Зодаи Русия ҷурми тарконидани автобуси футболбозони Олмонро эътироф кард
Як зодаи Русия, ки шаҳрвандии Олмонро дорад, ҷурми кӯшиши тарконидани автобуси футболбозони тими "Боруссия"-ро эътироф кард. Сергей В., гуфт, касеро куштан намехост ва аз ин амали худ пушаймон аст. Додгоҳи Дортмунд қазияи ӯро рӯзи душанбе баррасӣ кард, вале номи пурраи ӯро нагуфт.
Сергей В., гуфт маводи тарканда тавре сохта шуда буд, ки ба касе осеб намерасонд. Ӯ аз рӯи 28 банд ба суиқасд бо ҳадафи куштор, бо истифода аз таркиш муттаҳам шуд. Додситон гуфт, ки моҳи апрели соли 2017 муттаҳам даст ба ҷиноят зад то фоидаи молӣ ба даст биёрад. Ӯ дар ростои ҳабси якумрӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи додситон, таркиши автобус бояд саҳмияҳои тими футболи "Боруссия Дортмунд"-ро поён мебурд ва Сергей В., аз сармоягузориаш ба ин тим баҳра мебардошт. "Боруссия Дортмунд" ягона тими футболи Олмон аст, ки саҳмияҳояш дар бозори бурс ба фурӯш гузошта мешаванд.
Муҳандиси барқ Сергей В., ба қарордодҳои тим $26 ҳазор евро сармоягузорӣ кард ва мехост бо роҳи таркиш арзиши саҳмияҳоро коҳиш диҳад то $500 ҳазор евро фоида бигирад.
Дар вақти таркиш футболбози испанӣ Марк Бартра ва як ходими пулис захм бардошт. Се бомбаи худсохт, ки ӯ дар роҳи ҳаракати автобус гузошт, баъди дур шудани автобус аз меҳмонхонаи "Дортмунд" мунафаҷир шуд. Тими Боруссия Дортмунд озими бозии лигаи қаҳрамонҳои УЭФА алайҳи Монако буд. Сергей В., бомбаҳои худсохтро аз фосила мунфаҷир кард.