Ҷон Болтон шартҳои хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Сурияро эълон кард
Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико эълон кард, ки хуруҷи нерӯҳои низомии он кишвар аз Сурия оҳиста-оҳиста сурат мегирад ва он ҳам ба шарте, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" шикаст хӯрда бошад ва Туркия замонат диҳад, ки аз ҳамла ба курдҳои Сурия худдорӣ менамояд.