Хуршед Носиров: "Ҳадафи тафтишҳо сиёҳ кардани раҳбарияти Эсхата буд"
Хуршед Носиров, яке аз моликон ва раиси собиқи Бонки Эсхата, гуфт, ки даъвои Бонки Миллии Тоҷикистон дар додгоҳ исбот нашуд. Соли гузашта Бонки Миллӣ иддао карда буд, ки тавассути Бонки Эсхата муомила "бо гурӯҳҳои террористӣ" ва "қочоқбарони маводи мухаддир" сурат гирифтааст.