Нигаронии Озодӣ аз баста шудани намояндагиаш дар Исломобод
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз баста шудани дафтараш дар Покистон ибрози нигаронӣ кард.
Вазорати корҳои дохилии Покистон рӯзи 19-уми январ дастури баста шудани намояндагии Радиои Озодӣ дар Исломободро дод. Ҳукумати Покистон ин иқдомро пас аз он гирифт, ки идораи истихбороти ин кишвар бахши покистонии Радиои Озодиро ба нашри гузоришҳои зиддиҳукуматӣ муттаҳам намуд.
Дар фармони Вазорати умури дохилии Покистон гуфта шудааст, ки Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, Исломободро ба унвони паноҳгоҳи амни террористон ва шӯришиёни дигари мусаллаҳ муаррифӣ кардааст.
Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар мавриди ин иқдоми ҳукумати Покистон ибрози нигаронии шадид кард. Ӯ дар як изҳороти расмӣ гуфт, “журналистони мо шаҳрвандони Покистон ҳастанд, ки ба кишвари худ содиқанд. Онҳо ҳамроҳи хонаводаи худ дар маҳалле зиндагӣ мекунанд, ки аз онҷо гузориш медиҳанд. Мо талаб мекунем, амнияти онҳо таъмин ва барои азсаргирии фаъолияташон иҷозат дода шавад”.
Радиои Машъал як ниҳоди хусусии нашаротист, ки аз тарафи Конгресси Амрико ҳимояти молӣ мешавад.