Табибон: "Зуҳуров дар бахши эҳёгарӣ, аммо вазъаш мӯътадил аст"
Пайвандону дӯстони генерал Саидамир Зуҳуров баъди ду рӯзи бо сактаи мағзӣ дар бемористон бистарӣ шудани ӯ мегӯянд, ки раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ҳамоно дар утоқи эҳёгарӣ қарор дорад ва вазъи ӯ “муътадил" арзёбӣ мешавад.