123ru.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 28.07.2021

Се коргари Алимардонов "ба Русия фирор кардаанд". Ҳакимов аз "усули духела" гуфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фирори се ҳамкори Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини "Агроинвестбонк", ки ба "тасарруфи 52 миллион сомонӣ" гумонбаранд, баҳсҳоро дар мавриди бархӯрди духела бо муттаҳамон бештар кардааст.

Таҷаммӯи садҳо кас дар Фотеҳобод (Ойбек). Мардум хоҳони боз шудани роҳи заминӣ ба Узбекистон ҳастанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Садҳо нафар рӯзи 28-уми июл дар гузаргоҳи Фотеҳобод (Ойбек), марзи Тоҷикистону Узбекистон, ҷамъ омада, хоҳони гузаштан аз сарҳад шуданд. Иддае аз онҳо гуфтанд, ки тавассути Узбекистон ба Русия рафтанӣ ҳастанд ва агар таъхир кунанд, ба қавли шаҳрванд Доро Ҳоҷиматов, билеташон "месӯзад".

Довари тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 сабқати боксро ҳакамӣ мекунад

Ozodi.org 

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи бокс, дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 рақобатҳои муштзанҳоро ҳакамӣ мекунад. Зимнан, ин дар замони истиқлолияти Тоҷикистон бори аввал аст, ки як намояндаи ин кишвар ба Бозиҳои олимпӣ ба ҳайси довар даъват шудааст. Мансур Муҳиддинов аз ҷониби гурӯҳи вижаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо оид ба бокс даъват шуда буд. Ӯро дар баробари 36 нафар ба рӯйхати ҳакамони бокси Олимпиадаи Токио-2020 дохил карданд. Читать дальше...



Афсари собиқ мегӯяд, бо ваъдаи афв баргашт, вале зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Муҳриддин Эмомов-афсари собиқи Оҷонсии зидди маводи мухаддир ва Раёсати умури дохилии шаҳр Душанбе, рӯзи 7 июл дар шаҳри Бохтар боздошт шудааст. Ин боздоштро мақомот шарҳ надодаанд, аммо наздикони ӯ мегӯянд, Эмомов барои бознашри матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба "тундгароӣ" айбдор мешавад.



Озарбойҷону Арманистон дар ҳодисаи ахир ҳамдигарро гунаҳгор карданд

Ozodi.org 

Озарбойҷону Арманистон, ки тирамоҳи порсол як ҷанги шашҳафтаинаро дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ пуштисар карданд,  дар тирандозии ахир ҳам ҳамдигарро гунаҳгор намуданд. Ереван гуфт, ки дар ҳодисаи рӯзи 28 июл се сарбози вазорати дифои ин кишвар куштаву ду нафар захмӣ шуданд. Вазорати дифои ин кишвар гуфт, ки нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон “бори дигар бо амали таҳрикомези худ муқаррароти оташбасро дар қисмати шимолушарқи сарҳади Арманистону Озарбойҷон вайрон карданд” ва ба сӯи ҳадафҳои Арманистон оташ кушоданд. Читать дальше...

Полис манзили сардабири The Insider-ро ҷустуҷӯ кард

Ozodi.org 

Чанд рӯз баъди “агенти хориҷӣ” номгузорӣ шудани вебсайти The Insider, полис субҳи 28 июл манзили сардабири ин расона Роман Доброхотовро ҷустуҷӯ кард. Доброхотов дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки полис субҳ ба хонааш омад. Дар бораи рейди полис инчунин ҳамсари журналист ба гурӯҳи ҳуқуқии ОВД-инфо хабар дод, вале баъди ин телефони ӯ хомӯш шуд. Ба иттилои ин гурӯҳ, адвокат Оксана Опаренко ба хонаи Доброхотов равона шуд. Ба иттилои База, полис инчунин хонаи волидони журналистро кофтуков кардааст. Дар як навори видеоӣ дида мешавад... Читать дальше...

Толибон бо мақомоти Чин мулоқот карданд

Ozodi.org 

Толибон гуфтанд, ки ҳайате ба раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар, аз ҳаммуассисони ин гурӯҳи ҷангӣ, дар Пекин бо мақомоти Чин гуфтугӯ кардааст. Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон дар як изҳороташ тавассути Твиттер 28-уми июл навишт, ки “сиёсат, иқтисодиёт ва ҳам масоили марбут ба амният дар ҳарду кишвар ва ҳам вазъи феълии Афғонистон ва ҷараёни сулҳ дар ин нишаст баррасӣ шудааст”. Сафари дурӯзаи ҳайати Толибон ба Чин дар ҳолест, ки юриши ҷангиёни ин гурӯҳ дар саросари Афғонистон, ки бо Чин ҳаммарз аст... Читать дальше...

