Пентагон ба марзи Мексика 5 ҳазор сарбоз мефиристад
Пентагон барои фиристодани панҷ ҳазор сарбоз ба ҷануби ғарби Амрико - ба марзи ин кишвар бо Мексико - омодагӣ мебинад. Ин тасмим дар робита ба наздикшавии корвони паноҳандагон гирифта шудааст, ки ният доранд, ҳаққи иқоматро дар ИМА пайдо кунанд. Корвон ба марзи ИМА наздик мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, 5 ҳазор сарбоз баробари се яки шумори умумии кормандони гумруки Амрикост, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолият мекунанд. Вазорати дифои ИМА ибтидои соли ҷорӣ наздики 2 ҳазор сарбоз ба марзи Мексика фиристода буд. Читать дальше...