Маҷористон решаҳояшро дар Осиёи Марказӣ пайдо кард
Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан қавл дод, ки равобити танготангро бо Қирғизистон ва дигар давлатҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ба роҳ мемонад.
Орбан рӯзи 4 сентябр ҳамроҳ бо президент Ҷеенбеков ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, боиси ифтихор аст, ки ӯ ба ҳайси аввалин нахуствазири Маҷористон бо сафари расмӣ ба Қирғизистон омад.
"Маҷористон маншаи худро ба ёд меорад. Аврпуо моро шарқитарин одамони ғарбӣ ҳисоб мекунад, вале ҳамзамон моро бегона медонад, зеро мо дар онҷо аҷдод надорем. Маҷористон решаҳои фарҳангии худро пайгирӣ хоҳад кард",- гуфт Виктор Орбан ва афзӯд, ки сафараш ба Бишкек "босамар" буд.
Орбан президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбековро ба Маҷористон даъват кард ва ҷиҳати кӯмакаш барои дастёбии Маҷористон ба Шӯрои давлатҳҳои туркзабон изҳори сипос намуд.
Шӯрои давлатҳои туркзабон моҳи октябри соли 2009 бо ибтикори Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия таъсис ёфт. Президентҳои чаҳор давлат рӯзи 3 сентябр дар мавзеи истироҳатии Чолпон-Атаи Қирғизистон ҷамъ шуданд.
Виктор Орбан ва Шавкат Мирзиёев дар нишасти Шӯрои туркзабонҳо ҳамчун "меҳмон"-и ифтихорӣ иштирок карданд.