Мянмар ду хабарнигори Reuters-ро барои таҳқиқи куштори Роҳинҷа зиндонӣ кард
Додгоҳе дар Мянмар рӯзи 3 сентябр ду хабарнигори Reuters-ро бо ҷурми нақзи қонун дар бораи асрори давлатӣ ба се сол зиндонӣ кард. Сардабири хабаргузорӣ Стивен Адлер ин рӯзро барои рӯзноманигорони Мянмар ва матбуот дар саросари ҷавон "ғамангез" унвон кард.
Шарвандони Мянмар Ва Лона ва Сое Оо моҳи декабр вақте, ки онҳо куштори мусалмонҳои Роҳинҷаро дар аёлати Ракхайн таҳқиқ мекарданд, боздошт карданд. Ба гуфтаи тафтишот, хабарнигорон ба маводи сиррӣ дар бораи масири ҳаракати артиш дастрасӣ пайдо карданд. Ин санадҳоро ба хабарнигорон ду корманди пулис дод. Хабарнигорон мегӯянд, ки онҳо гунаҳкор нестанд. Ба гуфтаи Reuters, яке аз ин ду корманди пулис дар додгоҳ бар зидди хабарнигорон шоҳидӣ дод.
Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврпуо аз мақомоти Мянмар даъват карданд, ки хабарнигоронро озод кунанд.
Моҳи августи соли 2017 дар пайи зуроварии низомиёни Бирма ҳазорҳо мусалмони Роҳинҷа аз маконҳои зисти худ ба Бангладеши ҳамсоя фирор карданд. Мақомоти Мянмар саркубии мусалмонҳоро рад мекунанд ва мегӯянд онҳо ба шӯришгарони Роҳинҷа муқовимат карданд.
СММ ахиран гуфт, ки дар маъракаи саркӯби мусалмонони Роҳинҷа дастикам 10 ҳазор нафар кушта шуд. Дар гузориши СММ раҳбари мулкии Мянмар, барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Су Чӣ танқид шудааст, ки натавонист зимоми низомиҳорор дар даст нигаҳ дорад.