Тоҷикистону Узбекистон ба баҳсҳои марзӣ нуқта мегузоранд
Гуруҳҳои кории Узбекистону Тоҷикистон тасмим доранд, то санаи 27-уми январ аломатгузории марзи ду кишварро ба анҷом расонанд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд. Ҳайати ҳукуматии Тошканд имрӯзҳо дар Душанбе қарор дорад.
Дар гузашта Тоҷикистону Узбекистон марзи ду тарафро комилан мушаххас карда буданд. Ҳамакнун ду тараф дар харита хатти дақиқи марзиро муайян мекунанд.
Созишномаи байни Тоҷикистону Узбекистон дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзӣ дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 марти соли 2018 имзо шуда буд.
Тоҷикистону Узбекистон 1332 километр марзи муштарак доранд.