"Об" ва дигарҳо. Коргардонҳои ҷавони афғон дар Тоҷикистон филмҳои худро намоиш доданд
Дар Душанбе маросими намоиши шаш филми сохтаи коргардонҳои ҷавони афғон баргузор гардид. Дар намоишгоҳи якрӯзаи “Филмҳои донишҷуёни Кобул” филмҳое аз дардҳои имрӯзи ҷомеаи Афғонистон ба намоиш гузошта шуд.