"Оби набот"-у "гулобӣ": Дар Душанбе иди тарбузу харбуза барпо шуд. ВИДЕО
Ҳудуди 100 тонна тарбузу харбуза ва дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар иди сайри харбуза дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Тарбузу харбузаи намоишгоҳ маҳсули кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ буд.