Табиби тоҷик дар марги Мижгона Бобоҷонова гунаҳкор шуд
Як табиби тоҷик барои роҳ додан ба иштибоҳ, ки боис ба марги духтари дувоздаҳсола шудааст, ба сеюним сол ҳабси хонагӣ маҳкум гардид. Мақомоти Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Дониёр Шермуродов баъди адои ҷазо, якуним соли дигар аз ҳаққи машғул шудан ба кори пизишкӣ маҳрум шудааст.