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд барои ҷойи панҷум бо Мозамбик рақобат мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи  байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкоки Тайланд дар гурӯҳи “В” мақоми севумро касб намуд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақибони мунтахаби кишвар дар гурӯҳи "В" тимҳои миллии Эрон, Миср ва Литва буданд. Ҳар се даста иштироккунандагони Ҷоми ҷаҳонии футзал дар соли 2021 мебошанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими миллии Миср бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Читать дальше...

Созишномаи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ниҳоӣ мешавад

Ozodi.org 

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки созишномаи марбут ба нафақаи муҳоҷиронро ба имзо расонанд. Дар ин бора дар портали иттилооти ҳуқуқӣ хабар дода шудааст. Тибқи санади нашргардида, Михаил Мишустин бо имзои фармон ба Вазорати меҳнат ва вазорат корҳои хориҷии Русия супориш додааст, ки барои имзои созишномаи нафақа бо Тоҷикистон гуфтушунид кунанд. Бар пояи қарордод, ҳар ду ҷониб ҳаҷми нафақапулиро барои муҳоҷирон вобаста ба андози иҷтимоие, ки дар давоми солҳои корӣ дар ин кишварҳо супоридаанд, таъйин хоҳанд кард. Читать дальше...

Мӯҳлати эмкунӣ бо "Модерна" маълум шуд

Ozodi.org 

Аз имрӯз дар Тоҷикистон эмгузаронии саросарии сокинони аз 18-сола боло бо ваксаинаи амрикоии "Модерна"  шурӯъ мешавад. Вазорати тандурустӣ ба пойгоҳи Your. Tj гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд барои моякубӣ бар зиддӣ бемории Ковид-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Тоҷикистон аз Амрико рӯзи 26-уми июл дар доираи кӯмаки башардӯстона 1,5 млн дона воя ваксинаи "Модерна"  дарёфт кард, ки барои 13 фойизи аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин қарор аст, имрӯз 2 миллион ваксинаи чинии "Коронавак"  низ ба Тоҷикистон ворид гардад.

Ҷудочии эронӣ барои Муғулистон медали олимпӣ овард

Ozodi.org 

Саид Муллоии эрониасл, ки дар бозиҳои Олимпии Токио аз Муғулистон намояндагӣ мекунад, барои ин кишвар медали нуқра овард. Муллоӣ 29 сол дорад ва дар рақобати рӯзи 27 июл дар миёни мардони гурӯҳи 81-килоӣ аз намояндаи Ҷопон Таканори Нагасе мағлуб шуд. Муллоӣ соли 2018 унвони қаҳрамони ҷаҳонро бурд ва ду сол пеш Эронро тарк кард. Сабаби чунин қарори ӯ ин шуд, ки ба ӯ амр доданд дар Ҷоми ҷаҳонии ҷудо ба хотири фирор аз рақобат бо варзишгари исроилӣ Саги Муки махсус аз ӯ мағлуб шавад. Дар натиҷаи ин қарор... Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Лоза

Композитор Лоза назвал полупустой зал на концерте Александра Серова сигналом





Персональные новости
Григорий Лепс

Телефон раздора: что грозит Лепсу за удар по смартфону фанатки





Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ба 1,1 млрд сомонӣ расидааст

Ozodi.org 

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" дар ним соли ҷорӣ 279 миллион сомонӣ бештар шудааст.  Маъмурияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" рӯзи 27-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, ширкати "Барқи тоҷик" ҳамагӣ 33 дарсади пули барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳро пардохт мекунад. Аз ин рӯ, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ним соли равон боз ҳам 297 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 89 миллион сомонӣ расидааст.   Тавре аз ҷадвали нашркардаи маъмурият бармеояд... Читать дальше...

