Толибон бо мақомоти Чин мулоқот карданд
Толибон гуфтанд, ки ҳайате ба раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар, аз ҳаммуассисони ин гурӯҳи ҷангӣ, дар Пекин бо мақомоти Чин гуфтугӯ кардааст. Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон дар як изҳороташ тавассути Твиттер 28-уми июл навишт, ки “сиёсат, иқтисодиёт ва ҳам масоили марбут ба амният дар ҳарду кишвар ва ҳам вазъи феълии Афғонистон ва ҷараёни сулҳ дар ин нишаст баррасӣ шудааст”.
Сафари дурӯзаи ҳайати Толибон ба Чин дар ҳолест, ки юриши ҷангиёни ин гурӯҳ дар саросари Афғонистон, ки бо Чин ҳаммарз аст, тавсеа меёбад ва хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар идома дорад. Ҷангиёни ин гурӯҳ нуқтаҳои зиёди марзӣ, аз ҷумла дар марз бо Тоҷикистонро зери назорати худ даровардаанд ва талошҳои дастёбӣ ба натиҷа дар музокироти сулҳ бо Толибон дар Қатар ҳам то ҳол натиҷа надодааст.
Дар изҳороти вазорати хориҷаи Чин омадааст, ки Ван И, вазири хориҷаи Чин ба Толибон гуфтааст, Пекин тамомияти арзии Афғонистонро эҳтиром мекунад. Наим гуфт, Толибон Чинро мутақоид карданд, ки иҷоза намедиҳанд, то Афғонистон ба ҳайси пойгоҳи гурӯҳҳое ба муқобили кишварҳои дигар истифода шавад.