123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2018

Новости за 03.09.2018

Экскватори 31000-долларӣ сӯхт. Боздошти як масъули "Нури Ховар"

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон сардори як шуъбаи корхонаи “Нури Ховар” (собиқ “Заря Востока”)-ро дар шаҳри Истиқлол (Табошаҳри собиқ) боздошт кардаанд. Ин нафар, ки дар ҳоли ҳозир аз ӯ ном бурда намешавад, ба исрофкорӣ ва расондани тақрибан 300 ҳазор сомонӣ (беш аз 31 ҳазор доллар) зиён ба корхона муттаҳам аст.

ФСБ дар ҳалокати Захарченко Украинаро гунаҳкор кард

Ozodi.org 

Раҳбари хадамоти маълумоти оперативии ФСБ-и Русия Сергей Беседа рӯзи 3-юми сентябр гуфт, ки дар куштори раҳбари ба истилоҳ ҷумҳурии худгардони Донетск Александр Захарченко хадамоти махсуси Украина даст дорад. Ба гуфти ӯ, коршиносони Хадамоти федеролии амнияти Русия, ки барои кумак дар таҳқиқи куштори Захарченко ба Донетск рафта буданд, ба ин натиҷа расиданд. "Ба назари мо ин дақиқан ҳамин тавр аст", - гуфт Беседа. Хадамоти амнияти Украина ин иттиҳомро рад мекунад. Ин ниҳод бо исрор мегӯяд, ки... Читать дальше...

Ду зани ҳамҷинсгаро дар Малайзия барои ишқварзӣ шаллоқ хӯрданд

Ozodi.org 

Ду зани мусалмони ҳамҷинсгаро дар Малайзия барои кӯшиши ишқварзӣ дар дохили мошин ба 6 зарбаи шаллоқ маҳкум шуданд. Додгоҳи яке аз аёлатҳои шимолии Малайзия ин ду занро барои нақзи қонуни шариат муҷрим эълон кард. Ба ғайр аз ин, ҳар яке аз ин занҳо бояд ба маблағи се ҳазор ринггити малайзӣ - баробар ба 800 доллари амрикоӣ - ҷарима супоранд. Номи ин занҳо ошкор нашудааст, танҳо маълум аст, ки яке 32 ва дигаре 22-сола аст. Пулис онҳоро моҳи апрели имсол боздошт карда буд. Ин аввалин муҷозот ба занҳои ҳамҷинсгаро дар Малайзия аст. Читать дальше...



ВКХ: Хабари даргузашти зани туркмане дар навбати визаи Тоҷикистон ҳақиқат надорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки хабари гӯё дар навбати виза дар назди сафорати ин кишвар дар Ашқобод (Ишқобод) даргузаштани як зани туркман ҳақиқат надорад. Раёсати иттилоот ва таҳлили ВКХ Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи дар навбати тӯлонӣ бад шудани ҳолати як зани миёнасол воқеан ҳам ҷой дошт. Ин ҳодиса “чанд ҳафта пеш рух дод”, гуфт як масъули вазорат. Ба иттилои ӯ, “дар муддати чанд рӯз системаи компютерии додани визаҳо дучори мушкили техникӣ шуд ва ин ҳодиса бо гармии беш аз 40-дараҷаӣ рост омад. Читать дальше...

ВКХ: Хабари марги як зани туркман дар навбати визаи Тоҷикистон ҳақиқат надорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки хабари гӯё дар навбати виза дар назди сафорати ин кишвар дар Ашқобод (Ишқобод) даргузаштани як зани туркман ҳақиқат надорад. Раёсати иттилоот ва таҳлили ВКХ Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи дар навбати тӯлонӣ бад шудани ҳолати як зани миёнасол воқеан ҳам ҷой дошт. "Ин ҳодиса чанд ҳафта пеш рух дод”, - гуфт як масъули вазорат. Ба иттилои ӯ, "дар муддати чанд рӯз системаи компютерии додани визаҳо дучори мушкили техникӣ шуд ва... Читать дальше...

Тифли 8-килоӣ бо шири ду модар бузург мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш моҷарои таваллуди ӯ ба достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.



