа надоштааст. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 9-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Айбномаи бародарзодаи муфтии Тоҷикистон иваз шуд Боздошти гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику узбек дар Магнитогорск Китобҳои пастсифатро аз фурӯш мегиранд Зиндагии 11 узви як хонавода дар қабристон

Рэпсароён ба ҷои "батл" ҳоло "мушоира" мекунанд

Ozodi.org 

Бо пешниҳоди мақомот дар Душанбе ба ҷойи "батл" -- рақобати пуртарафдори рэпсароҳо, "Маҳфили мушоира" роҳандозӣ шуд. Аз ин ба баъд ҳар ҳафта дар Душанбе "Маҳфили мушоира" баргузор мешавад, аммо мушоирони маҳфил шоиру адабиётшиносон нестанд. Дар ин мушоира рэпэрҳои тоҷик рӯйи саҳна бо ҳам тавассути рэп рақобат мекунанд.

Вазири пешини Исроил барои ҷосусӣ ба фоидаи Эрон 11 сол дар зиндон мемонад

Ozodi.org 

Собиқ вазири энергетикаи Исроил Гонен Сегев иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Эронро эътироф кард. Ӯ бо тафтишот созиши қабл аз додгоҳӣ имзо кард ва бар пояи он ба 11 соли зиндон маҳкум мешавад. Додгоҳ ин созишро бояд моҳи феврал тасдиқ кунад. Дар ин бора сомонаи newsru.co.il рӯзи 9 январ хабар дод. Ба маълумоти тифтишот, вазири пешин аз тарафи афсари истихбороти Эрон, ки соли 2012 дар сафорати ин кишвар дар Нигерия ба таври махфӣ кор мекард, истихдом шуд. Сиёсатмадор баъди истихдомаш, бо он ки Эрон шаҳрвандони Исроилро ба қаламраваш роҳ намедиҳад... Читать дальше...

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки коҳиши иқтисоди дунё бештар аз интизорот хоҳад буд

Ozodi.org 

Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣяшро дар робита ба рушди иқтисоди дунё дар соли 2019 аз рушди 3 дар сад ба 2,9 дар сад поён овард. Тамоюли коҳиши иқтисод ба Русия таъсир дорад, ки маҷмаи маҳсулоти дохилиаш то якуним дар сад боло хоҳад рафт. Ин 0,3% камтар аз пешгӯиест, ки Бонки Ҷаҳонӣ моҳи июл карда буд.  Ин муассисаи молӣ дар гузорише, ки рӯзи 8 январ бо номи "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон" пахш шуд, коҳиши сатҳи тиҷорати байналмилалӣ, кам шудани сармоягузорӣ ва афзоиши ташаннуҷ дар робитаҳои тиҷоратиро пешгӯӣ мекунад. Читать дальше...

Иттиҳоми бародарзодаи муфтии Тоҷикистон тағийр ёфт

Ozodi.org 

Айбномаи Муҳтадӣ Абдулқодиров, бародарзодаи муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, аз “ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ” ба “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ” иваз карда шудааст.

Полковники СНБ-и Узбекистон 16 сол ҳукми зиндон гирифт

Ozodi.org 

Сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии Узбекистон (СНБ) полковник Нодир Турақулов барои 16 сол аз озодӣ маҳрум ва 81 миллион сӯм (беш аз $9,7 ҳазор) ҷарима шуд. Ҳукм зоҳиран охири соли гузашта баромад, аммо ин хабар нав расонаӣ шуд. Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов, ки дар робита ба ин парванда бо қурбониён ва муфаттишон суҳбат кардааст, гуфт, "Додгоҳи олии Узбекистон Турақуловро бар асоси беш аз 10 банд, аз ҷумла сӯистифода аз мақом, порагирӣ ва қаллобӣ муҷрим эълон кард". Читать дальше...

Беш аз 20 сарбози Афғонистон дар наздикии марзи Туркманистон кушта шуд

Ozodi.org 

Ба иттилои манобеи расмӣ, ҷангҷӯёни "Толибон" ба дидбонгоҳҳои амниятӣ дар ғарби Афғонистон ҳамла ва 21 корманди пулисро куштаанд. Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, ҳамла шаби 6 январ дар ду дидбонгоҳи мухталифи вилояти Бодғис сурат гирифт, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст. Абдулазиз Бақо, раиси шӯрои вилояти Бодғис гуфт, 21 корманди пулис кушта ва 9 тани дигар маҷруҳ шуд. Ҳамзамон дар ин ҳамла 15 тан аз ҷангҷӯёни толиб кушта ва 10 каси дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар ҳамин ҳол Қори Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи толибҳо иддао кард... Читать дальше...