СБП аз пешрафти иқтисод ва тафовути кишварҳои дорову нодор дар баробари воксина гуфт

Ozodi.org 

Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар як пешбиниаш барои соли 2022 гуфтааст, иқтисоди ҷаҳонро соли оянда пешрафт интизор аст, вале айни замон, тафовути амиқ дар заминаи дастрасӣ ба воксинаи зидди COVID дар кишварҳои дорову нодор то рафт боло меравад. СБП дар гузорише, ки рӯзи 27 июл бар асоси  навсозии гузориши моҳи апрели имсолааш нашр кард, мегӯяд, “дастрасии кишварҳо ба воксина ба як хати калидии ихтилофу тафовути байни кишварҳо  табдил мешавад”, ки, ба қавли ин ниҳод, ба барқарории иқтисоди ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳад шуд. Читать дальше...

Оҷонсӣ: Се корманди ширкати "Баракат"-и Парда Алимардонов ба хориҷ фирор кардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки се корманди гуруҳи ширкатҳои "Баракат", вобаста ба Парда Алимардонов -- бародари Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини "Агроинвестбонк", аз кишвар фирор кардаанд. Онҳо дар тасарруфи даҳҳо миллион сомонӣ муттаҳам мешаванд.

Нигарониҳо аз паҳншавии "Делта" боиси маҳдудиятҳои нав мешавад

Ozodi.org 

Президент Ҷо Байден ва маъмурияти он дар андешаи ҷорӣ кардани муқаррароти ҳатмии эмкунӣ бар зидди COVID-19  барои кормандони сохторҳои федеролии ИМА мебошанд, дар ҳоле, ки Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои ин кишвар машварат додааст, ки амрикоиҳои эмшуда дар бархе маконҳои ҷамъиятӣ дубора пӯшидани ниқобҳои тиббиро риоя кунанд.  Ҳанӯз моҳи май ин ниҳод иҷоза дода буд, ки нафарони эмшуда метавонанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни  ниқоби тиббӣ бигарданд. Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки нигарониҳо... Читать дальше...

Байден гуфт, ҳамлаҳои рахнагарон метавонад ба "ҷанги воқеӣ" бибарад

Ozodi.org 

Президент Ҷо Байден зимни изҳори назар дар мавзӯи ин ки Русияву Чин ба амнияти миллии ИМА таҳдид мекунанд, ҳушдор дод, ки ҳамлаҳои рахнагарӣ ба ИМА метавонад боиси сар задани “ҷанги воқеӣ” гардад. Байден, ки рӯзи 27-ми июл дар назди сохторҳои иктишофии кишвар суханронӣ мекард, тахмин зад, ки “агар кор то ба ҷанг бирасад – ба ҷанги воқеӣ бо қудратҳои азим, ин як паёмади ҳамлаҳои рахнагарӣ мешавад”.  Байден ба ҳамлаҳои афзояндаи ҳакерӣ ишора кард, ки моҳҳои охир алайҳи сохторҳои давлативу ширкатҳои саноатии ИМА равона шуда... Читать дальше...

Беларус TV Belsat-ро “тундгаро” номид

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Беларус  телевизиони Belsat-ро, ки бо сармоягузории Полша кор мекард, “тундгаро” номид. Бастани дафтари ин телевизион дар Беларус як тадбири дигари мақомот дар амри саркӯби матбуоти озод ва ҷомеаи маданӣ мебошад. Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи 27 июл гуфт, ки ба ҳар нафаре, ки хабарҳои Belsat-ро паҳн мекунад, ҷарима ваё ҳукми ҳабс таҳдид мекунад. Ин телевизион яке аз маъруфтарин пойгоҳҳои хабарии мухолифон аст, ки таҳаввулот дар Беларуси таҳти назари раҳбари худкома Александр Лукашенкоро аз наздик пайгирӣ мекунад. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

"Спартак" сыграет с "Динамо" в 1/2 финала Пути Регионов Кубка России


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Андреева победила Подороску на старте турнира WTA в Руане


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

HTX Ventures сотрудничает с Core Venture Network для расширения возможностей инноваторов Core Chain





Путин в России и мире
Москва

IV Конгресс молодых ученых пройдет 20-22 ноября в Сириусе | Новости науки


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

У помощника Лукашенко по общим вопросам нашли три квартиры в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

В Киеве обвинили Зеленского в неспособности добиться нового пакета помощи от США


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Денис Мацуев

Денис Мацуев представил музыкальный фестиваль в Ставрополе



Москва

На месте «Крокус Сити Холла» были могильные курганы вятичей

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net