Ҷамолиддин Убайдуллоев ба Макрон эътимоднома супурд

Ozodi.org 

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, ба раиси ҷумҳури он кишвар Эммануэл Макрон эътимоднома супурд. Ин маросим рӯзи 31-уми августи имсол дар Қасри Элисей баргузор шуд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, баъди ин маросим Ҷамолиддин Убайдуллоев бо Эммануэл Макрон суҳбати кутоҳ карда, паёми президент Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расондааст. Аммо ҷузъиёт дода нашудааст, ки ин паём аз чӣ иборат буд. Ду тараф ҳамчунин масъалаи робитаҳои Тоҷикистону Фаронсааро баррасӣ карда, ба зарурати густариши ҳамкориҳо таъкид кардаанд. Читать дальше...

Украина барои ворид шудан ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо омода мешавад

Ozodi.org 

Президент Петро Порошенко тарҳи таъғирот ба Қонуни асосиро дар порлумон сабт кард, ки ба ҳамоиши Украина бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо рабт мегирад. Дар ин бора намояндаи президент дар порлумони Украина Ирина Лутсенко дар ҷаласаи ҷиноҳои порлумонӣ, кумитаҳо ва гурӯҳҳои намояндагони мардумӣ дар Рада хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, агар таъғирот қабул шавад, масъулияти порлумон, президент ва кабинети вазирони Украина дар ин раванд бо қонун муаян хоҳад шуд. Порошенко ҳамчунин пешниҳод кард, аз Қонуни асосӣ бандеро бардоранд... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 3-уми сентябри соли 2018

Ozodi.org 

Мошинҳои Тоҷикистондар марзи Туркманистон банд мондаанд, барои саёҳони кушташуда муҷассама гузоштанд, тифли 8 килоӣ шири ду модарро мехӯрад,Эрдуғон дар Қирғизистон аз хатари Гулен гуфт ва эътирози ҳазорҳо нафар дар Русия барои ислоҳоти нафақа.

Кӯдаки ҳашткилоӣ бо шири ду модар бузург мешавад

Ozodi.org 

Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш моҷарои таваллуди ӯ ба достони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.

Дар Данғара муҷассамаи дучархаро гузоштанд

Ozodi.org 

Дар макони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон муҷассамаи дучарха гузошта шуд. Дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июли имсол дар деҳаи Себистон чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта шуда, ду нафари дигар осеб диданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Аммо мақомот ангушти иттиҳоми худро ба сӯи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дароз карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ин ҳизб зери пӯшиши парчами гуруҳи “Давлати исломӣ” ҳамларо анҷом додааст.

Меҳдӣ Каррубӣ гуфт, ба ҷои "ситоиш" Хоманеиро ҷавобгӯ кунанд

Ozodi.org 

Як ислоҳотталаби саршиноси Эрон аз Маҷлиси хубрагон, ки бояд бар фаъолияти Раҳбари Олии ин кишвар Оятулло Алӣ Хоманеӣ назорат кунад, даъват кард, ки ба ҷои"ситоиш"и беандоза ӯро ҷавобгӯ кунанд. Рӯҳонии ислоҳотталаб Меҳдии Каррубӣ, ки аз соли 2011 таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад, гуфт, Маҷлиси хубрагон бояд Хоманеиро барои сиёсати се даҳсолааш, ки Эронро ба чунин ҳолати "таассуфовар"расонд, ҷавобгар кунад.  Каррубӣ изҳороти худро дар як номаи боз дарҷ кард, ки рӯзи 2 сентябр дар сомонаҳои мухолифини Эрон нашр шуд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Баста

Звездные разборки: Stigmata в Твери, новая песня Полины Гагариной и дуэт певицы MONA и Басты





Персональные новости
Петербург

«Кот в мешке» на «Юмор FM – Санкт-Петербург»





Ба бонувони журналист ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева тақдим мешавад

Ozodi.org 

Рӯзи 8 сентябр, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон  дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба бонувони хабарнигор баргузор мешавад. Муаллифи озмуни беҳтарин журналистони зан - Эътилофи бонувони журналист аст,  ки ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева дар се бахш тақдим мекунад: ҷоизаҳо барои рушди журналистика, барои беҳтарин маводи чопӣ ё онлайнӣ, беҳтарин гузориши радиоӣ ё телевизионӣ тақдим хоҳанд шуд. Ҳар як барандаи озмун бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ мешавад ва... Читать дальше...

