Як паноҳҷӯи афғон барои куштори духтари 15-сола дар Олмон зиндонӣ шуд
Додгоҳи Олмон як паноҳҷӯро, ки мегӯяд аз Афғонистон аст ва дархости паноҳандагиаш ҳам рад шудааст, бо ҷурми куштори духтари 15-сола ба муддати ҳаштуним сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчун ноболиғ мурофиа карданд, зеро гуфта мешавад ӯ эҳтимолан аз 15,5 то 20 сол дорад. Гуфта мешавад, ки духтари ноболиғ дӯстдухтари қаблии ин ҷавон будааст. Ин қазияест, ки нерӯҳои ростгаро онро дар маъракаи зидди муҳоҷират истифода карданд.
Марди маҳкумшуда, ки мақомот ӯро Абдул., Д муаррифӣ карданд, эътироф кард, ки духтарро 27 декабри соли 2017 дар назди дорухонаи шаҳри Кандел бо корд кушт. Додситонҳо мегӯянд, ки ӯ духтарро аз рашк куштааст.
Ҳукми додгоҳи шаҳри Ландау рӯзи 3 сентябр ба думболи эътирозҳои охири ҳафтаи тарафҳои мухолиф бар сари баҳси муоҳоҷират дар шаҳри Чемнитз содир шуд.
Дар эътирози рӯзи 1 сентябри шаҳри Чемнитз нерӯҳои ростгаро ҳудуди 8 ҳазор нафарро ҷамъ оварданд, ки аз ҳамлаи маргбор ба як мард, ки онро гӯё як суриягӣ ва як ироқӣ содир кард, хашмгин буданд.
Полис мегӯяд, ки теъдоди тазоҳургарони мухолифи гурӯҳҳои зидди муҳоҷират дар Чемнитз ба 3 ҳазор баробар буд.