СММ ба духтари фирории саудӣ мақоми паноҳандагӣ дод

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид шаҳрванди Арабистони Саудӣ Раҳаф Муҳаммад ал-Қунуни 18-соларо, ки аз хонаводаи худ фирор кардааст, паноҳанда эътироф кард. Дар ин бора намояндагони Вазорати умури дохилии Австралия хабар доданд, ки Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон ба онҳо муроҷиат карда буд. Ҳукумати маҳаллӣ низ гуфт, "муроҷиатро ба шакли муқаррарӣ баррасӣ хоҳад кард". Пештар духтари саудӣ гуфта буд, ки ӯ раводиди Австралияро дошт ва мехост, аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кунад. Бародару падари духтар дар Тайланд қарор доранд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Фрэнк Синатра

Леонардо Ди Каприо сыграет Фрэнка Синатру в новом байопике Мартина Скорсезе





Персональные новости
Ильхам Алиев

Бакинское время Москвы // Ильхам Алиев летит к Владимиру Путину искать общие ответы на внешние вызовы





Боздиди дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз минтақаи Шинҷони Чин

Ozodi.org 

Як гуруҳи дипломатҳои хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 28 то 30 декабри соли 2018 бо даъвати ҳукумати минтақаи худмухтори Чин – Шинҷон ба шаҳрҳои Урумчӣ, Кошғар ва Хутан сафар карданд. Ба маълумоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ба гуруҳи дипломатҳо намояндагони 12 кишвар, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Индонезия, Кувайт, Малайзия, Покистон ва Тайланд шомил буданд. Дипломатҳо дар онҷо бо рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа... Читать дальше...

Сафири Тоҷикистон дар Ироқ расман ба кор сар кард

Ozodi.org 

Зубайдулло Зубайдов – сафири Тоҷикистон дар Кувайт – ҳамзамон ба ҳайси намояндаи кишвар дар Ироқ ба кор сар кард. Ӯ рӯзи 8-уми январ эътимодномаашро ба мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ироқ таслим намуд. Равобити дипломатии Тоҷикистону Ироқ соли 1995 оғоз ёфтааст, вале ҳарду кишвар дар қаламрави якдигар сафорати худро надоранд. Сафири Тоҷикистон дар Ироқ дар ҳоле ба кор оғоз кардааст, ки даҳҳо зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳо дар Бағдод мондаанд. Қаблан мақомот аз... Читать дальше...

Трамп дар паёми телевизиониаш аз девори амниятӣ пуштибонӣ кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нахустин паёми телевизиониаш  вазъ дар марзи Амрико ва Мексикаро буҳрони ҷиддии башарӣ номид. Ӯ аз қонунгузорҳои амрикоӣ даъват кард, ки бунёди девор дар марзи Мексикаро сармоягузорӣ кунанд ва ба "чархаи бепоёни ранҷ" хотима гузоранд. .   Ба гуфтаи президент дар марзҳое ҷанубӣ деворе зарур аст, ки аз қочоқи маводи мухаддир, қисман ба воситаи Мексика, ҷилвгирӣ кунад. Бунёди девор ҳамчунин пеши роҳи убури ғайриқонунии садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро, ки дар байни онҳо ҷинояткорон кам нестанд, мегирад. Читать дальше...

Эрдуғон изҳороти Болтон дар бораи Сурияро "иштибоҳи бузург" хонд

Ozodi.org 

Расонаҳои Туркия мегӯянд, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрикоро, ки ба Анқара сафар карда буд, ба нишонаи эътироз ба шартҳои Амрико дар бораи хуруҷи Амрико аз Сурия, лағв кард.

Зиндагии як хонавода мусалмон дар гӯристони насрониён

Ozodi.org 

Барои як зани солхӯрдаи тоҷик ва 10 узви оилаи ӯ, қабристони насрониён дар шаҳри Хуҷанд, макони зисти доимӣ шудааст. Дар тӯли 10 сол Ойдиной Қаршибоеваи 62-сола ва фарзандонаш ба зиндагӣ дар кулбаи канори гӯрҳо одат кардаанд

Спорт в России и мире
Москва

МФК «Динамо Пушкино» вошел в топ-8 команд Всероссийского футбольного турнира «Кубок Казани»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Вторая ракетка Казахстана опустилась в чемпионской гонке WTA


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

LG ЗАНИМАЕТ ЦЕНТРАЛЬНОЕ МЕСТО НА 37-М МЕЖДУНАРОДНОМ СИМПОЗИУМЕ И ВЫСТАВКЕ ЭЛЕКТРОМОБИЛЕЙ





Путин в России и мире
Москва

Площадь трех вокзалов в Москве переименуют


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко ограничил выплату дивидендов гражданам недружественных стран




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Байден заверил Зеленского в скорых поставках новых пакетов помощи


Навальный в России и мире
Москва

Патриарх Кирилл запретил в служении священника, проводившего панихиду по Алексею Навальному



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Оззи Осборн

Оззи Осборн во второй раз войдет в Зал славы рок-н-ролла



Москва

По факту поджога автомобилей в подмосковной Балашихе возбуждено уголовное дело

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net