Пирӯзии тарафдорони Пашинян дар интихоботи Арманистон
Ташаккули сиёсии Никол Пашинян -"Гоми ман", дар интихоботи Шӯрои бузургони Арманистон, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, беш аз 80 дар сади ройҳоро бо худ бурд. Аксари шореҳони сиёсӣ пирӯзии тарафдорони Пашиянро ҳамчун аломати эътимоди мардум ба ӯ маънидод карданд. Ширкати овоздиҳандаҳо дар интихобот 40 дар сад ҳисоб шудааст.
Дар шӯрои бузургони Арманистон ду ҳизб ворид мешавад, ки ҳарду ҳам аз ҳукумати феълӣ пуштибонӣ мекунад.
Ҳизби ҳокими пешин - ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихобот иштирок накард. Шаҳрдори собиқи пойтахти Арманистон Тарон Маргарян тобистони соли равон, баъди ба қудрат расидани Пашиян, аз мақомаш истеъфо дод.
Никол Пашиян ба думболи тазоҳуротҳои оммавӣ дар порлумон нахуствизр интихоб шуд.