Борис Ҷонсон аз шаҷараи ҷасади мумиёшудаи Базел будааст
Олимони шаҳри Базели Швейтсария шахсияти ҷасади мумиёшудаи занеро муайян карданд, ки соли 1975 дар калисои Ордени бародарони пойбарҳнаи кармелитӣ (Barfusser Church) ошкор шуда буд. Ин занро дар назди меҳроб гӯронида буданд ва либосе, ки дар тан дошт, ба ашрофзода буданаш далолат мекард.
Замони марги ин зан дар санги рӯи қабраш дарҷ нашудааст, аммо маълум шуд, ӯ бар асари заҳролудшавӣ аз симоб фавтидааст.
Дар натиҷаи ташхиси DNA ва кор дар бойгониҳо олимон шахсияти занро 99% маълум карданд. Ин зан Анна Катарина Бишофф буда, соли 1787 дар Базел аз дунё гузашт.
Таҳқиқи шаҷараи генеологӣ маълум кард, ки ҷасади мумиёшуда аз гузаштагони дури вазири корҳои хориҷии Британия Борис Ҷонсон аст. Яке аз духтарони Бишофф ба барон Пфеффел издивоҷ кард, ки аз аҷдоди Ҷонсон ҳисоб мешавад.
Худи Борис Ҷонсон то ҳол ба ин кашфиёт вокуниш накардааст. Ҳарчанд ӯ боре дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Би-би-сӣ Пфеффелҳоро "гулҳои сари сабади ҷомеа" унвон карда буд.
Олимон ҳамчунин машаххас карданд, Анна Катарина бо роҳибе издивоҷ кард ва ҳангоми кумак ба беморон эҳтимол ба маризии сифилис гирифтор шуд. Нишонаҳои симоб дар устухонҳои зан аломатест, ки ӯро хостанд бо ҳамин васила табобат кунанд. Сатҳи баланди симоб дар ҷисми ӯ ба мумиё шуданаш кумак кард ва имкон дод, ки олимон ҳувияташро шиносоӣ кунанд.