Як паноҳҷӯи афғон барои куштори духтари 15-сола дар Олмон зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи Олмон як паноҳҷӯро, ки мегӯяд аз Афғонистон аст ва дархости паноҳандагиаш ҳам рад шудааст, бо ҷурми куштори духтари 15-сола ба муддати ҳаштуним сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчун ноболиғ мурофиа карданд, зеро гуфта мешавад ӯ эҳтимолан аз 15,5 то 20 сол дорад. Гуфта мешавад, ки духтари ноболиғ дӯстдухтари қаблии ин ҷавон будааст. Ин қазияест, ки нерӯҳои ростгаро онро дар маъракаи зидди муҳоҷират истифода карданд.  Марди маҳкумшуда, ки мақомот ӯро Абдул., Д муаррифӣ карданд, эътироф кард, ки духтарро... Читать дальше...

Мянмар ду хабарнигори Reuters-ро барои таҳқиқи куштори Роҳинҷа зиндонӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Мянмар рӯзи 3 сентябр ду хабарнигори Reuters-ро бо ҷурми нақзи қонун дар бораи асрори давлатӣ ба се сол зиндонӣ кард. Сардабири хабаргузорӣ Стивен Адлер ин рӯзро барои рӯзноманигорони Мянмар ва матбуот дар саросари ҷавон "ғамангез" унвон кард. Шарвандони Мянмар Ва Лона ва Сое Оо моҳи декабр вақте, ки онҳо куштори мусалмонҳои Роҳинҷаро дар аёлати Ракхайн таҳқиқ мекарданд,  боздошт карданд. Ба гуфтаи тафтишот, хабарнигорон ба маводи сиррӣ дар бораи масири ҳаракати артиш дастрасӣ пайдо карданд. Читать дальше...

Садамаи чархбол дар Сибир се пилотро кушта ба ҷой гузошт

Ozodi.org 

Ҳукмати Русия мегӯяд, ки бар асари садамаи як чархбол дар Сибир се сарнишин кушта шуд. Бахши минтақавии Вазорати фавқулоддаи Русия дар Сибир рӯзи 3 сентябр гуфт, ки ҷасади пилотҳои МИ-8 дар  минтақаи дури вилояти Иркутск ошкор шуд. Ба гуфтаи вазорат, чархболи ширкати давлатии Angara-Airlines, ки маъмурияти нақшабардориро иҷро мекард,  рӯзи 2 сенятябр аз экрани радарҳо нопадид шуд. Садамаи Сибир ҳамзамон бо суқути чархбол МИ-8 дар Афғонисон ҷараён гирифт. Ин чархбол, ки онро Вазорати дифои Афғонистон аз ширкати Молдова иҷора гирифта буд... Читать дальше...

Дар Қирғизистон Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо шуруъ шуд (видео)

Ozodi.org 

Дар ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон сеюмин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо шуруъ шуд. Ин чорабинӣ то 8 сентябр идома мекунад. Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо тарҳи байналхалқии Қирғизистон аст, ки аз соли 2012 ба ин тараф баргузор мешавад. Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад, тавассути эҳёи анъанаҳои кӯчиҳо ба рушди сайёҳӣ ва варзиши кӯчиҳо мусоидат кунад. Дар Бозиҳои навбатии кӯчиҳо 1,5 ҳазор варзишкор аз 66 кишвари дунё ширкат мекунанд. Дар маҷмуъ 594 медал - 174 тило, 173 нуқра ва 247 биринҷӣ тақдим карда хоҳад шуд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

"Спартак" сыграет с "Динамо" в 1/2 финала Пути Регионов Кубка России


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Появилось «закулисное» видео Елены Рыбакиной


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Поможем природе вместе — творческий конкурс экоподелок «Турбозавров» и детского познавательного телеканала О!





Путин в России и мире
Москва

IV Конгресс молодых ученых пройдет 20-22 ноября в Сириусе | Новости науки


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

У помощника Лукашенко по общим вопросам нашли три квартиры в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

В Киеве обвинили Зеленского в неспособности добиться нового пакета помощи от США


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Ивлеева

Анастасию Ивлееву обвиняют в дискредитации армии России



Москва

Указ подписан. Пенсионеров, доживших до 66 лет, ждет сюрприз с 19 апреля

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net